Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Набӣ Хазрӣ


Агар дар ситоиши Мирзо Турсунзода ҳарф занем, ин чунин маънӣ дорад, ки мо дар хусуси як давраи томи адабиёти советӣ сухан меронем, ки ӯ симои бузурги он буд. Вай бо шеъри худ дили оламу оламиёнро тасхир кард. Дар як мақолаи хурд аз ин хусус батафсил сухан рондан чӣ душвор аст!
Агар дар ситоиши Мирзо Турсунзода ҳарф занем, ин чунин маънӣ дорад, ки мо дар хусуси арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятии мамалакатамон сухан меронем, ки дар адбиёт байрақи партиявият ва халқиятро баланд ва боифтихор барафроштааст.
Агар дар ситоиши Мирзо Турсунзода ҳарф занем, ин чунин маънӣ дорад, ки мо дар хусуси устоди меҳрубон ва сахтгири як насли томи нависандагон сухан меронем. Ман хушбахтам, ки дасти меҳрубонии ӯ маро навозиш кардааст.
Мехостам чанд саҳифа хотиротамро варақ гардонам… Вохӯрии нахустин…
Бист сол қабл… Он вақт ӯ ҳамагӣ панҷоҳсола буд. Ба чашмам бовар намекардам! Ба ӯ чун ба худованде дида медӯхтем. Мо замоне ба Самад Вурғун ҳамин тарз менигаристем, ки Мирзо Турсунзода ӯро «бародарам» мегуфт.
Меҳрубонӣ офтобро монад. Оё касе аз офтоб мепурсад, ки синну солаш ба чанд расидааст. Вай саховатмандона нурпошӣ мекунад, месӯзад ва ба олам рашанӣ мебахшад. Ва саховати офтоб бетамаъ ҷовидонист!
Ҳамагӣ панҷоҳ сол ҳадде, ки мо аллакай аз он гузаштаем, вале ба мисли ӯ хирад ва камол наёфтаем.
… Ин вохӯрӣ дар Карлови Варии Чехословакия ба вуқӯъ пайваст. Боре, як пагоҳии моҳи сентябр ман ӯро дар ошёнаи якуми шифохонаи «Империал» вохӯрдам. Ӯ бо ҳамон табассуми меҳрубонона ва тоза ба худаш хос ба истиқболи ман омад. Субҳи моҳи сентябрь аз табассуми ӯ гӯё равшантар шуд. Ва ман дар ин лаҳза мусофир буданамро батамом фаромӯш кардам. Дар паҳлӯям оқсақол, устод ва донишманд истода буд.
Мо ба сари чашма ҳамроҳ, аксар вақт аз пайроҳа мефуромадем. Вай оҳиста роҳ мерафт. Кам гап мезад, аммо аз сидқи дил, бо завқ, кӯдаквор механдид.
Ман аз дил гузаронидам: агар кас кушодадилии бачагӣ, ҳатто соддадилиашро гум накунад, пас вай ҳамсифати тозаю рӯҳбахши аввалаашро аз даст нахоҳад дод.
Боре ман ба ӯ гуфтам:
– Устод, ман ба шумо бисёр ҳасад мебарам.
– Аз кадом ҷиҳат? Аз он, ки ман аллакай Мирзо–Оқсақол шудаам?
– Не, Мирзо – муаллим… ман аз он ҳасад мебарам, ки Шумо Низомиро ба забони худаш мехонед.
– Ҳа, Набӣ, аз ин ҷиҳат ҳасад бурдан мумкин. Низомӣ на фақат фарзанди бузурги Озарбойҷон, балки фарзанди башарият аст. Умуман, назми Шарқ ибтидои равнақи маънавиёти тамоми башар аст. Вақте ки Фирдавсию Низомии бузург шеър менавиштанд, Аврупо дар роҳи маънавиёти худ парвози таърихиеро интизор буд. Охир, ин парвоз ба вуқӯъ пайвастааст? Ва ин парвози зебои хирад ва ҳиссиётро давраи ренессанс номиданд, ки мо бояд Шарқро падари маънавии он ҳисобем
Чашмони оташбори вай саршори илҳом буданд ва ӯ гуфт:
– Ман на фақат Низомиро бо забони худаш мутолиа мекунам, балки бо ҳамон забон шеър мегӯям.
