Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Кароматуллоҳи Мирзо


23-йӯми апрели соли 1981. Беш аз даҳ сол пас ба хотир меорам он рӯзҳоро, рӯзҳое,ки идораи «Тоҷикистони советӣ» ҳоло «ҷумҳурият ҷои корам буд. Рӯзҳои адабиёт ва санъати ӯзбекистон дар ҷумҳурии мо наздик меомад. Серкор, сертараддуд будем. Ба пешвози ин маърака дар рӯзнома навиштаҳо чоп мешуданд. Барои инъикоси равшани ин чораҷӯӣ ман ва рӯзноманигор МаҚсуд ҳусейн ба шаҳри Тошканд фиристода шудем. Аз ҳаёти маданию адабии ӯзбекистон ва тайёрии аҳли адабу ҳунар ба сафари Тоҷикистон силсилаи маҚолаҳо бояд ба чоп ҳозир меовардем. Аз ҷумла ман ният доштам, ки бо шоираи ӯзбек, яке аз дӯстони наздики мардуми мо ва аҳли адабу адабиётамон Зулфия Исроилова вохӯрам. Аз ин хусус ба шодравон ҷонибек, ки моро дар он чанд рӯзи дар Тошканд буданамон ҳамроҳ буд, гуфтугӯ намудам. Аз чӣ буд, ки аз маҚсадам огоҳ шуда лаҳзае хомӯш монд ва баъд дар чеҳрааш ҳамон табассуми ширин, ки хоси ӯ буд, падид омад, бо ханда гуфт:
– Чӣ гӯям? Муаллима намехоҳанд, - баъд ӯ ба мо фаҳмонд, ки ваҚтҳои охир Зулфия ҳаваси сӯҳбат, вохӯриҳо надоштаанд, ба аҚидаи марҳум ҷонибек, ки ба мисле гӯшанишинӣ ихтиёр намуда. ҳамааш аз ғам, аз аламе, ки пас аз фавти кадом як хешованди наздик ба дили шоира омада. Ман, ки солҳо боз номи Зулфияро мешунидам, шеърҳояшро мехондам, аз ҷумла маълумам буд, ки «Ба духтари ӯзбек» ном шеъри машҳури устод Мирзо Турсунзода ба ӯ бахшида шуда, бинобар ин ба Тошканд омада бо вай албатта вохӯрдан мехостам. Бо Зулфия сӯҳбат карданӣ будам. Ноумед набудам. ҳис менамудам, ки шоира ба тоҷикон, ҷумҳурии мо меҳри беандоза дорад. Бинобар ин аз ҷонибек хоҳиш кардам, ки ба ҳар ҳол ба Зулфия сим бизанад, бигӯяд, ки мо аз Тоҷикистон омадаем.
Ноилоҷ монд ҷонибек ва гӯшаки телефонро бардошт. Зулфияро пайдо намуд ва бо вай хело гап зада чеҳрааш шукуфон гашт ва ҳар лаҳза «ташаккур, муаллима, ташаккур!» мегуфт, сипосгузорӣ мекард.
– Муаллима интизор, - гуфт шодона ҷонибек ва гӯшакро гузошт.
Он ваҚт Зулфия муҳаррири маҷаллаи «Саодат» буд ва шояд ҳоло ҳам дар ҳамин вазифа бошад. Ба ҳар ҳол аз ин бобат огаҳ наям. Аз ташрифи мо рӯзноманигорони тоҷик аллакай дар Қабулгоҳаш огоҳ буданд. Дари ҳуҷраи муҳаррир кушода буд. Бори аввал вохӯрда ва бо ӯ бо шоира Зулфия мусоҳиб гаштан ба мо муяссар гашта. Муаллима либосҳои ба синну солаш мувофиҚ – калонсолона ва хоксорона дар бар дошт. Куртааш сабзранги кушоду васеъ. Либосҳояш шинам, ба Зулфия мезебиданд.
ҳамон рӯзҳо анҷумани ҳаштуми нависандагони Тоҷикистон шуда гузашта буд. Зулфия аз ҳама аввал аз ин хусус ёдовар шуд. Бо ҳасрат ва дилсӯзӣ ҳарф мезад, ки гӯё чанд хиште аз бинои адабиёт ва санъати тоҷик афтода, шоҳсутунҳои намоёни он аз байн рафта. Зулфия марги нобаҳангоми устод Мирзо Турсунзода, олими намоён Бобоҷон ғафуров ва канда гаштани риштаи ҳаёти дӯстонаш, - нависанда ҳабибулло Назаров ва ҳунарпешаи барои мо тоҷикон азиз Маҳмудҷон Воҳидовро дар назар дошт.
Дар бораи Мирзо Турсунзода гашта баргашта сухан ба миён меовард Зулфия. Номи ӯро зикр намуда, Қатраҳои оби дида дар чашмонаш чарх мехӯрд. Аз марги Мирзо Турсунзода Қариб чор сол сипарӣ шудаю шоираи ӯзбек ҳанӯз барои ӯ ашк мерехт, месӯхт, андӯҳгин буд. Шеъри ба ӯ бахшидаи Мирзо Турсунзодаро ба хотири Зулфия овардем, шеъри «Ба духтари ӯзбек». Духтари ӯзбек ба марги ӯ гирён.
– Оре, - гуфт ӯ, - мо бо Турсунзода дар сафарҳо ҳамроҳ будем.
ҳарду ҳам ба мукофоти байналмилалии ба номи ҷавоҳирлаъл Неҳру шарафманд гашта. ҳарду ҳам ба кишвари афсонавии ҳиндустон бо ҳам сафар карда.
– Ба ҷанозаи Мирзо Турсунзода хабар шуда будам, - гуфт ӯ бо андӯҳи зиёд ва сабаби дар он рӯзи мотам ба Тоҷикистон наомаданашро баён намуд: - ман ин рӯзи шумро дида наметавонистам.
Зулфия ҳеҷ гоҳ тасаввур надоштааст, ки аз паси тобути Мирзо Турсунзода Қадам монад, рӯ ба ҷониби хокдони ӯ равад.
Пас аз гузаштани ҳафтаю моҳҳо Зулфия ҷуръат пайдо карда ба Тоҷикистон барои фотиҳа ба хонаи Мирзо Турсунзода омадааст. ҳамроҳи ҳамсари шоир, фарзандонаш ба зиёрати мазори Турсунзода ба Лучоб рафтааст. Сар ба санги сарди сари гӯри шоири ба ҷону дил пайвандаш ниҳодааст ва талх гиристааст.
Гаштаю баргашта изҳор мекард, ки писари калони шоир Масъуд ба падараш монанд. Гӯё Зулфия он рӯз ҷавонии Турсунзодаро дар симои Масъуд дида.
– Айнан монанди падараш, каллаи кандаи Мирзо, - ва илова намуд Зулфия… - Баъди марги Мирзо Турсунзода аввалин сафарам ба Тоҷикистон буд, аввалин боре буд, ки меҳмони Тоҷикистон будаму ӯ маро пешвоз намегирифт. Шоира баъд аз ин дигар ба ҷумҳурии мо наомада…
Як сафарашро ба хотир овард Зулфия. Ба анҷумани дуюми нависандагони Тоҷикистон ӯ ҳам даъват шуда. Ва ҳамон рӯзҳо – рӯзҳои ғамдории шоираи ширинадои ӯзбек буд. Аз марги ҳамсараш ҳамид Олимҷон мавриди зиёде нагузашта. Бо вуҷуди ин Зулфия таклифи Турсунзода – даъвати адибони тоҷикро рад нанамуд.
Ба хотир меовард, ки он рӯзҳо сард буданд. Дар бадали чанд рӯз бо мошину поезд роҳ паймуда, хунук хӯрда ҳастаю монда шуда ба Душанбе расида. Толоре, ки дар он адибони тоҷик ғун омада буданд, низ сард. Зулфия дар ин толор бештар хунукӣ ҳис карда. Месулфидааст. Дар минбар С. Айнӣ, М. Турсунзода, Лоҳутӣ, Миршакар, Икромӣ, Улуғзода, БоҚӣ Раимзода, Деҳотӣ…
– Назари Турсунзода ба ман буд, нороҳат буданамро ҳис мекард. Клавдия Улуғзодаро наздам фиристод. – Ёдовар мешавад он лаҳзаҳоро Зулфия. – Турсунзода ба ӯ доруи сулфа фиристода ва аз Клавдия хоҳиш карда, ки Зулфияро ба ягон ҷои гарм бибарад.
Баъди анҷуман ҳамроҳи як гурӯҳ адибон Зулфия низ ҳаваси сафари Боми ҷаҳон доштааст. Вале Турсунзода ӯро нагузошта. Ба аҚидаи шоира, ки ӯ ғами Зулфияро хӯрда.
Боз ҳикояте.
Соли 1949. Ба маҷлисе аҳли Қалами мамлакат дар шаҳри Москва ғун омада буданд. Аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳам. Дар он маҷлис Зулфия ва Турсунзода боз бо ҳам вохӯрдаанд. Рӯзе расида, ки як гурӯҳ ҳамҚаламон – дӯстони руси Мирзо Турсунзода ӯро ба сайри бешазорон хонда. Дар он рӯзи охирҳои тобистон бешазорони рус баҳори хуррами кишвари тоҷикону ӯзбеконро ба хотир меовард. Мирзо Турсунзода Зулфияро ҳам ба он саёҳат даъват карда буд. Онҳо мафтуни тамошои гулу гиёҳҳо ва садои хониши паррандагон гашта. Даста – даста гул мечиданд. Рӯзи хуш, рӯзи офтобии ба назари Зулфия сеҳрангезе. ӯ васфи он зебоиҳои дида ва ҳикояю ривоятҳои аз забони шоирони рус шунидааш, ки алоҚаманди бешазорон буданд, мавзӯъҳои нав-нави шеър меандешид. Шеър мехонд, шеър мегуфт бадеҳатан. Байни шоира ва шоири тоҷик васфи табиату зебоии баҳорон байтбарак сар зада. Онҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър мегуфтанд. «Хӯш рӯзе буд», ба хотир меорад Зулфия он лаҳзаҳои бо Мирзо Турсунзода ҳамсӯҳбат будан ва бешазорони рус ҳамроҳ сайру гашт карданҳояшонро…
Лаҳзаҳои дигаре боз аз он сайру гашт дар хотири Зулфия монда.
Аз саҳро аз назди гурӯҳи занону духтарон мегузаштанд. Аз палак тарбуз меканданд онҳо ва ба мошин бор мекарданд. Зулфия аз роҳаш биистод. Тарбузҳои калону хурд рӯи ҳам рехта шуда. Хара-хара тарбуз. Ало, рахш-рахш, сиёҳу сафед онҳо. ҳаваси духтари ӯзбек ба тарбуз рафта, ба мисле, ки ӯ миёни палакҳои тарбузу харбузаи сарзамини ӯзбекҳо афтода.
– Хоманд ё пухтагӣ?
– Тарбуз пурсам?
– Медиҳанд?
– Барои Зулфия гӯем, медиҳанд. Бовар намекунед? Биёед ҳамроҳ пешашон меравем. Ана ҳамин кас Зулфияи мо мегӯем. – чеҳраи устод аз табассум гулгун гашта такроран номи ӯро ба забон мегирифтанд.
РафиҚони руси Турсунзода раъи Зулфияю Мирзоро ҳис намуданд. Аз сӯҳбаташон рамуз гирифтанд. Наздики занҳо рафта якбора суханро аз шӯхӣ сар карданду хандиданд… Аз афташ, шӯхияшон беҷо намуд, ба духтарони рус нафорид, табъашон якбора хира гашт. Аз ин рӯ ваҚте ба сари матлаб омаданд, талабашон рад шуд. ҳатто бо пул ҳам тарбуз додан нахостанд.
Ноумед баргаштанӣ шуданд. Вале Турсунзода ба ҳар навъе, ки бошад хоҳиши Зулфияро ба ҷо оварданӣ буд.
– Гуфта будам. Зулфия, бе худи шумо кор буд намешавад, биёед худамон меравем, медиҳанд, гапи худам мешавад, - гуфт Турсунзода, ки андаке дуртар аз ҳамроҳонаш паҳлӯи шоира меистод ва ба ҷониби онҳо Қадам монданд.
Медонед, ин рафиҚи мо кӣ, - ҳамроҳони Турсунзода ҳанӯз шӯхӣ доштанд. – Аз Осиёи Миёна. Шоираи ӯзбек, шоири тоҷик. – Баъд сухан аз Турсунзода сар шуд, яке аз дӯстони ӯ дасташро болои китфаш монда вайро васф мекард. Аз авлоди Хайёму Сино, Саъдӣ, ҳофизи бузург гуфт ӯро. Шеърҳои ба русӣ тарҷума шудаашро хонд. Занону духтарони рус гӯё андаке ба сулҳ моил шуда. Он рафиҚи Турсунзода инчунин гуфт, ки вай бештар ба ҳиндустон сафар карда. Силсилаи шеърҳои «Қиссаи ҳиндустон»-и Турсунзодаро ном бурд. Ана ҳамин шеърҳо калиди кушоиши матлабҳо гашт. ҳама ба сӯҳбати шоири тоҷик ҳавас пайдо карданд. Ва ҳатто яке аз духтарон силсилаи шеърҳои ҳиндустонии Мирзо Турсунзодаро, ки ҳамон рӯзҳо дар рӯзномаи «Правда» чоп карда буданд, хонда сураташро дида будааст. Шоири тоҷик бо забони русӣ шеър мехонд. Дар сари полез базми шеъру суруд оғоз шуд, сӯҳбати ширине ба вуҷуд омада, Зулфия ҳам шеър хонду шоирони дигар ҳам.
Зонону духтарони рус шоиронро акнун ба ихтиёрашон намегузоштанд. ҳама аз саҳро баромада гирди онҳо ҷамъ омада. Рӯи сабзазорони лаби ҷӯй ҷой густурданд, меҳмондорӣ ва сӯҳбати ширини тарафайн гармтар гашта.
– Хеле ширин, бомазза буданд тарбузҳо, сӯҳбатамон ҳам ширин, гуворо буд. Аз хотирам намераванд, хуш буданд он лаҳзаҳо, ҳайфи рӯзгори рафта, - мегуфт мусоҳиби мо Зулфия.
Сӯҳбати мо бо Зулфия шира гирифта буд. МаҚсудҷон мехост, ҳар лаҳзаи ба ваҷд омадан, мутаассирӣ, тағйири ҳоли ӯро сурат бигирад, беҚарорӣ дошт, вале Зулфия Қатъиян рад менамуд, аз чӣ буд, нагузошт сураташ акс ёбад. Бо дарду ҳасрат сухан мегуфт, ҳасрат ва дардаш аз Мирзо Турсунзода буд. Дар охир чанд шеъри ӯро гирифтем. ҳамон рӯзҳо шеърҳои шоираи ширинкаломи ӯзбек, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, чун Мирзо Турсунзода дорандаи ҷоизаи байналхалҚии ба номи ҷавоҳирлаъл Неҳру Зулфия Исроилова дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» чоп шуданд. Сураташро ҳам пайдо намудем. Вале хотираҳои ӯ дар бораи дӯсташ Мирзо Турсунзода рӯи дафтари хотираам монда буд. Имрӯз он дафтарчаи рӯзноманигориамро вараҚ мегардонам. Он навиштаҳо, Қайдҳо ба назарам Қимати баланде ёфтаанд. Он рӯзҳо дӯсти наздик ва меҳрубони мо адибони тоҷик ҷонибеки ҚувноҚ дар ҳаёт буд. ҳамдам, мададгор, ҳамроҳи мо. Вале ҳаёт, зиндагии ӯ низ ба хотира бадал ёфта. Ин чанд сатри рӯи коғаз овардаам ҳам хотираи Зулфия аз зиндагии Мирзо Турсунзода ва хотираи дигаре аз лаҳзаҳои ҳамроҳ буданҳои мо бо ҷонибеки ҚувноҚ.
Аз рӯзгору зиндагии Мирзо Турсунзода шахсан худи ман ёде надорам. Мусоҳибашон ҳам нашудаам. Гоҳе аз дур дар минбари маҷлису маъракаҳо дидаам, суханҳояшонро шунидаам, сари роҳ дучорашон омадаам. Баъдтар роҳам ба олами адабиёт оғоз ёфта. Повести аввалам пас аз сари Мирзо Турсунзода ба чоп расида. Дидорбиниҳояшон аз дур ба вуҚӯъ омада.
Боре бо як гурӯҳ адибон назди бинои рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» будам. Аз ҷониби ИттифоҚи нависандагон, ки дар кӯчаи Орҷоникидзе воҚеъ буд, меомаданд устод. Ман ҳам дар Қатори бисёрӣ ҷонибашон рафтам. Дасташонро фишурдан ҳамин ҷо насибам гашта.
Лаҳзаи дигаре. Шахси ба дилу дидаам наздик, нависанда ҳабибулло Назаров дар беморхонаи раҚами чор ва ҳоло ҳам ҳукуматиаш гӯянд, мехобиданд. Ба хабаргириашон рафтам. ҳангоми баргашт ҳабибулло Назаров занеро, ки аз ҳуҷрае берун меомад, нишон дода гуфтанд, ки ҳамсари Мирзо Турсунзода аст ва ба аёдати шавҳараш омада. Турсунзода ҳам бемор буданд, ҳолашон сабук не, ҳабибулло Назаров гуфтанд, ки Саодатхонро ба мошинам савор карда, то хонаашон бубарам. ҳамсари шоир то аз мошин фуромадан ҳар лаҳза оҳи ба дард мекашид, мегуфт, ки аҳволи Мирзо Турсунзода вазнин.
Рӯзҳои охири тирамоҳи соли 1978 буд. ҳабибулло Назаровро аз хонаашон ба беморхонаи Қарияи Боло мебурданд. Муаллим гӯё васият мекарданд, ки дар он лаҳзаҳо Мӯъмин Қаноат ва Гулрухсорро ҳам наздашон хонда буданд, ман ҳам хабар шуда… Дарди бедаво ҷисму ҷон, пайкари муаллимро мегудохт, месӯхтанд. ҳолашонро худ медонистанду худо. Хароб ва хело афтода менамуданд.
Гулрухсор ба муаллим гуфт, ки аҷаб не фавти Мирзо Турсунзода ба он кас таъсир расонда ва барои ҳамин ҳам якбора бистарӣ шудаанд. Гулрухсор боз илова намуд:
– Турсунзода дӯстатон буданд, ҳамдиёратон…
ҳабибулло Назаров норизоӣ карданд, ки барои маҳз ҳамдиёрӣ будани ӯ насӯхтаанд, аз он ғам мехӯрдаанд, ки овози як нафар тоҷик – тоҷики бообрӯю шӯҳратманд чун Мирзо Турсунзода аз минбари маҷлису ҷалассаҳои мамлакатҳои олам минбаъд садо намедиҳад, тоҷикон аз фарзанде ба мисли Турсунзода маҳрум монда. Фарзанде, ки солҳо дар ҷумҳурии мо ҷои ӯ холӣ. Ва ҳабибулло Назаров дар ҳаҚиҚат барои Турсунзода беҳуда насӯхта, ғам хӯрда обу адо нашуда…

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess