Мастчоҳ

Ноҳияи Мастчоҳ — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳраки Бӯстон аст ки 56 км шимолу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Бӯстон то Душанбе 360 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ Ноҳияи Мастчоҳ бо сарзамине 4712,3 км? дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Тошканди Узбакистон, дар шарқ ва ҷануб — бо ноҳияи Ғафуров ва дар ғарб — бо ноҳияи Спитаман аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст. 

Мардум Мардуми Мастчоҳ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Мастчоҳ 101 ҳазору 700 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 101,8 кас дар км2 буд[3].

Ҳукумат Сарвари ноҳияи Мастчоҳ Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Мастчоҳ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Мастчоҳ барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод Ноҳияи Мастчоҳ 9 корхонаи саноатӣ, 1070 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 1060 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 24025 га, аз ҷумла 22482 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[6].

Иқтисод Ноҳияи Исфара 20 корхонаи саноатӣ, 392 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 368 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 4,3 ҳазор га, аз ҷумла 4,3 ҳазор га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу (картошка) аст.

Таърих Ин ноҳия 26 ноябри соли 1956 дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

 
Ноҳияи Исфара бо сарзамине 835,9 км2 дар доманаи кӯҳсори Туркистон дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Фарғонаи Узбакистон, дар шарқ ва ҷануб — бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва дар ғарб — бо ноҳияи Конибодом аз бахшҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.