Исфара

Ноҳияи Исфара — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳри Исфара аст ки 108 км шарқтар аз шаҳри Хуҷанд дар каронаи рӯди Исфарасой ҷойгир аст. Аз Исфара то Душанбе 410 км роҳ аст. 

Ҷойгоҳ  Ноҳияи Исфара бо сарзамине 835,9 км2 дар доманаи кӯҳсори Туркистон дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Фарғонаи Узбакистон, дар шарқ ва ҷануб — бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва дар ғарб — бо ноҳияи Конибодом аз бахшҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст. 

Мардум Мардуми Исфара ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Исфара 222 600 тан ҷамъият дошт.

Ҳукумат Сарвари ноҳияи Исфара Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Исфара Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Исфара барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод Ноҳияи Исфара 20 корхонаи саноатӣ, 392 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 368 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 4,3 ҳазор га, аз ҷумла 4,3 ҳазор га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу (картошка) аст.

Таърих Ин ноҳия 31 январи соли 1927 дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Узбакистон таъсис ёфта аст. Дар моҳи октябри соли 1929 бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон шуд.