Бохтар

Ноҳияи Бохтар— яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳраки Бохтар аст ки 15 км ҷанубтар аз шаҳри Қурғонтеппа ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ Ноҳияи Бохтар бо сарзамине 1101,4 км? дар дараи рӯди Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Ҷомӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Сарбанд ва ноҳияи Вахш, дар ғарб — бо ноҳияи Хуросон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Румӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Мардум Мардуми Бохтар ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Бохтар 173 439 тан ҷамъият дошт.  

Ҳукумат Сарвари ноҳияи Бохтар Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Бохтар Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Бохтар барои 5 сол интихоб мекунанд.  

Таърих Ин ноҳия 7 январи соли 1944 бо номи ноҳияи Октябр дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. 6 январи соли 1965 онро ноҳияи Коммунистӣ номиданд. Дар оғози солҳои 1990 ин ноҳия ба ёди подшоҳии Балх бо Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Бохтар номида шуд.