Чкаловск

Таърих  Сохтмони шаҳри Чкалов соли 1949 оғоз гардида буд. Дар аввал он танҳо маркази саноати ё ин ки маркази коркарди уран ҳисоб мешуд ва он номи корхонаи калонеро, ки дар ин ҷо кор мекард, дошт. Дар вақти пеш ин шаҳр - шаҳри махфи ба ҳисоб мерафт барои он, ки дар ин ҷо заводи коркарди атом арзи вуҷуд дошт. Худи Курчатов асосгузори ин корхонаи коргарди атом ба ҳисоб меравад. Аввал ин шаҳр Сотсгород ном дошт ва баробари сохтмони кохона сохтмони шаҳри нав низ оғоз гардид. Дертар номи шаҳрро бо номи олими бузурги рус Курчатовск номгузори кардани буданд, вале азбаски, шаҳр махфи ба ҳисоб мерафт, ба он номи ҳавонаварди қаҳрамон Чкаловро гузоштанд.