Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Ҷалол Икромӣ


Ман бо Мирзо Турсунзода аз соли 1931 инҷониб шиноси наздик, ҳамдам ва ҳамкор ҳастам. Бо ҳам рӯзҳои хеле аҷоиб, хурсандиҳои бисёре, инчунин ташвиш ва андӯҳҳои бешумореро аз сар гузаронидаем. Агар ҳамаи ин хотиротро навиштан гирам китоб шуда меравад. Лекин дар ин ҷо ман мухтасар баъзе ёддоштҳои худро, ки дигарон шояд нагӯянд, баён кардан мехоҳам.
Мушкил ва хеле сахт аст дар бораи Мирзо Турсунзода хотира навиштан, барои он ки аҚл бовар кунад ҳам, ҳанӯз дил ва эҳсосоти дохилии ман бовар намекунад, ки Мирзо Турсунзода вафот карда ва ӯ ҷисман аз байни мо рафтааст!
Рӯзҳои вафот кардани вай ман дар Дубултӣ – хонаи эҷодӣ дар Рига будам. Хабари вафоти ӯро шунида, сар аз по гум кардам, Қариб беҳуш шуда афтода мондам. РафиҚони онҷоӣ кӯмак расониданд, ба ҳуҷраам бурданд ва ба назарам он бегоҳ тамоми хонаи эҷодӣ ба ғаму андӯҳ фурӯ рафт...
Рӯзи дигар ба самолёт билет гирифта, субҳи он рӯзе, ки бояд ҷасади ӯро ба хок супоранд, – яъне рӯзи 27 сентябри соли 1977 ба Душанбе расида омадам. Шаб хоб накардагӣ, монда шудагӣ, бо дили маҷрӯҳ рост ба ҳавлии дӯстам рафтам, бо вай дар хонааш видоъ намудам. Видоъ намудаму дар берун ба худ бовар намекардам, ки Мирзо Турсунзода мурдааст... Бале, он эҳсосот ҳанӯз кунд нашудааст, ҳанӯз дар таҳти дилам бовар карда наметавонам, ки мо аз вай абадӣ ҷудо гаштаем!
Инак, барои ҳамин, хотира навиштани ман хеле мушкил аст. Дар ин ҷо фаҚат як чиз, як эҳсосот ба ман мадад расонида метавонад: Мирзо Турсунзодаро чун одами аз миёнрафта нею, чун одами зинда, чун рафиҚи ҳамдам ва ҳозир тасаввур карда навиштан. Бале, ҳамин тавр мекунам. Дар бораи дӯсти меҳрубонам чун зиндаҳо сухан меронам, бо худаш гап мезанам, аз худаш гап мешунавам...
Соли 1930, тирамоҳ, пас аз анҷумани таърихии лингвистӣ, ваҚте ки мо як идда коркунони соҳаи адабиёт ва матбуот ба Душанбе ба кор омадем (Пайрав Сулаймонӣ, Азизӣ, Сирус, Улуғзода, Обид Исмдатӣ, ҳилол Карим, Муродзода, Зеҳнӣ, Баҳоуддин, Икромӣ, ман ва дигарон – ҷамъ 17 нафар), Мирзо Турсунзода дар Тошкент мехонд. Ба гумонам вай дар аввалҳои соли 1931 ба Душанбе омад ва дар идораи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор даромад. Он ваҚтҳо Мирзо Турсунзода хеле ҷавон, хеле пурҷӯшу хурӯш ва оташ буд. Дар андак муддат ҷамоати мадании Душанбе – аҳли илму адабиёту санъат ӯро шинохтанд ва дар байн машҳур гашт.
Барои мо – омадагон Комиссариати маориф дар шаҳрчаи «Стандартӣ» (дар паси иморати ҳозираи Опера ва балет) иморати тахтагини дуҚабатаеро дод, ки дар он Зеҳнӣ, Улуғзода, Бектош, Азизӣ, Бухоризода, Б. Икромӣ, ман ва дигарон истиҚомат мекарданд. Турсунзода бо Алихуш хонаи алоҳида доштанд. Онҳо, ҳам журналист ва ҳам нависандагони ҷавони нисбат ба мо серкортар ва боҷӯшухурӯштар буданд, вале муносибати мо хеле мустаҳкам буд. Дар ҳар маҷлис ва дар ҳар ҷамъомад якҷо будем, бори маданият ва матбуотро бо ҳам мебардоштем. Дӯстӣ ва ҳамдамии моро ҳамин ҳам исбот мекунад, ки мо дар он солҳо як чанд нафар дӯстон ва ҷӯраҳо гаштак ташкил карда будем. Дар гаштаки мо Азизӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Турсунзода, Алихуш, ман ва боз намедонам кӣ буд. ҳафтае як бор дар хонаи ягонтаи аз мо ҷамъ мешудем, оши палов мепухтем, камтар май менӯшидем (росташро мегӯям, ки мисли ҷавонони имрӯза аз ҳад намегузарондем) ба доираи одоб ва дӯстона сӯҳбат, баҳсу мунозираҳо мекардем. Шубҳа нест, ки баҳсу мунозираро пеш аз ҳама Турсунзода ва Алихуш барин ҷавонҳо сар мекарданд, баъд ман, Абдулғанй Мирзоев ва ниҳоят Азизй ҳамроҳ мешудем. Гоҳо баҳси мо нотамом мемонд. ҳар чанд ки Азизӣ аз ҳамаи мо калонсолтар буд, вале дар баҳси мо ҳакам шуда наметавонист, ҷавонҳо зӯрӣ мекарданд. Ба мо он ваҚт Айнӣ, Лоҳутӣ барин бузургон ҳакам шуда метаво-нистанду бас!
Турсунзода чун комсомоли ҳаҚиҚӣ ва ленинчӣ, чун муборизи роҳи партия, чун журналист ва нависандаи оташинбаён ҳамеша фикри худро пеш мебурд ва аксар ваҚт ғолиб мебаромад. Он ваҚтҳо зиддиятҳо, муборизаҳои синфӣ хеле бошиддат давом мекард. Хусусан дар соҳаи идеология ҷанги сахт мерафт. Бедарак нест, ки баъзе шахсони буғзу адоватпараст худро сурх нишон дода, ба Пайрав ва ҳатто ба устод Айнӣ часпиданд. ҳамон ваҚтҳо буд, ки устод Айнӣ ба маҚолаи иғвогаронаи Бектош бо сарлавҳаи «ҷавоби ман» як маҚолаи тунду тез навиштанд ва чун эпиграфи он ин як байтро хеле ба ҷо оварда буданд.
Эӣ, мункири кайфияти парвози магас,
Бе зина ту ҳам бар лаби ин бом баро!

Ё ки Пайрав Сулаймонӣ аз ҳуҷумҳои бисёри чаправон ва дилсиёҳон ба ҷон расида, як шеъри машҳури худро навишта буд, ки ин аст:


Эӣ, шоири оташҚалами бо Қадами нав, савдогари
Маскав,
Дар дашнаи ишканҷаи танҚид забаррав,
афтода ба тергов
Аз зарбаи танҚид дамодам шуда беҳол,
афсурдаю помол...
3-он аст, ки худро шумурӣ «кӯру кару лол»,
тарсида зи ҷанҷол,
Хон, эй асари «Курсии хунин» - и ту хун-хун,
эй шоири маҷнун,
ҷон хуну ҷаҳон хуну замин хуну замон хун,
олам шуда гулгун,
ҳарчанд писимист шуморанд азизон,
танҚиднависон,
Лекин ту далеронаю мардона Қадам мон,
дар соҳаю майдон!
Мирзо Турсунзода ҳам ба ин баҳсу ҷидолҳо фаъолона иштирок мекард, вале тезии Қалами ӯ ба сӯи дӯстон набуда, ба сӯи бадхоҳони адабиёти советии тоҷик равона карда шуда буд. ҳамин тавр буд, ҳаёти иҷтимоии мо...
Вале гаштаки мо давом мекард, шӯхӣ ва хурсандиҳоямон бисёр буд. Боре навбати гаштак ба раҳматӣ Абдулғанй Мирзоев расид, ки он ваҚтҳо дар идораи газетаи «Тоҷикистони Сурх» кор мекард ва дар ҷои ҳозираи иморати ИттифоҚи нависандагон, ки кӯчаю паскӯчаҳои тангу тор ва ҳавлиҳои сердарахту кулбаҳои ҳаҚирона буд, истиҚоматҷое дошт. Хонааш иборат аз кулбае буд, ки рӯшной ва ҳаво аз ягона дараш медаромад, тиреза надошт. Лекин рӯи ҳавлӣ, гулзор ва ҳавои кушодаш хуб буд...
ВаҚто ки аҳбоб ҷамъ шуданд, дар сари гулзор, ба гирди дастурхони мураттаб ва пур аз нозу неъмат нишастанд, мо ҳама аз ҳиммат ва меҳмоннавозии соҳиби хона хурсанд шуда, ба таъриф сар кардем.
Лекин Абдулғанӣ аз ин таърифҳо «об шуда нарафта» гуфт:
– Хуш омадед. Имрӯз ҳамаи шумо меҳмон! Илтимос ҳамин, ки ба тайёр кардани ош ташвиш накашед, ҳамаи корро худам ба ҷо меорам.
– Хайр, сабзию пиёзро биёр, ки реза кунем! – гуфт Азизӣ.
– Сабзию пиёз реза карда шудагӣ! – гуфт Абдулғанӣ.
– Хайр, биринҷро биёр, ки сангашро чинем! – гуфт Мирзо.
– Биринҷ чида шудагӣ! – ҷавоб дод Абдулғанӣ.
– Модоме, ки – гуфт Азизӣ, – ҳамаи корро худат мекардӣ ва оши палави нағз пухта метавонистӣ, пас чаро дар навбатҳои мо ба ҳеҷ кор ҳамроҳ нашуда, намедонам гуфта мешиштӣ?!
– Зоғ-дия,-гуфта хандид раҳматӣ Абдулғанӣ, – зоғ!
– ҳа, – гуфт сухани ӯро шарҳ дода Мирзо. – Ин кас зоғ! Аз беҳунарӣ фароғате дорад зоғ, гуфта ҳунари худро дар ҳама ҷо пинҳон нигоҳ медоштанд ва ҳол он ки аз ҳама беҳтар ва хубтар ош пухта, меҳмондорӣ карда метавонанд.
– Чӣ кор кунам, – гуфт Мирзоев, – ҳурмати меҳмон аз ҳар чи азиз аст. ҳар чӣ ки аз дастам меояд бароятон дареғ намедорам.
– Хуб, набошад шоҳмотро биёр! – гуфт Алихуш ва бо Мирзо Турсунзода ба бозии шоҳмот сар карданд.
Мирзо ҳамон ваҚтҳо низ шоҳмотбозӣ мекард ва чи тавре ки баъдтар ин ба одати ӯ даромада рафт, агар бой диҳад оташин мешуд, боз ва боз гаштаю баргашта бозӣ мекард ва то ҳарифашро набарад, дилаш осуда намегашт. ҳоло–ҳоло раиси Қаҳрамон – Миралӣ Муҳаммадалиев ёдоварӣ мекунад, ки боре дар Москва, дар ваҚти сессияи совети олӣ, бегоҳирӯзӣ аз маҷлис баргашта дар ҳуҷраи раис хӯрок хӯрдаанд ва камтар коняк нӯшидаанд. Баъд ба ҳуҷраи Мирзо Турсунзода рафта ба шоҳмотбозӣ сар кардаанд. Раис – Миралӣ боло-болои ҳам Мирзоро бурдааст. Дар натиҷа Мирзо Қаҳр карда гуфтааст:
– Маро коняк зиёфат карда, сарамро гаранг карда дар шоҳмот бурдӣ, набошад ман аз шахсони бой медодагӣ нестам.
Вай дар шоҳмот гоҳо бозад ҳам, бой диҳад ҳам, дар зиндагӣ, дар кор, дар сиёсат ҳеҷ гоҳ бой надодааст ва ба гуфтаи худаш: аз шахсони бой медодагӣ набуд.
* * *

Соли 1932, мо як гурӯҳ нависандагоне, ки аъзои комитети ташкилотии иттифоҚи нависандагон будем (ин комитети ташкилотӣ пас аз Қарори маълуми апрелии (1932) Комитети Марказии ВКП (б) тартиб дода шуда буд), якҷоя ба саёҳати аввалин – ба сӯи Москва баромаданӣ шудем.
Ба ин гурӯҳ Мирзо Турсунзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳриддин Азизӣ, Алихуш ва ман дохил будем. Тартиби сафарамон ҳамин тавр муайян карда шуд: Мо ҳама дар Ӯротеппа, дар боғи Баҳриддин Азизӣ ҷамъ мешавем. Баъд, аз он ҷо ба Тошкент, аз Тошкент ба Самара (Куйбышеви ҳозира), аз Самара ба воситаи дарёи Волга ба шаҳри Қазон, аз он ҷо ба пойтахти мамлакат – ба шаҳри Москва меравем. Хароҷотамонро ба Қадри ҳол Комиссариати маориф доданӣ шуд, (ба ҳар кас дусаду панҷоҳ сӯмӣ, ки нисбатан ба ҳисоби ҳамонваҚта хеле сахиёна шуморида мешуд).
Оилаи ман ба Бухоро кӯчида рафта буданд. Ман танҳо дар хонаи стандартии тахтагини гарм ва пур аз тахтакана бемалол, хушу хурсандона зиндагӣ мекардам. Дӯстонам, рафиҚонам дар гирду атрофам буданд. Корам хеле мувофиҚи табъ ва шавҚовар буд. Рӯзона дар идора, дар кор, бегоҳӣ ҳар шаб ё театр, ё кино ва ё маҷлис, монда шуда омада мехобидам, ки на гармиро ҳис мекардам, на газидани тахтаканаро. Аммо зани дуҷонам ва модарарӯси пирамро маҷбур будам, ки ҳанӯз дар баҳорон ба ҳавлии дар Бухоро будаи худ – ба назди бародарарӯсам ва хоҳарам бурда монам.
Он дам ман котиби масъули журнали «Раҳбари Дониш» будам, ки баъдтар пас аз ташкил шудан ва ба кор сар кардани комитети ташкилии иттифоҚи нависандагон, ин журнал ба ихтиёри комитет дода шуд ва номашро ҳам «Барои адабиёти сотсиалистӣ» гузоштанд ва ман боз котиби масъул шуда мондан гирифтам. Лекин дар ваҚти ба сафар баромаданамон журнал ҳанӯз «Раҳбари Дониш» ва муҳаррири масъули он Муҳаммадҷон Ҳасанӣ (ки ҳоло нафаҚахӯри шахсй дар Ленинобод аст) буд. Журналро фаҚат ману Саъдӣ МаҚсудӣ ном рафиҚе мебаровардем. Шаб намегуфтем, рӯз намегуфтем, кӯшиш мекардем, ки журнал хубтар ва тезтар барояд. Гоҳо тамоми шаб дар матбааи хурдакак, ки дар якчанд кулба, дар паси бинои институти педагогии навташкилшуда (дар Қарибии кинотеатри ҷомии ҳозира) ҷо гирифта буд, мегузаронидем ва то ҳамаи тиражро чоп карда нашаванд, осуда намегаштем...
Боиси асосии ин Қадар шавҚу завҚи ман ба кори журнал аз як тараф Қувваи ҷавонӣ, ғайрат ва ҳамият бошад, аз тарафи дигар ба ман бовар карда супорида шудани журнали маҳбуби ман буд. Зеро ки ба журнали «Раҳбари Дониш» ман аз шумораҳои аввалинаш иштирок доштам ва якумин ҳикояти ман («Шабе дар регистони Бухоро») дар шумораи аввалини ҳамин журнал ҳанӯз дар соли 1927 чоп шуда буд ва ман дар Бухоро нишаста, аз шумора то шумора бетоҚатона бо чорчашм мунтазири омада расидани журнал мешудам. Шумораҳои аввали журнал то ду-се сол дар Тошкент чоп мешуд. Баъд чанд гоҳ набаромада монд. Ниҳоят ҳукумат ва партия Қарор доданд, ки журналро дар худи Душанбе бароранд ва ба он муҳарриру котиб таъин карда, имконияти чопашро фароҳам оварданд.
