Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Асадулло Саъдуллоев


Бисёриҳо мегӯянд, ки номи ӯ ва Тоҷикистон якест. Турсунзодаро бо Тоҷикистон ё Тоҷикистонро бо устод мешиносанд. Ва ин бисёр табиӣ ба назар мерасад. Инро онҳое ҳам тасдиҚ мекунанд, ки то дами вопасин ба он кас тамаллуҚ мезаданду ба васфашон мадҳияҳо менавиштанд, вале баъди сарашон аз эҷоду аъмоли он кас «шоири маддоҳ» дарёфтанд. ҳам ононе сари ин аҚидаанд, ки устод Мирзо Турсунзода аз ҳарфи аввали расмии матбуотӣ (1929) то сатри охирон чун мунодии сулҳу мубаллиғи Тоҷикистон, вассофи ишҚу меҳри бепоён ба халҚу диёр мепазируфтанду мепазиранд. Мехоҳам, пеш аз он ки ба мавзӯи асосӣ гузарам, фаҚат як иҚтибосе ба муколамаи шоири шаҳири миллати тоҷик ЛоиҚ дар барномаи телевизионии «Сӯҳбати мардона» биоварам:
Журналист: Шумо нисбати устод Турсунзода чӣ гуфтан мехоҳед?
ЛоиҚ: Одами одамон, шахсияти нотакрор, инсоне буданд як умр дар ғами нумӯи Тоҷикистон. Агар устод намебуданд, банда ҳам имрӯз дар лобалои шумо намебудам…
Мо насли воҚеан ҳам хушбахти асри бист ҳастем. На аз ҷиҳати фаровонии ризҚ – он замон ҳам тангдастиҳою беадолатиҳо буданд. Хушбахтии мо дар мустафид гаштан аз мулоҚоту сӯҳбатҳо бо устодони бузурги адабиёту санъат аст. Он замон дасту дили адибон ҳамеша ва барои ҳама боз буд (аз бадбинони сохти шӯравӣ узр), натанҳо толорҳои Қироату вохӯрӣ, балки хоначаҳои танги хобгоҳҳои донишҷӯён ҳам ба ҷои буду боши дуюми адибон табдил ёфта буд. Адибони номвари имрӯза Фазлиддин Муҳаммадиев (равонашон шод бод), Юсуф Акобиров, Салимшо ҳалимшо, Абдусалом Атобоев (ҷояшон ҷаннат) ба Қавле корвонкаши устодон буданд. Сӯҳбатҳо бо Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, ҷалол Икромӣ, БоҚӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Пӯлод Толис ва дигарон то Қарибиҳои сапедадам идома меёфт ва мо борҳо субҳро баъди гусели меҳмонони азизамон дар ҷодаю саракҳои гулпӯшу рӯшуста истиҚбол мекардем. ВаҚте ман дафтарҳои ба Қавли шарикдарсам Нурмаҳмад Табар «бухгалтер»-ии бо мурури ваҚт судашударо вараҚгардон мекунам, дилам аз шодӣ гум мезанад. Бигузор мо ҳазоряки он бузургон нашудаем, вале аз он ки аксари онҳо дар «хотираҳо»-и каҷмокилебамон наҚше гузоштаанд (гоҳ таассуроташон, гоҳ таассуроти мо аз мулоҚот бо онҳо), ҳамеша ифтихори хоса дорем.
Инҷониб синфи ҳафт мехондам, ки устод Айнӣ даргузаштанд. Бо поезд аз Кофарниҳон ба гусел (дафн) омадам, аз модарам пинҳонӣ. Аз вокзал то Қарибиҳои почтаи марказӣ бошитоб роҳ паймудам. Аммо то боғи марказӣ расида натавонистам. Одам бисёр буд. Бо надомату афсӯс пас гаштам ва ба худ савганд ёд кардам, ки агар хондан дар пойтахт насибам гардад, то метавонам бо бузургони сухан наздик хоҳам буд.