– Албатта, Мирзо–муаллим. Шумо хушбахттарини хушбахтҳо. Аз ин фахр бояд кард!
Сари чашма ҳамеша серодам аст.
Одамон оҳиста гашту гузор карда, оби шӯру шифобахши чашмаи Карлови Вариро аз дӯлчаҳои гарданкаҷи рангин батаамул менӯшанд. Мегӯянд, ки ин чашмаҳои гарм ва дӯлчаҳои дасти одамон дар зимистон аз худ ҳавр мебароранд. Одамон гӯё дар оғӯши тумани бухоршудаи афсонавӣ шино мекунанд. Мо ҳам ба ҳамин маром қадамзанон оби дӯлчаҳоямонро холӣ кардем.
Ва Мирзо–муаллим оҳиста ва бо мулоимат гуфт:
– Баъзан ман бисёр ғамгин мешавам, Набӣ. Мо, дӯстон, чор тан будем: Самад Вурғун, Александр Фадеев, Николай Тихонов ва ман. Чандин бор ҳамроҳ ба Озарбойҷон рафтаем. Аллакай Саша нест, Самад ҳам моро барвақт падрӯд гуфт. Хайрият, Коля Тихонов ҳаст! Бе дӯст зиндагӣ душвор. Вақте ки одамони бузург аз қайди ҳаёт мегузаранд, замин биёбонро мемонад.
Чашмони вай боз меҳрубонона дурахшиданд.
– Бо Самад ҳамеша воқиаҳои ғалатӣ рӯй медод.
Вай марди зарофатгӯй, ҳозирҷавоб ва донишманд буд. Боре мо ба конфренцияи Вроцлав мерафтем. Ба мо хабар доданд, ки пагоҳӣ моро дар Минск ботантана истиқбол мегиранд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба истгоҳ наздик шуда будем, ки садои мусиқӣ баланд шуд. Ман саросема Самадро бедор кардам:
– Самад, бедор шав ! Ба Минск расидем!
– Бародар, мон каме хоб кунаму қувват гирам.
– Чӣ? Қувват гирӣ?
– Бале. Медонӣ, Шарқ асрҳо дар хоб буд. Аз ҷумла додою бобоҳои мо низ. Ва баногоҳ бедор шуда, чӣ инқилобе кард!..
Ҳар ду хандидем. Лаҳзае пас моро дӯстони белорусиамон самимона ба оғӯш мекашиданд. Самад пешопеш роҳ мерафт, хурсанду меҳрубон буд. Чаро ман ин хотиротро ёдовар шудам? Давоми ин воқеа ғалатӣ аст. Гузашта аз ин, воқиаи хурсандиоварест. Дар Конференсияи Вроцлав вакили халқи зангӣ баромад кард. Ҷавон ва ҷасур буд. Аз мағзи ҷон гап зада, бо дастонаш ҳаракатҳои зебо мекард. Ман ба Самад нигаристам. Вай бисёр бодиққат гӯш мекард! Тамом ба ваҷд омада буд.
Вақте ки мо ба меҳмонхона меомадем, Самад пурсид:
– Дидӣ, бародар?
– Чиро?
– Зангиро мегӯям.
– Ҳа, дидам.
– Вай ҳам қарнҳо дар хоб буд. Дидӣ, чӣ хел бедор шудааст? Дар дили ӯ кину адовати халқ ба қиём омадааст.
Дар чеҳраи Самад як ҳисси ба ташвиши илҳом монанд ҳувайдо буд. Вай гоҳ мӯйлабҳои сафедашро ҳамвор мекард, гоҳ ба дастони зангимонандаш мӯи сафеди мавҷнокашро мемолид. Баъд ӯ як мисраи ба тозагӣ эҷод кардаашро хонд.
Ин байт оғози бисёр хуби достони ӯ – «Овози зангӣ» буд. Достон, ки комьёбии тамоми адабиёти советӣ гардид, дар пеши назари ман таваллуд шуд.
