Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Зиёдулло Шаҳидӣ


Бо Мирзо Турсунзода ҳамсӯҳбат шудан шарафи бузург буд. Хушбахтона, ман бо ин шахси фозилу ҳимматбаланд на фаҚат ҳамсӯҳбат, инчунин ҳамсоя будам. Ашъори диловези он кас дар фаъолияти бастакории ман мавҚеи сазоворе дорад. Эҷодиёти шоири маҳбуб маро водор намуд, ки ихтисоси бастакориро бештар дӯст дораму ба ин кор камари ғайратро мустаҳкамтар бандам. Зеро дар ҳар мисраи шеъри устод эҳсоси баланди инсонпарварӣ, ишҚи пок нисбат ба Ватан, ба Партияи Коммунистӣ, муҳаббати гарму ҷӯшон ба халҚи хушбахти советӣ бурро садо медиҳад.
Аз вохӯриҳои ман бо устод бисёр лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш дар лавҳи хотирам наҚш бастаанд. Ин ҷо мехоҳам чанд лаҳзаро наҚл намоям.
Солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Турсунзода сардори управленияи корҳои санъат дар назди Совети Вазирон буданд. Рӯзе маро ба кабинеташон даъват карда гуфтанд, ки баъди 3 – 4 моҳ театри вилоятии Кӯлоб бо якчанд спектаклу программаи калони концертӣ ба Душанбе меояд. Дар ин ҷо, дар маркази республика Даҳаи адабиёту санъати Кӯлоб баргузор мегардад.
Маъмурияти театр ва управленияи санъати шаҳри Кӯлоб ба ман мактуб навишта, илтимос кардаанд, ки шуморо барои ёрии эҷодӣ расондан ба он ҷо фиристем. Дар воҚеъ режиссёри театр ҳам худи ҳозир дар ин хусус телефон карда буд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?
Ман пас аз ду рӯз вориди Кӯлоб гардидам. Коллективи театр маро бо хурсандӣ пешвоз гирифт. Ва мо ба кор сар кардем. Аз байн чанд рӯз гузашт, дар театр ба спектакли «Шаби 28» тайёрӣ мерафт, Бачаҳо бо шавҚ сурудҳои онро мехонданд.
Ин ваҚт беихтиёр назарам ба Қатори дигар афтоду устодро дидам, ки репетитсияро тамошо мекарданд. ҳамдигарро ба оғӯш гирифтем. Баъди репетитсия артистони ҷавони театр ба атрофи шоир гирд омаданд. Турсунзода бо ҷавонон сӯҳбат оростанд. Устод репетитсияҳои спектаклҳои дигар, номераҳои концерти хотимавиро ҳам аз назар гузаронида, баъд ба Душанбе баргаштанд. ҳамин тариҚ, Даҳаи адабиёту санъати Қӯлоб дар Душанбе, бомуваффаҚият барпо гардид.
Тобистони соли 1945 ҳамроҳи як гурӯҳ санъаткорон ба яке аз колхозҳои райони Орҷоникидзеобод мерафтем. Он ҷо ба шарафи иҷрои плани панҷсолаи колхоз тантанае барпо шуда буд. Мошини мо бо роҳи асфалт босуръат мерафт. Шамоли форами кӯҳсорон ниҳолҳои пахтаро ба ҷилва меовард. Бӯи хуши гулу себарга ба димоғ мерасид.
Мирзо Турсунзода таклиф карданд, ки мошинро каме боздорем. ҳама аз мошин берун омадем. Аз ободии саҳро, ҳосили ниҳолҳои пахта, боғу токзор дили шоир ба ҷӯш омада буд. Ва нахустин мисраъҳои шеъре. ки имрӯз ба ҳама ҳамчун суруд маълум аст, ба забон омаданд.

Офарин бодо шуморо, паҳлавонон, офарин,
Марду занҳои далери Тоҷикистон офарин.

Шоир раҳораҳ ҳамин мисраъҳоро такрор намуда, ба ман рӯй овард.
– Шаҳидӣ, то ба колхоз расидан ин шеърро ба охир мерасонам, хуб мешуд, агар оҳанге фикр мекардед.
– Хуб шудааст, Мирзо–ако, гуфтам. – На фаҚат оҳангашро тайёр карда, балки инчунин бо ҳофизон машҚ карда, дар барномаи консертии имшаба дохил кардан ҳам мумкин аст.
Хулоса, то ба колхоз расидан шеъру оҳанг тайёр шуд. Ба идораи колхоз даромада, оҳангро бо танбӯр навохта, дар коғази нота навиштам. Баъд бо ҳофизон ба сурудан шурӯъ намудем ва ҳамон шаб дар консерт ин суруд садо дод.
Шеърҳои равону дилчасп бастакорро ба илҳом меоранд. Суруди дигаре, ки Мирзо Турсунзода ҳангоми сайри атрофи шаҳр навишта буданду ман ба он оҳанг бастаам, чунин байти машҳуре дорад.

Хонаи мо он Қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.

Сурудҳо ва мусиҚии классикии тоҷикро Мирзо Турсунзода дар иҷрои ака-Шариф ҷӯраев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, БобоҚул Файзуллоев, Барно ИсҳоҚова, Шоиста Муллоҷонова, ҳанифа Мавлонова ва дигарон дӯст медоштанд. Худашон ҳам ҳамроҳ мехонданд, гоҳо бо завҚ аҳли маҳфилро ба раҚс даъват мекарданд. Дар ҷамъомадҳо сурудҳои халҚии «Хуш он замон», «Гулпарӣ», «Чор зарб», «Кабки хушрафтор» ва ғайраро мо, аҳли сӯҳбат, бо як овоз месароидем. Дар ин мавридҳо суруди «Хуш он замон» мавҚеи хосе дошт, ки ҳоло ҳам садо медиҳад.
Дигар суруди умумӣ «Пиёлаи мо» ном дорад, ки он ҳам дар шеъри устод офарида шудааст. Соли 1949, дар консертҳои Даҳаи адабиёти тоҷик дар Москва ин суруд мувофиҚи талаби тамошобинон борҳо такрор мешуд. Ба забони русӣ онро шоири рус Семён Гудзенко тарҷума кард. Сурудро ҳамаи иштироккунандагони консертҳои даҳа мехонданду яккахон артисткаи халҚии республика Раъно ғолибова буд. ВаҚте ки поезд аз Сталинобод ба Москва равон гардид, Раъно ғолибова ба хондани суруд сар кард ва аҳли вагон ҳама иштироккунандагони даҳа ба ӯ ҳамовоз шуданд. Аҷоибаш ин, ки дигар пассажирони поезд ҳам ин сурудро ҳамроҳи мо мехонданд.
Рӯзе дар як сӯҳбат сухан аз хислатҳои хуби инсонӣ мерафт. Дар зиндагӣ баъзеҳо аз омади кори худ болида, ҳавобаландию манманӣ мекунанд, бо дигарон беэътиноёна ва назарногирона рафтор мекунанд, вале дар охир шатта мехӯранд. Хушбахтона, ин хел одамон дар байни мо хеле каманд. Дар омади гап, байте ба ёдам омаду хондам:

Баланду пасти ҷаҳон Қафои якдигаранд,
Агар ба моҳ бароӣ, назар ба чоҳ андоз.

– Шеъри бисёр баланд, бомаврид хондед, – гуфтанд устод, – вале байти аввалаш маҚсадро равшантар мекунад ва худашон онро пурра хонданд.

Чу офтоб ба ҳар заррае нигоҳ андоз,
Чу абр сояи раҳмат ба ҳар гиёҳ андоз.
Баланду пасти ҷаҳон қафои якдигаранд,
Агар ба моҳ бароӣ, назар ба чоҳ андоз.

Баъди ғалабаи ҷанги Бузурги Ватанӣ ман майли дар Москва хондан намудам. Мирзо–ако маро дастгирӣ карданд. Мегуфтанд, ки шумо аз бачаҳоятон хотирҷамъ бошед. ҳар чӣ аз дастам ояд, ёрӣ мерасонам. 5 – 6 сол як чашм пӯшидан Қатӣ гузашта меравад, аммо хондани шумо зарур.
Дар хотир дорам, ки баъд аз ин беваҚтиҳои шаб аз Москва ба хонаи Мирзо–ако телефон карда, аз саломатии бачаҳо огоҳ мешудам. ҳамон ваҚтҳо ҳам мо ҳамсоя будем Телефонро ё худи Мирзоако ё янга гирифта, баъд ба хонаи мо, ба Қабати дуюми иморат баромада, хабар медоданд. ҳар боре Турсунзода ба Москва мерафтанд, маро ёфта, таклиф мекарданд, ки ба ягон спектакл ё ба концерт ҳамроҳ тамошо равем.
Рӯзе бегоҳӣ дар хобгоҳ будам. Мирзо–ако ҳамроҳи Баҳоваддинов Аловуддин Маҳмудович даромада омаданд. Хеле хурсанд шудам. «Омадем, ки студенти ҷавонро як бинем» – бо оҳанги шӯхӣ гуфтанд Мирзо–ако.
– Инашро ҳам гӯям, ки романси – «Зи сӯзи сина»–ро нашунида намеравем, – гуфт Аловуддин Маҳмудович. Баъдтар Шавкат Ниёзӣ ҳам бо як шоири ҷавон омаданд. Сурудҳои Лоҳутӣ ва худи Турсунзодаро паси ҳам мехондем.
Тахминан 25 сол Қабл аз ин сахт бемор шудам, нисфи шаб буд, ҳарорати бадан ба 40 дараҷа баромадааст. Аҳли оила ба ҳарос афтода, зуд ба хонаи Турсунзода хабар медиҳанд.
Баъди чанде Турсунзода, профессор Лихтцер Израил Борисович, шогирдаш ва боз як хоҳари шафҚат ба хона даромада омаданд.
Ман ба завҷаам мегуфтам, ки соати чори шаб одамонро ташвиш додан шарт набуд. Вале Турсунзода мегуфтанд, ки эҳтиёткорӣ ҳамеша натиҷаи хуб мебахшад. Шумо ин тавр нагӯед, бачаҳо нағз карданд, ки хабар доданд. Хулоса, духтурҳо маро дорую дармон карда рафтанд. Мирзо–ако онҳоро бо изҳори миннатдорӣ гуселониданду боз назди ман омада нишастанад, дилдорӣ доданд ва шеър хонданд...
Мирзо бо иштироки худ, ба рафтору суханҳои пурҳарорат ҳар як маъракаро ба тӯй мубаддал мекарданд. Ба хотир дорам, ки барои, 45солагии Деҳотиро Қайд намудан ба хонаи он кас ҷамъ омадем. Соли 1956 буд. Ба болои миз ҳамаи нозу неъмат муҳайё. Сӯҳбати шоирону нависандагон ба маърака ҳаловату таровати аҷоибе мебахшид. Ба ногоҳ Турсунзода бо ҳаяҷон аз ҷо хеста гуфтанд:
– Шеърхонӣ, орзуҳои нек ба шоир ва санъаткор рӯҳи тоза, илҳоми нав мебахшад. Вале агар шеър бо мусиҚӣ, бо оҳанги хоси худаш садо диҳад, хубтар мешавад. Биёед ҳамаамон суруди «Хуш он замон»-ро сароем. Ва ба ман ишора карданд, ки сар кунам. Ман сар кардам ва ҳама баробар сароидем:

Хуш он замон, ки ба саҳни чаман ту бошию ман,
Миёни ғунча ба як пираҳан ту бошию ман...
Ба шарти он ки набошад миёни мо ағёр,
Пиёла бошаду май бошаду ту бошию ман –

ВаҚте ки суруд ба охир расид, – хостам, боишораи дастам иштирокчиёни ин хониши умумии «хор»ро аз тамом шудани суруд огоҳ намоям. Вале Деҳотӣ, ки якҷоя бо мо суруд мехонд, оҳиста ба гӯшам гуфтанд, ки пушташро хунук накарда, «Гулпарӣ»ро ҷуфт кунем. Мирзо ба рақс медарояду мехонад – бо хурсандӣ ва ҳаяҷон, гуфтанд Деҳотӣ. Ман табаҚчаро ба сифати доира истифода бурда, суруди «Гулпарӣ»ро сар кардам

Гулпарӣ, райҳонпарӣ, имшаб лаби бомат кӣ буд?

Дар ҳамин ваҚт якбора Мирзо бо шаст аз ҷо хеста:
– Деҳотӣ! Ба ман як рӯймолча диҳед, ман ҷавоби духтарро мехонам. – гуфта ба мобайн омада рост истоданд.
– Акнун аз сараш сар кунетон, – гуфт ӯ ба мо хонандагон ишора карда, мо мисраъҳои аввалро такрор кардем.
Гулпарӣ, райҳонпарӣ, имшаб лаби бомат кӣ буд?

Мирзо бо шавҚи том ду нӯги рӯймолчаро аз дасти Деҳотӣ гирифта, болои сар партофт. Як нӯги рӯймолча дар дасти рост, поёнтари сари сина, нӯги дигараш аз тарафи дил болоӣ сар баландтар менамуд. Мирзо бо шарму табассуми хоси духтарона чашмҳоро хумор карда, мувофиҚи оҳанги зарби мусиҚӣ давоми бадеҳаро, яъне ҷавоби маъшуҚаро бо ошиҚ бо маҳорати баланди артистӣ иҷро мекард:

ҷон акаҷон касе набуд, аттор бачек омада буд (2 бор)
Гӯшвори зар оварда буд, ҷигӣ-ҷигӣ ҷангам макун,
Зулфакома Қайчӣ макун, гӯшворама Қайчӣ макун.

аҳли сӯҳбат ҳама ба бадеҳа ҳамроҳ шуда, ғазаби «ОшиҚ»-ро нисбат ба «МаъшуҚа» паст карданӣ мешуданд.


ҷигӣ–ҷигӣ ҷангаш макун,
Зулфакоша Қайчӣ макун.
ҷигӣ–ҷигӣ ҷангаш макун,
Гӯшвораша пора макун.

ҳамин тавр як дафъа: –
«Боғбонбача омада буд».
Дафъаи дигар: – «Қассоббача омада буд»
Боз: – «Корвонбача омада буд», – гуфта бадеҳаро ба охир расонидем.
Ман ҳамеша мехостам, ки бо ин марди фозил, шахси мӯътабару олиҳиммат ва инсондӯст боз ва боз ҳамсӯҳбат шуда, ба шеъру достонҳои ӯ оҳангҳо эҷод намоям.
Он кас мегуфтанд, ки дар асоси достони «ҳасани аробакаш» либреттои опера тартиб доданӣ ҳастем, ки мусиҚии онро бояд шумо нависед. Бояд ба мусиҚии опера оҳангҳои ба халҚ ошно, садои шаршараҳои кӯҳсорон, суруди паррандаҳои хушилҳон, шукӯҳи саҳроҳои пур аз «тиллои сафед»и тоҷикро омезиш диҳед.
Ин хоҳишро, ки ба ман дар беморхона карданд, бо ҷону дил пазируфтам. Умед доштам, ки Мирзоро сиҳату саломат мебинам ва аз он кас мазмуни мухтасари либретторо мегирам.
Аммо ин орзуи ман ба навмедии ногаҳонӣ бадал ёфт.
Бегоҳии 24 сентябри соли 1977 дар хона машғули кори эҷодӣ будам, ки хабари мудҳише ба гӯшам расид. Ба тарафи табобатхонаи шаҳрчаи тиббӣ пои пиёда медавидам, бовариам намеомад...
ҳамаи он мулоҚотҳо, сӯҳбатҳои самимӣ, хислатҳои инсонпарварӣ, маҷлисороии ин марди бузург, ниҳоят сӯҳбати чанд рӯз Қабл дар табобатхона баргузоргаштаи мо пеши назарам меомад...
– «Марг нест, умед ҳасту зиндагонӣ ҳаст дар дунё», – мегуфтанд Мирзо–ако ҳар замон дар омади гап.
Мехостам ягон мусиҚии ғамангез эҷод намоям. Вале сӯзи дилу ҳаяҷони ғамангези ҳамон соатаи худро танҳо дар сатрҳои саҳифаҳои коғази партитура ба воситаи оҳангҳои миллӣ дар иҷрои оркестри симфонӣ метавонистам ифода намоям. Бинобар он, Қарор додам, ки фикри худро аввал ба шакли шеър навишта монам ва оҳиста–оҳиста ором шуда, мувофиҚи он достони симфоние эҷод намоям.
Баъдтар, ваҚти кор дар болои асар, шеъри шоираи украин М. Ивенко ба дастам афтод, ки муаллифи он барои иштирок дар рӯзҳои адабиёти рус дар Тоҷикистон омада буду хабари ногаҳонии вафоти шоирро шунида, дарду аламашро ба либоси назм даровардааст. Ин шеър тапиши дили маро афзун намуд.
ҳамин тавр, достони мусиҚие офарида шуд, ки дар он шеъри худи шоир ба шакли суруд дохил гардидааст:

Гуфта будӣ, ки ту меҳмон мешавӣ,
Дар тани ҷонпарварон ҷон мешавӣ...

Ман фаҚат якчанд лаҳзаи мулоҚоти худро бо ин шахси мӯътабар ба тариҚи ёддошт навиштам.
Ифтихормандам, ки бо чунин шоири бузург ҳамсуҳбат будам ва дар эҷоди суруду таронаҳо бо ӯ ҳамкорӣ намудам.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess