Мӯъминобод

Ноҳияи Мӯъминобод — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. 

Маркази ин ноҳия шаҳраки Мӯъминобод аст. 

Ҷойгоҳ Ноҳияи Мӯъминобод бо сарзамине 2386Ӯ9 км2 дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ҷой дорадӯ Дар шимол бо ноҳияи ХовалингӮ дар ғарб — бо ноҳияи КӯлобӮ дар ҷануб — бо ноҳияи Шӯрообод аз ноҳияҳои вилояти ХатлонӮ дар шарқ — бо ноҳияи Дарвоз аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз астӯ  

Мардум Мардуми Мӯъминобод ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Мӯъминобод 63 242 тан ҷамъият дошт.  

Таърих Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Мӯъминобод бахше аз вилояти Кӯлоб гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Кӯлоб дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд.  

Ноҳияи Мӯъминобод расман дар 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб таъсис ёфт. 29 декабри соли 1973 ноҳияи Ленинград номида шуд 29 июни соли 1991 бо Қарори № 318 Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Мӯъминобод номида шуд.