Инак, ман дар охирҳои моҳи август отпуск гирифта ба Бухоро рафтам. Чанд рӯз дар Бухоро истиҚомат карда, бачаҳоро дида, ба СамарҚанд сафар кардам. Дар СамарҚанд ба ман Абдулғанӣ Мирзоев ҳамроҳ шуд. Баъд дукаса бо поезд то ба Урсатевский рафта, аз он ҷо дар фойтуни дуаспа ба шаҳри Уротеппа фуромадем. Роҳ пурчанг, гарм ва дашт буд. ФаҚат дар Қарибиҳои Ӯротеппа дарахтзор ва оби равон пайдо шуд. Лекин даруни ӯротеппа салҚин буд. Дар канори сой ба як чойхонаи олиҷаноб фуромада, дам гирифтем, хӯроке хӯрдем. Баъд аз одамҳо Азизиро суроғ кардем. ҳеҷ кас намедонист. Мо ҳайрон шудем. Охир, худи Азизӣ ба мо гуфта буд, ки дар ҳар кадом чойхонаи Ӯротеппа фуромада маро суроғ кунед, ҳар кас дарак дода метавонад. Азизӣ... Азизӣ... мегуфтанд мардум ва китф ҷунбонда, ҳайрон мешуданд. Мо мегуфтем, ки нависанда аз ӯротеппа, ҳозир дар Душанбе кор мекунад, дар ин чо ҳавлию боғ дорад... Не, намедонистанд. Ниҳоят як мӯйсафеди бафаҳм аз мо пурсид, ки Азизӣ – ин номаш ё лаҚабаш? Мо гуфтем, ки ин фамилия ва лаҚабаш аст. Пас номаш чӣ, гуфта пурсид. Мо гуфтем, ки Баҳриддин. Дар он ҳол ҳама донистанд ва гуфтанд, ки:
– Мулло Баҳриддин гӯед-дия! Он касро ҳама медонанд.
Пас ҷавоне рафта фойтун овард ва мӯйсафед ба фойтунчӣ дараки боғи мулло Баҳриддинро дод ва мо ташаккур карда чизу чораҳорро ба фойтун гузоштем...
Боғи Азизӣ дар тарафи роҳи Урсатевский, дар баландӣ будааст. Боғ, Қӯрғон, сари ҳавз, дарахтҳои серсоя ҳама тартибу кори классикии ӯротеппа ҷо ба ҷо буд. Азизӣ дар тан куртаи сафед, дар сар тоҚии чустӣ, дар сари ҳавз кати симин монда ба роҳат хоб мекард. Омада мондани моро шунида, ҳадаҳа аз ҷо бархост ва моро хуш Қабул кард. Додаронаш ва наздиконаш омаданд, дар сари ҳавз Қолинҳо ва гилемҳо густурданд, кӯрпаю кӯрпачаҳо партофтанд, ба гирду атроф об зада салҚин карданд ва баъд дастурхон кашиданд.
Азизӣ марди сию панҷ–сию шаш сола, Қадбаланд, лоғарҷусса, бо чашмони бодомии нигоҳаш тез ва гузаранда, ба рӯи андак дароз, ба шукӯҳ ва муллобачаҳои кӯҳнагиро партофта шабкаю кӯлӯча – шалвор пӯшидагӣ барин буд. ҷӯрабоз, дасткушод, рӯздида ва одамшинос буд. Охир, вай дар соли 1921 ба съезди мусулмонони Россия, ба Боку ҳамроҳи раҳматӣ Неъматуллоев вакил шуда рафтагӣ ва аз бисёр чизҳо, воҚеаҳои ҳамон солҳо бохабар буд.
Рӯзи дигар Алихуш ва Мирзо Турсунзода расида омаданд. Сӯҳбати мо хуррамтар ва базми мо гармтар шуд. ҳавои кушод, меваҳои болаззат, хӯрокҳои сергӯшту равған моро дар ду–се рӯз хеле тағир дода, димоғамонро чоҚ ва худамонро мамнун гардонид.
Як детали аҷоиб барои ман: Мо ки дар Қисми беруни боғ менишастем ва хоб мекардем, аз дарун, аз худи боғи ангур бехабар будем. ҳар пагоҳ ва бегоҳ лаълӣ-лаълӣ ангури чиллагӣ ва гоҳо ҳусайнӣ мебароварданд ва ӯротеппагихо ангури чиллагии худро хуб таъриф мекарданд. Мегуфтанд, ки агар як сари калонашро хӯред, аз биниатон фаввора зада хун меравад – ҳамин Қадар сершира ва сершаҳд аст! Лекин ҳар пагоҳ, ҳар бегоҳ аз он ангур хӯрем ҳам аз бинии ҳеҷ кадоми мо хун нарафт. Рӯзи дуюм ва сеюм Азизӣ моро ба сайри даруни боғистонаш даровард. Ман диҚҚат карда дидам, ки ду-се, балки зиёдтар пуштаҳои ангури шибирғонӣ лабзада хобидааст. Ба чашмонам бовар накарда як сар канда хӯрдам, шаҳдаш гулӯямро гирифт.
– Ана, – гуфтам, – ангури шибирғонӣ ҳасту чаро моро зиёфат намекунӣ!
– Дар ҷои мо, – гуфт Азизӣ, – ангури чиллагиро аз ҳама авлотар мешуморанд, бинобар он ба меҳмон фаҚат ангури чиллагӣ мебароранд. Майлаш, мефармоям, барои ту ангури шибирғонӣ ҳам бароранд.
Рӯзи дигар лаълии ангури шибирғонӣ ҳам пайдо шуд. Азизӣ ваҚто ки мефармояд, ангури шибирғонй бароранд, ҳавлибудагиҳо ҳайрон мешаванд, чи тавр мешавад, ки ба меҳмон ангури шибирғонй бароранд?
– Як нафар бухорӣ ҳаст, – мегӯяд Азизӣ, – ангури шибирғониро дуст медорад.
ҳамин тавр, пас аз чор–панҷ рӯзи меҳмони Азизӣ будан, боз ба роҳ баромадем ва ба поезд бо машаҚҚати бисёр билет гирифта, ба Тошкент рафтем. Дар Тошкент манзили мо техникуми педагогии тоҷикӣ буд.
Дӯстон ва рафиҚони тошкентӣ – муаллимон ва шогирдони техникуми педагогй моро хуш Қабул карданд. Дар ин ҷо ба мо Файзуллои панҷакентӣ, ки дӯсти наздики Мирзо Турсунзода буд, ҳамроҳ шуд. Чанд рӯз дар Тошкент хуб сайру тамошо кардем, сӯҳбатҳои ширини аҷоиб гузаронидем. Баъд боз бору бунаҳро баста, ба поезд сувор шудему ба сӯи Самара – Куйбышеви ҳозира равон шудем. Дар поезд моро як ноомад шуд. РафиҚи мо Алихуш ба бемории сипурч гирифтор шуда монд, ки агар аз худаш пурсем.
– Сич! – мегуфт.
Сич, яъне сипурч сахт дард карда, дили касро ҳар замон беҳузур мекунад ва одам Қай карда меистад. Рузи дуюми сафарамон дарди Алихуш шиддат кард. Вай дар Қабати дуюми вагон хоб мекард, ки хеле нороҳат буд ва мо чӣ кор карданамонро надониста, ҳайрон будем.
ҳар замон праводник омада, моро ҷанг мекард, ки беморамон аз тирезаи вагон ахлоташро партофтааст, девори вагон ифлос шудааст. Муҳаммаддоноҳои мо – Турсунзода ва Файзулло бо праводник гуфтушунид мекарданд ва ҳар замон кайфияти моро бардошта меистоданд. Алихуш, ки ҷавони хеле шух ва ҳамроҳи Мирзо ҳамеша хандаю шӯхӣ карда мегашт, ҳоло хомӯш буд ва «сич!» мегуфту бас!
Ман ҳоло ба он Қувваю оташу серкории Турсунзода ҳайрон мешавам. Хафа шудан, маъюсй ва ноумедиро намедонист. Улфат, чӯра, шух ва хушваҚт буд. Охир, мо аввалин бор ба чунин сафари дуру дароз ва шаҳрҳои надидагиамон мерафтем, Турсунзода бошад аз чизе парво накарда, дар вагон ашӯлакунон, хандону шукуфон мерафт. Агар ман дилтангӣ кунам, ки дар Самара ба куҷо меравем, дар куҷо истиҚомат мекунем, Алихуш чӣ мешавад ва ғайра... Мирзо беғамона мегуфт:
– Асло корат набошад! Масъала худаш ҳал мешавад.
Дар вокзали Самара фуромадему чунин маслиҳат шуд, ки беморро ташвиш дода, ҷоковй карда нагардем, беҳтар аввал чанд кас рафта ҷо ёбанд ва чанд кас бо чизу чораҳо дар вокзал мунтазир шаванд. Ба ҷоковӣ Мирзо, Файзулло ва Азизӣ рафтанд. Ману Абдулғанй Мирзоеви беғам бонии чизу чораҳо ва нигаҳбони Алихуши бемор шуда мондем. Ман дилтанг будам, аз назди бемор дур намешудам, ба вай об ва баъзе доруҳои осуда мекардагй дода меистодам. Аммо Абдулғанӣ Мирзоев ҳар замон бо баҳонае рафта, аз пивои машҳури Самара саршор шуда меомаду ба дилтангиҳои ман механдид. Ниҳоят, пас аз ду–се соат рафиҚон омаданд. Чизҳо ва беморро ба фойтуне бор карда, худ низ ба фойтуни дигар сувор шуда ба як меҳмонхонае бурданд, ки ба воситаи кадом як идораи шаҳрӣ иҷозат гирифтаанд, ки ба мо ҷо диҳанд.
Моро ба хонаҳои алоҳида нею ба як хонаи калони умумӣ ҷойгир карданд. Ба ҳамин ҳам шод шудему беморро ба ҷогаҳ хобонида, ба вай таоме ёфта хӯронда, каме осуда гаштем. Бегоҳӣ маслиҳат кардем ва худи Алихуш ҳам илтимос кард, ки ӯро ба ягон бемористон ҷойгир кунем, аҳволаш бад аст.
Самара дар солҳои бистум овозаи хеле бад паҳн карда буд. Дар он ҷо гушнагй шуда, мардум худро ба ҳар сӯ мезананд, ҳатто то ба Осиёи Миёна рафта мерасанд. Баъзе аз онҳо, шояд маҷбуран, аз гушнагӣ бошад, ки дуздӣ ҳам карданд ва бинобарон одамони бадро «самарский» мегуфтанд. Лекин дар ваҚти рафтани мо Самара яке аз шаҳрҳои обод, маданӣ ва зебои мамлакат буд. ҳама ҷо сайргоҳ, боғу бӯстон, гулу гулзор ва ошхонаю ресторанҳо буд. ҳама ҷо мардум моро бо навозиш ва рӯи хуш Қабул мекарданд. Бегоҳиҳо дар ваҚти сайру гашт Азизӣ гоҳо ҷомаи алочаи абраастари зебои худро дар бар карда, ба сар тоҚии гулдӯзй гузошта мебаромад, ки чашми аксарияти мардум ба сӯи мо буд. Зеро ки он ваҚт аз Осиёи Миёна кам одамон ба Самара мерафтанд ва якт–дуто омадагон (хусусан, ки бо ҷома бошанд) дарҳол ба назар менамуданд. Идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии Самара низ моро хеле хуб ва меҳмоннавозона пешвоз гирифтанд.
Рӯзи дигар Алихушро бо мошини тиббии махсус омада гирифта ба бемористон бурданд ва дарҳол ба табобат сар карданд. Пас аз чанд рӯз, ваҚто ки мо сафарамонро давом доданӣ шудем, худи Алихуш баромада гуфт, ки мо бемалол рафтан гирем, вай дар бемористон худро хеле хуб ҳис мекунад, насиб бошад, пас аз як ҳафта ӯро ҷавоб медиҳанд ва ӯ рост ба Москва меравад. Бо ин Қарор мо ба бандаргоҳи дарёи Самара рафта, то ба Қазон ба параход билет гирифтем. «Параход шабона, пас аз соати дувоздаҳи шаб омад ва мо зуд ба он сувор шуда, ба ҳеҷ чиз аҳамият надода хобидем. Маълум шуд, ки дарёи Самара ба дарёи азими Волга меомехтааст. Рӯзона, ваҚто ки мо бедор шудем, параходамон дар дарёи Волга равон буд. Он манзара ва он зебоии атрофро дида мо маҳву мот шудем. Ба гумонам Мирзо шеър навишт. Дар ҳаҚиҚат он азамат ва шукӯҳи дарёи Волга, зебоии манзараҳои соҳили ду тарафи он, тантанаи баромад-баромади офтобро дар об дида истода, шеър нанавиштан мумкин набуд. Мирзо шеър нанавишта бошад ҳам, дунё-дунё илҳом гирифт, ки ба шеърҳои ояндаи вай, рӯҳ ва тароват, болу пар доданд...
Дар Қазон нависандагони Тотористон моро ботантана пешвоз гирифта, ба беҳтарин меҳмонхонаи пойтахти худ ҷойгир карданд. Мо як ҳафта зиёдатар дар Қазон будем. Дар ин ҷо Мирзо Турсунзода бо шоирон ва нависандагони тотор дӯст ва улфат шуд. Дар чандин ҷамъомадҳо, дар назди коргарони заводи пашминабарорӣ, дар университети машҳури Қазон, дар назди студентон баромадҳо кард. Рӯзҳои хурсандибахш ва аҷоибе, ки мо дар шаҳри Қазон гузаронидем, ҳеҷ фаромӯш намешаванд. Дар ин шаҳр ману Мирзо бештар фаъолият нишон додем ва аксаран ҳамроҳ будем. Нависандагони тотор моро бо ҳамаи аҷоибот ва тамошогоҳҳои Қазон ошно карданд, хуб зиёфат карда, китобҳояшонро таҚдим намуданд. Ин, аввалин муносибати нависандагони тоҷик бо нависандагони Тотористон буд.
Охирин нуҚтаи сафари мо пойтахти мамлакат, шаҳри бузурги Москва буд. Мо ба ин ҷо бо поезд омадем ва рост ба ИттифоҚи нависандагон рафтем, ки он ваҚт Ставский ва Лоҳутӣ дар котибот кор мекарданд. Моро дар бииои «Хонаи Советҳо» дар як зали калоне ки Қариб бист нафарро ғунҷоиш медод, ҷойгир карданд ва ҳар рӯз ба як муассиса, ба як музеӣ, ба як ҷои таърихй гирифта мебурданд. Аввалин бор мо Қабри Ленинро зиёрат кардем, ба заводи автомобилсозии Москва, ки ҳоло ба номи Лихачев аст, экскурсия кардем, фабрикаи «Четырехгорная мануфактура»-ро дидем, дар музейҳои «Революция» ва «Политехникӣ» будем ва ҳар бегоҳ ба театр мерафтем.
Дар Москва пули мо тамом шуд. Мирзоро пеш андохта ба намояндагии Тоҷикистон рафтем, ки ба бахти мо раиси Совети Вазирони ҳамонваҚтаи Тоҷикистон – ҳоҷибоев дар ҳамон ҷо будааст. Мо арз кардем, ки пуламон тамом шуд. ҳоҷибоев пас аз нею–нестони бисёре ба ҳар кадоми мо боз шаст-ҳафтод сӯмӣ пул дод.
Ниҳоят, ману Мирзо Турсунзода ба Душанбе баргаштанӣ шудем. РафиҚони дигар (ки маълум шуд пул доштаанд) ба Ленинград рафтанӣ шуданд. ВоҚеан дар Москва мо Алихушро ёфтем. Саҳат ва саломат, хандону ғазалхон буд. Вай ҳам сафари Ленинградро ихтиёр кард.
Ману Мирзо Турсунзода ба охирин пули худ билет, ду бӯхонка нон, камтар Қанд ва Қамтар колбаса харида ба поезд сувор шудем. Рост мегӯям, ки на ман ва на Мирзо дар умри худ ин тавр бепул нашуда будем. ҳамин озуҚаи бардоштаи худро мехӯрдему ҳасад мебурдем, ки мардум дар станцияҳои калон фуромада мурғбирён, моҳибирён, мева ва бодирингу помидорҳои нағз харида мебароварданд ва дар пеши назари мо кайф карда мехӯрданд. Хӯрок хӯрдани дигаронро дида ба мо ҳам иштиҳо пайдо мешуд ва мо ҳам нону колбасаи худро лунҷак мезадем. Бино бар он захираи мо базӯр ба ду рӯз расид. Рӯзи охиринро мо гурусна гузаронида ба Тошкент расидем. Бо маслиҳат бору бунаҳро баста аз вагон фуромадему билетҳоро фурӯхта рост ба техникуми педагогии тоҷик рафтем. РафиҚони он ҷой моро дастгирӣ намуданд. Баъд, аз намояндагии Тоҷикистон, ки дар Тошкент буд, рафта камтар пул гирифтему белат харида ба Душанбе баргаштем...
Ин саёҳати аҷиби мо, ки пур аз хотираҳои фаромӯш нашуданӣ аст, абадӣ ба ҳофизаи ман наҚш баста аст. Дар ҳамин сафар ману Мирзо хеле ба ҳам наздик шудем. Бо хислат ва аҚидаҳои ҳамдигар ошно гаштем, ки дар оянда он боз вусъат ёфта, асоси дӯстии самимии моро фароҳам овард.
Гумон мекунам, ки ин хотираҳои аввалин боз давом меёбанд ва дар он бобҳои оянда хислат ва бузургии Мирзоро бо фактҳои ҳаётӣ дурусттар исбот хоҳам кард.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess