Хабарҳо

 

 

 

 

Апрел 2024

 

 
Мубодилаи асъор

1 USA

с.

1 EURO

с.

1 RUBL

с.

 

Маълумот

Сомонаҳои мо:
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

E-mail:
azim_84@mail.ru
timur-ibodov@mail.ru

Телефон:
(992) 93-459-99-52
(992) 98-803-30-10

 

 

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ноҳияи Шуғнон

Ноҳияи Шуғнон яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27-уми октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Шуғнон рустои Миденшор аст, ки 15 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар каронаи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад.

Ҷойгоҳ

Ноҳияи Шуғнон дар миёни қаторкӯҳҳои Рӯшон ва Шуғнон воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Рӯшон, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва дар ғарб бо вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шарқи ноҳияи Шуғнон ба ғарби он рӯди Ғунд гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезад.

Ноҳияи Шуғнон ҳудудан 5000 км² масоҳат дорад.

Бахшбандӣ

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шуғнон 7 ҷамоат дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Рӯшон

Ҷамоат

Шумораи Рустоидҳо

Аҳолӣ

Ванқалъа

18

5 165

Вер

9

4 690

Дарморахт

4

2 588

Навобод

11

5 772

Поршинев

9

7 430

Сохчарв

5

2 452

Сучон

13

7 344


Идора

Сарвари ноҳияи Шуғнон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шуғнон - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Шуғнон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Таърих

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, Шуғнону Рӯшон дар гузашта як сарзамин буда Шуғнон ном доштаанд.

Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Шуғнон сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа ва вулусволии афғонии Шуғнон дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Шуғнон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.

Шуғнон дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Поршинев менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Шуғнон бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Замоне ҳам Шуғнону Роштқалъа як ноҳия буданд.