Сонӣ Мирзо–муаллими илова намуд:
– Ҳа, дар саҳифаҳои сафед мисраъҳои нахустин иншо мешуданд. Дар ин лаҳзаҳо қалб ба парвоз меояд. Ин лаҳзаҳо фаромӯшношуданианд! Охир, гапи одамон комилан дуруст аст: яке аз масъалаҳои муҳим барои нависанда эҷодкорона сиёҳ кардани саҳифаҳои сафед аст. Чӣ хел нависад? Нависанда як умр барои дарёфтани сухани самимӣ ҷаҳд мекунад. Баъзан ҳатто метарсад, ки қалам ба даст гирад. Охир, саҳифаҳои сафед ҳам мисли даштест, ки онро саросар барф пӯшидааст… ба ин дашт бо чӣ бояд ҳарорату равшанӣ бахшад? Вақте ки мурод ҳосил мешавад, ту хушбахттарин инсони рӯи оламӣ.
Саргарми сӯҳбат мо худро дар боғи шаҳр дидем, ки ҳама ҷо сабзу хуррам буд, оби кӯлмакчаҳо пурдурахш буданд.
Ман дар лаби ҷӯйборе менишастем. Маҷнунбедҳо кокулони дарозу нозуки худро бар об ҳамоил карда, рӯи оинагуни онро бӯса мезаданд. Дар об паррандаҳои зебои ба ман шиносу шиновар буданд.
Баногоҳ Мирзо–муаллим хурсандона нидо кард:
– Нигоҳ кун! Қувони сиёҳ!
Ман бо таҳайюр дидам, ки дар миёнҷои об ду қу шинокунон ҷониби мо меоянд. Ду қӯи сиёҳ! Ман онҳоро бори нахуст медидам. Қу будани онҳоро танҳо аз рӯи минқори қаҳраборанг ва андому рафтори табии бисёр зебояшон шинохтан мумкин буд. Онҳо оҳиста, хушхиром ва бовиқор шино мекарданд. Гӯё шаъну эътибори онҳо маҳз аз андому рафтори бисёр хубашон пайдо буд.
Қувони сафед бовиқор шино мекарданд.
Овози зангӣ бовиқор садо медод.
Ҳамаи ин дили маро ба шӯр оварданд.
Қувон – Суруди Вопасин!
Шино кун, қуи сиёҳ!
Гап зан зангии сиёҳ!
Суруди Вопасин ту ғул–ғул андоз!

Баногоҳ ман овози меҳрубон ва пурнавозиши Мирзо–муаллимро шунидам. Гӯё ӯ саҳл оҳ кашид:
– Ин пагоҳӣ дар рӯи мизи ман як саҳифаи холӣ монд. Ҳарчанд зӯр задам, муроде ҳосил нашуд, навишта натавонистам. Саҳифаи сафед рӯзи барҳадар рафтаро мемонад.
Ман пурсидам, ки ӯ дар сари чӣ кор аст.
Ҷавоб дод, ки ғазал менависад.
Бале, ин ҳамон айём буд, ки ӯ бо ҷӯшу хурӯши қалби ҷавон, бо меҳру муҳаббат ҳаёти навро дар ин жанри классикӣ тараннум мекард. Ғазалҳои ин устоди шеър тамоман ба оҳанги нав замзама мешуданд.
Баъди андак сукут ӯ илова кард:
– Намуди зоҳирӣ чизи дигар ! Муҳимтар он чиз, ки кас нависад! Ҳарчанд ки сару либос ҳам аҳамият дорад. Аммо аз ҳама муҳимаш дил, дили инсон! Бигзор дилҳо ҳар чи бештар ба хурӯш оянд, бигзор дар дунё шумораҳои саҳифаҳои сафед ҳар чӣ камтар шаванд.
Қувони сафед шинокунон ба мо хеле наздик шуданд.
Чашмони сиёҳи Мирзо–муаллим барқ мезаданд!
Саҳифаҳои сафед аз ӯ фикрҳои баланпарвозро интизор буданд
* * *
Ҳа, як саҳифаи хотирот варақ гашт. Аммо ҳисоби ин хотираҳо чӣ қадар бошад? !
Мирзо–муаллим дар минбари съезд. Ин марди начандон болобаланди минбарнишини уқоби теғаи кӯҳро мемонад.
Сайру саёҳатҳо дар зодгоҳи устод – республикаи бародарии Тоҷикистон. Барои хуб донистани шоир ӯро дар зодгоҳаш дидан лозим аст. Ман ӯро дар Ҳисори азизаш дидам, ки мӯйсафедону кӯдакон бо ифтихор ба ӯ менигаристанд. Ӯро ба оғӯш кашида, мебӯсиданд. Кӯдакон ӯро миёнагир мекарданд. Вай сари онҳоро сила мекард, ҳар хел суханони азизу меҳрубон мегуфт.
Вай дар издиҳоми одамон омехт ва қариб номаълум шуда рафт.
Охир бузургии инсон дар хоксории ӯст.
Ман шеърхонии ӯро дар институти педагогии Душанбе дар байни нозанинҳои ҳайратфизои Тоҷикистон шунидаам. Вай зоҳиран ким чӣ хел ором, вале ботинан бо овози дил шеър мехонд.
Ман ӯро борҳо дар Озарбойҷони азизам дидаам. Соли 1965 дар республикаи мо Рӯзҳои адабиёти тоҷик мегузаштанд. Мутаассифона ман дар ин маърака имкони ширкат варзидан надоштам.
Рӯзе ба хонаи ман дӯстам Мӯъмин Қаноат – ҳоло котиби якуми правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шогирди арзандаи Мирзо–муаллим занг зад.
– Устод туро дидан мехоҳанд.
Мо вохӯрдем. Ҳамдигарро оғӯш кашидем.
Қувони сиёҳ ёдовар шуданд. Саҳифаҳои сафед ёдовар шуданд. Охир, ҳақ бар ҷониби Пушкини бузург, ки гуфтааст: «Ёддоштҳо – бузургтарин истеъдоди дили моянд».
Вақте ки аз ҳамдигар ҷудо мешудем, Мӯъмин Қаноат роҳравон ба ман гуфт:
– Мо бо маслиҳати устод барои ту тӯҳфаи хоксоронае пешкаш карданием.
Ин тӯҳфа барои ман воқеаи тамом фаромӯшношуданӣ буд.
Дар шаби хотимавии рӯзҳо, ҳунарпешаи машҳури тоҷик (ёдаш ба хайр) марҳум Маҳмуд Воҳидов, ки ҳамон вақт дар ҷодаи санъат акнун қадам мезад, вале қадамҳояш бисёр устувор буданд, бо овози нарму ширадори ҳайратангезаш шеъри ман – «Дақиқаи хомӯшӣ дар Пер–Лашез»–ро хонд.
Шеърро гӯшкунон намедонистам ба дӯстонам ва қабл аз ҳама ба Мирзо–муаллим чӣ зайл изҳори минатдорӣ намоям.
Магар ҳамин гуна ғамхорӣ дар ҳаққи на танхо адибони ҷавони республикаи худ, балки республикаҳои дигар мисоли ибратомӯз нест.
Вай имрӯзҳо ба ҳафтод медаромад!
Чаро вай шитоб кард, ки моро бепадар монад!
Вақте ки марг фаро мерасад, одамони бузург ҳақ доранд абадӣ бимонад.
Абадият тӯҳфа нест. Вай барои хизматҳо дода намешавад. Абадият ҳамбастагии муҳаббат ва ақл, накӯкорӣ ва вафодорист, ки онро бо сухан тасвир кардан номумкин аст. Абадият ба ивази ҳаёт, ба ивази шабҳои бехобӣ, ба ивази бохирадона пур кардани саҳифаҳои сафед ба даст меояд.
Абадият дар ҳама замонҳо дар пеши назари оламу оламиён ҳайкали боҳашаматест. Мирзо Турсунзода дар таъриху тақдири халқи худ амсоли ҳамин гуна ҳайкал қомат афрохтааст.
Самад Вурғун низ дар ин ҳисоб аст.
Александр Фадеев низ дар ин ҳисоб аст.
Николай Тихонов низ дар ин ҳисоб аст.
Онҳо дӯстони ҷонӣ, дӯстони ҷовидонианд!

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess