Вахш

Ноҳияи Вахш яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст. Маркази ин Ноҳия шаҳри Вахш аст.

Ноҳияи Вахш— яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. 

Маркази ин ноҳия шаҳраки Вахш аст ки 25 км ҷанубтар аз шаҳри Қурғонтеппа ҷойгир аст. 

Ҷойгоҳ Ноҳияи Вахш дар водии Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Сарбанд, дар шарқ — бо ноҳияҳои Данғара ва Фархор, дар ғарб — бо ноҳияи Бохтар ва дар ҷануб — бо ноҳияи Румӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.  

Мардум Мардуми Вахш ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Вахш 124 828 тан ҷамъият дошт.  

Ҳукумат Сарвари ноҳияи Вахш Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Вахш Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Вахш барои 5 сол интихоб мекунанд.

Таърих Ин ноҳия 7 январи соли 1944 дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.