Соли нав

Соли нав - зимистон рӯзи 1-уми январ мисли дигар давлатҳои ғарб ҷашн гирифта мешавад. Соли Нав баҳорон ҳамчун Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Соли Нав 

Соли нав - яке аз қадимтарин идҳост,ки инсоният ҷашн мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри Қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он “Ибтидои соли нав” сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро ки танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил дар он шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд. 

Римиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд. Муддати дарозе римиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи қайдгирии Соли нав рӯзи якум моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дагараш ба пеш ба соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар тӯҳфаҳо мекарданд; ғуломону хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Римиёни сарватманд ба император тӯҳфаҳо мекарданд. Аввалҳо ин кори ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар Соли нав худашон тӯҳфа даъво мекарданд. 

Императори Рим Калигула рӯзи якуми Соли нав ба майдони назди қасраш мебаромад ва аз раияташ дӯҳфаҳо мегирифт. Ӯ дар дафтаре қайд мекард, ки кӣ чандто ва чӣ дод.

Дар Бобулистони Қадим Соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор – шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона бар мегаштанд ва халқ низ ба кори худаш бармегашт. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд. 

Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) Соли навро дар охири моҳи октябр ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар Соли нав арвоҳи мурдагон аз нав зинда мешуда бошад. Келтҳо аз римиён бисёр урфу одатҳоро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раияташон тӯҳфаҳо меситониданд. Одатан тиллову ҷавоҳирот тӯҳфа мекарданд. Пас аз чандин асрҳо малика Елизавета I як маҷмӯаи калони дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдорро ҷамъ оварда буд.  

Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна дар ибтидои моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Қарори парлумон оиди рӯзи ҷашнгириро ба 1 январи соли 1752 гузарониданд ба занҳо хуш наомад. Намояндагони занон ба назди сухангӯи парлумон омада иброз доштаанд, ки парлумон ҳуқуқ надорад занҳоро ин қадар зиёд рӯз калонтар кунад.

Дар замони қадим Соли навро аксари вақт дар баҳор ҷашн мегирифтанд, зеро ки ин дар ин давра табиат аз нав зинда ва мешуд. Дар Русия низ Соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеъи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1 сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Ва танҳо дар соли 1699 Пётр I баъд аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсусаш солшумориро аз 1 январ сар кунонд ва ин рӯзро рӯзи ид хонд. 

Урфу одатҳои солинавӣ 

Тайёрӣ ба ҷашнгирии Соли Нав дар ҳар як оила чанд рӯз пеш аз ид сар мешавад. Одамон хонаҳоро оро медиҳанд, дарахти арча мегузоранд, ва мизи идона мегустуранд.

Масалан, ҷопониҳо хӯрокро аз маҳсулоте тайёр мекунанд, ки ба ақидаи онҳо хушбахтӣ меорад: аз карами баҳрӣ (шодӣ), аз лӯбиёву нахӯд (саломатӣ), аз моҳии ҷӯшонидашуда (оромиву рӯҳбаландӣ) ва ғайраҳо.

Дар рӯи мизҳои идонаи Австрия, Венгрия, Югославия қариб, ки ягон хӯрокеро аз гӯшти паранда вохӯрдан номумкин аст – аҳолии ин кишварҳо чунин мешуморанд, ки хушбахтӣ метавонад парида равад. 

Дар шаби соли нав кубагиҳо, испаниҳо, португалиҳо бояд 12 донаи ангурро бихӯранд, - 12 орзуе, ки бояд ҳар яке дар як моҳ ҷомаи амал пӯшад, зеро ангур дар ин халқҳо рамзи фаровонӣ ва хушбахтии оилавӣ мебошад. 

Чормағз, мош ва ангур барои итолиёвиҳо рамзи саломатӣ, комёбиҳо ва дарозумрӣ мебошанд. Дар Русия бошад қариб ҳар як мизи идонаро пирогҳо, карамшӯрбо ва таомҳо аз моҳӣ оро медиҳанд. Дар Словакия ва Чехия дар мизи идона ҳатман карам бо ҳасиб, моҳӣ, шӯрбои занбӯруғӣ, печенйеи асалӣ бо шир бояд бошанд. 

Иди Соли Навро дар Фаронса метавон иди "сафедиҳо" номид. Дар рӯи миз шамъдонҳои сафед бо шамъҳои сафед, меваҳои тару тозаи бо шакар рӯйкашшуда гузошта мешаванд. Дар Италия ҳам таомҳои анъанавии солинавӣ ҳастанд. Масалан, дар Болоня, ин пироги гӯштӣ бо қаймоқ, ки номаш тортелинист, мебошад. 

Дар Лаҳистон ба мизи ҳатман бо дастархони сафед орододашуда, 13 намуди хӯрок гузошта мешаванд. Хӯроки солинавӣ бо шӯрбо аз моҳӣ ё замбӯруғ сар мешавад, баъд паси ҳам: карам бо занбӯруғ, пирожки, моҳӣ бо соуси ширин ва ғ.-ро меоранд. Аз ҳама охир печенйе, шарбат ва меваҷот ба дастархон гузошта мешаванд.