Баъди хатми курси аввал, соли 1958 моро ба гандумдаравӣ ба ҚазоҚистон бурданд. Чандон дарав накарда бошем ҳам, аз чанги коҳ сер шуда ва муҳимаш пул кор карда, бори аввал дар ҳаётам кастум харидам. Эҳ-ҳа, карру фари маро медидед – дирӯза сағираи кампирпарвар бо галастуку кастум!.. Чанде баъди ин «рӯсурхӣ»-ҳо, охирҳои сол овоза шуд, ки дар донишгоҳ бо адибон вохӯрӣ мешавад ва онҳо мехоҳанд бо эҷодиёти аъзои маҳфили адабӣ шинос шаванд. Рости гап, дар донишгоҳ адибтарошон пур буданд, вале аз ҳама бисёр курси мо шеъргӯ дошт. Аҳтам Авазӣ, Одина Мирак, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Муҳаммадазиз Азизӣ, Абдулло Ораз, Бурҳон ғанӣ, Бозор Собир ҳам машҚ мекард, аммо ба касе нишон намедод.
Вохӯрӣ дар маҷлисгоҳи хурд барпо шуд. Пешгоҳи он ба мисли саҳна Қариб ним метр баланд бардошта ва мизу курсиҳои Қаҳваранге гузошта шуда буд. Меҳмононро Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов (ректор) ба мо муаррифӣ карданд. Бисёр буданд онҳо. Б. Раҳимзода, Ф. Ниёзӣ, ҷ. Икромӣ, М. Фарҳат, В. Кириллов, аммо чашми мо буду устод Турсунзода. Он кас каф ба манаҳ гузошта, шеър гӯш мекарданд. Гоҳ-гоҳе дар коғазаки гулобӣ ким-чиҳо менавиштанд. Шоирони донишгоҳии мо ба васфи партия, Ватан, пахта, дӯстӣ сухан мавзун карда буданд… Меҳмонон баъди ҳар ду-се Қироат дар бораи чизҳои хондашуда изҳори аҚида карда, ҳамзамон аз эҷодҳои хеш Қироат мекарданд. Навбат ба устод ҳам расид. Он кас аввал аз хусуси вазифаи шоиру нависанда ҳарф зада, баъд ба таҳлили шеърҳо гузаштанд. Чанд гапашонро ба дафтарам кӯчондам, ки ин аст:
– Шукр мегӯям, ки адабиёти мо дар симои шумо Қадрҳои хубе дорад… Аммо бояд бигӯям, ки лофу газоф хоси шеър нест. Дар миёни шеърҳои хондашуда чанд порчае буд, ки «Тоҷикистон» ва «Сталинобод» ном дошт. Рост, Сталинобод хонаи умеди мост ва маркази Тоҷикистон аст. Аммо бо иғроҚҳои хушку холии шоирона вайро ободтар намегардонед. Шумо онро гаштаву баргашта ба гулистону мазрааи пурбор, ба биҳишти адн монанд мекунед, аммо чизи асосӣ – гармии дили сокинонаш эҳсос намешавад. Ман шаҳрҳои зеборо бисёр дидаам. Ва пойтахти мо ҳоло ноободиҳои бисёр дорад. Шумо мардума ба кор хонед, фикр бояд тару тоза бошад, ба кас таъсир кунад…
Ин аввалин вохӯрии банда бо шахсе буд, ки бо шунидани номаш аз ҷой боло мешудем, шабу рӯз шеърҳояш вирди забонамон буд. Баъдтар аз 6 то 17 декабри соли панҷоҳу нӯҳ курс – конференсияи адибони ҷавони ҷумҳурӣ мегузашт. Ба он аъзои маҳфили донишгоҳии навҚаламон низ даъват шуда буданд. Дар сексияи наср ва очерку публисистика аввал повести Болта ОртиҚов «Таътил» ва баъдтар очерки Абдусалом Атобоев «ВаҚте ки баҳр меғуррид…» муҳокима гардид. (Ин очерк дар «Тоҷикистони советӣ» зери рубрикаи «ҳикоя» чоп шуда буд).
Аввалиро устод Сотим Улуғзода ва маҷлиси дуввумро Фазлиддин Муҳаммадиев ҷамъбаст карданд. Аҷоиб баҳсҳо буд. Мо худро дар осмони ҳафтум меангоштем. Устод Икромӣ ҳини ҷамъбаст гоҳ-гоҳ аз «Ёддоштҳо» мисол меоварданду гӯё ҳазл мекарда бошанд, мегуфтанд:
– Ба таъбири устод Айнӣ давлат ба мо барои асар пул медиҳад. Ин саҳл гап нест, барои ҳалол кардани пул меҳнати ҳалол мебояд.
ВаҚтҳои танаффуси нисфирӯзӣ дар ҳавлии ИттифоҚи нависандагон, дар чойхонаи «Фасон» (ки даҳҳо воҚеаҳои бо устодони сухан марбут он ҷо рух додаву инҷо майдони сухан танг аст, зиёфат (хӯроки чошт) барпо мегашт. Мо гӯё дар мамлакати афсона будем. Даври мизҳо устодон Улуғзодаю Икромӣ, Петр Вершигора, М. Сайфиддинов, М. Муллоҷонов, С. Липкин, А. Ойслендер, О. Романченко, Я. Аким, П. Толис, Б. Раҳимзода, ғ. Мирзо ва мо, ба Қавли устод Шарифҷон ҳусейнзода «кирмакҳои шабтоб» (мо ҳатто рӯзтоб шуда будем) менишастем. Ва аз он воҚеа чилу як сол гузаштаву ҳар гоҳ дафтар ба даст гирам, гӯё устод Мирзо Турсунзода аз пушти миз бархоста мегӯяд:
– Ин ҷо чанд насл гирд омадаем, бигузор анъана бардавом бошад.
Тӯли беш аз чиҳил соли фаъолият дар васоити ахбор ва Донишгоҳи миллӣ дар даҳҳо ва садҳо мулоҚоту маъракаҳои каломи бадеъ ҳузур доштам ва барои ин аз таҚдир миннатдорам. Ин ҷо мехоҳам аз чанд мулоҚоте, ки бо устод Турсунзода солҳои ҳамкорӣ дар «Тоҷикистони советӣ» доштам, ёдовар шавам.
Дар собиҚ кӯчаи Орҷоникидзе (10) бинои Вазорати маданият ва идораи газетаи «Тоҷикистони советӣ» ҷойгир буд. Паҳлӯи он, бист-сӣ Қадам дуртар ИттифоҚи нависандагон Қарор дошт. Ва рӯзе набуд, ки устодон Турсунзодаю Раҳимзода (агар дар Душанбе бошанд) як-ду раҳ ба ин бино надароянд (сӯҳбат ё Қазои ҳоҷат). Он шабу рӯз банда диссертатсияи номзадӣ ҳам менавиштам ва азбаски кор ба публисистикаи устод дархӯр буд, орзу доштам, ки бо он кас маҳз дар ҳамин хусус сӯҳбат ороям, аммо ҳайбаташон маро аз роҳ мегардонд. Ба ҳукми таҚдир ин мушкил осон шуд. ҷашни 50-солагии «Тоҷикистони советӣ» наздик меомад. Абдулҳамид Самад ва банда ба ин муносибат китобе таҳия мекардем, ки мебоист навиштаҳои аксари алоҚадорони газетаро фаро бигирад. Матни сарсуханро ман навишта будам, аммо бо имзои кӣ рафтанаш маълум набуд. Ёздаҳуми феврали соли 1975 ғоиб Назарович Қаландаров ману Абдулҳамидро ба ҳузураш ҷеғ зад ва гуфт:
– Сарсуханро бояд устод нависанд.
Аз ин сухан ҳарду беҳад шод шудем, бахусус ман, ки кайҳо боз пайти сӯҳбати хоса бо он касро меҷустам. Гуфтам:
– Матн тайёр аст, манзур кунем, чӣ мегуфта бошанд?
Дар лабони ғоиб Назарович табассуме сайр кард, ки маънияш номаълум буд.
– Мирзо Турсуновичро ҳанӯз намешиносед. Ман ҳам ваҚте дар «Правда» кор мекардам, гумон доштам, ки ба ҳар навишта он кас имзо мегузоранд. Аммо баъд… Хайр, худатон аз ин кор огоҳ хоҳед шуд.
Баъди як соат муҳаррир ба шӯъбаи адабиёт даромада амр кард, ки бо мундариҷаи китоб назди устод равам. Тарсону ларзон аз ҷой хестам. Салимшо ҳалимшо Қоҳ-Қоҳ зад.
– Бо ҳамин дилу гурдашон мудири мо! – хитоб кард ӯ ва гуфт: – Пеш даро, мудирҷон, Салимшо ин ҷо боми пастак, он ҷо ИттифоҚ, банда обрӯманд. Бо устод мо Қадрдон.
ҳазлкунон то дами Қабулгоҳ рафтем. Котиба гуфт, ки он кас интизоранд.
– Ассалом устоди бузургвор! – хитоб кард ҳалимшо. – ҳар бор ин кас маро назди шумо барои маҚола мефиристад. Акнун худаш корафтода шудааст. Чанд кори ба ҳам алоҚаманд дорад.
Устод ки назди тирезаи панҷарадор ба равуои одамони кӯча муоина мекарданд, аз ҷой бархоста ба пушти мизи дарозрӯяи Қаҳрабоӣ гузаштанд. ҳалимшо хайрбод гуфту рафт.
Понздаҳ сол ба ин сӯ чун корманди матбуоту телевизион бо шахсиятҳои гуногун вохӯрдаву сӯҳбатҳо карда будам. ҳатто худи устод ҳам ваҚти дар шӯъбаи адабии телевизион кор карданам борҳо даъват шудаву дар барномаҳои мо ширкат варзида буданд. Аммо ду ба ду бори аввал менишастем.
– Хӯӯш, – гап сар карданд устод. – ғоибназар як чиз овард. Хондам. Намешавад. Ба ман гӯед, ки китобатон чиҳо дорад?
Дар хусуси очеркҳои О. Латифӣ, ғ. Қаландаров, Ш. ҳаниф, ҳикояи Абдулҳамид ва чанди дигар маълумот додам. Гуфтанд, ки худашон чизе менависанд. Аз хусуси дигар корҳо пурсиданд. Гуфтам, ки аспиранти ғоибхонам. Мавзӯям публисистика. Маводи асосӣ сӯҳбату маҚолаҳои он кас.
– Кай ҳимоя мекунӣ? – пурсиданд устод.
– Маълум не, устод. Як бобаш нотайёр. Роҳбарам Соҳиб Шӯҳратиевич мегӯянд, ки то бо шумо шахсан сӯҳбат накунам, корро намехонанд…
– ҳа, Соҳибҷон одами сара, магар худат сӯҳбат карданӣ набудӣ?
ҷавоби ин саволи содда душвор буд. Даҳҳо маротиба вохӯрданӣ мешудаму ба таъхир меафтод. Гумон мекунам, ки ағлаб ин аз ҳайбати он кас буд. Ба назарам кӯҳи Қоф менамуд устод, дастнорас намо медод. Инак, ман рӯёрӯи он кас нишастаам. Даст болои манаҳ ба мӯйҳои парешонам менигаристанду аз саволи таҳдори худ завҚ мебурданд.
Лаҳзае сукунат ҳукмфармо гардид. Ман вараҚҳои сафеди дафтари Қайдҳоямро пасу пеш мегардондам. Дуртар аз мо болои курсие магнитофони ориятии мухбири радио меистод.
– ҷанг дар ҳамаи замонҳо бо таҚдири одамон бозӣ мекард, - гӯё ин гап ба мавзӯъ дахле надошта бошад, гуфтанд устод. – БеҚадрии инсон ҳам дар майдони ҳарб аст. Ёд доред, мо мегӯем, ки бист милён одама талаф додем. Ин Қадар одам зану фарзанд, падару модар, хешу табор дорад, оҳи ҳамаи онҳо тӯфон мешавад, тӯфон! Аммо ҷангандоз кишвар ба кишвар, ғарҚи зару зевар, масти кирдораш ҳузур карда мегардад.
Мо ба Қарибӣ шартномаи оид ба манъи истеҳсол ва озмоиши яроҚи бактериологиро дар комиссиюни хориҷии парламенти СССР ратификатсия кардем, дар ин ҳуҷҷат махсус Қайд шудааст, ки сарнавишти инсон бозича нест ва ҷангро чун ҳалли ин ё он масъала ба миён мондан гумроҳӣ аст. Албатта, тамоми Қувваро ба он равона бояд кард, ки на ҷанг рӯй диҳад ва на даҳшаташ дили мардумро ба ларза биоварад. ҳадафи маро фаҳмидаӣ, фикр мекунам. Публисистикаи ман ин майдони муборизаи ман барои сулҳ аст. ҷои шубҳа нест, ин ваҚт мегирад, барои эҷодкор бошад, ваҚту илҳом бисёр арзишманд аст. Азоби ҳиҷрони фарзандон сарборӣ. Дар чанд асар аз ин хусус гуфтаам.
Зиндагии инсон, шеваи инсон чизи Қимат аст. Баъзан барои як бузкашӣ мо ҷой намеёбем. Саросари сайёраи Замин бошад, миллёнҳо гектар киштаву боғ ҳар сол на аз хушксолӣ, балки таги ҷанг монда адою абгор мешавад. Ва нафратовар аст, ки ҷанг чун рӯйдоди объектив исбот карда мешавад. Масалан, мегӯянд, ки агар ҳар бист-сӣ сол ҷанг нашавад, одамхӯрӣ маълум хоҳад гашт. Ин ки фиристодагони давлати мо аҚсои олам гашта, маскунини сайёраро ба ҳамзистии осоишта мехонанд, шиори шӯравиён нест. ТаҚозои ваҚт, эҳсоси масъулият аст.
Устод як лаҳза таваҚҚуф карданд, ангушти ишоратӣ холи болои абрӯи росташонро молиш медод. Чашмашон бар ману ҳушу ёдашон ба дуродур буд…
Андешаҳои ман ҳам даштӣ шуданд.
Он замон аз ҳисоби давлат бо аҳли рикоб ё маъшуҚаю раммолу ҳаммол ба сафари хориҷӣ баромадан маълум нагашта буд. ҳар сӯми давлат ҳисобу китоб дошт. Гузашта аз он роҳхати сафар на ҳамёни пурзар, балки обрӯ,хизмати содиҚона маҳсуб мегашт. Устод Турсунзода ҳатто дар ҳамон даврон дар се-чор мамлакат (аз ҳар Қора) ҳисоби кушода доштанд ва бештарини маблағашон аз ҳисоби ҳаҚҚулзаҳмаи эҷодӣ буд, вале бо вуҷуди он ҳар Қабул ё зиёфати байналхалҚӣ аз тарафи нозирони давлат санҷида мешуд. Имрӯз гуфта наметавонем (баъзеҳо нодида ҳам бад мегӯянд), ки он амал хуб буд ё бад, магар ба иззати нафси шахсони боэътимоди ҷамъиятӣ сахт намерасид?
– Николай Семенович гоҳ-гоҳе, агар шӯхӣ карданӣ шаванд, мегуфтанд, ки сафари хориҷӣ ба Леонид Илич мезебад. Ба дӯст ҳам зиёфат медиҳад, ба душман ҳам.
Дар як ҳолат ман ҷонибдори Тихонов. Дипломатияи халҚӣ аз Қадимулайём тафриҚаро дар муомилоту муошират рад мекунад. ҳанӯз ҳофизи бузургвор фармуда буданд:

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро…

Партияи мо барои фиристодагони худ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Ман Қариб ними дунё дидаам. Барои як рӯидае аз Қаратоғи танг баромадан ба паҳнои нилогини фалак ин кам нест. Аммо барои дипломатияи ҳалҚи мо кам аст. ҳанӯз мадор ҳаст, дил аз сафар намондааст. Худро хушбахт меҳисобам, агар дар кори сулҳ чун дар хирман арзане ба Қувваҳои беҳисоби сулҳдӯст замима шавам.
ҳндустон, Покистон, Вротслав, Варшава, Вена, Стокголм, Хелсинки, Қоҳира, Конакрӣ, Бейрут, Доруссалом, Никосиё, Бандунг, Теҳрон, Бағдоду Прага, аксари мутлаҚи ҷамоҳири шӯравӣ… Аз ҳар шаҳре, мамлакате, ки борҳо сафар карданд, устод воҚеаҳо, шахсиятҳоро ном мебурданд, ки ҷузъ-ҷузъашон чун вуҷудашон барояшон басо ошно ва маҳрам буд. Сӯҳбати мо идома дошт. ҳанӯз саволҳои ман ба поён нарасидаанд, аммо суоле дар гулӯ дармондааст. Пурсам ё не, хуб мешавад ё бад? Бахт аз таваккал мепурсам.
– Устод, магар Носири Хусрав ба ёдатон намеояд?
Устод лаҳзае аз сухан таваҚҚуф мекунанд. Ожангҳо болои абрӯ гиреҳ мехӯрданд, даст аз манаҳ намегиранд. Дар нигоҳашон олудае аз ҳасрат ё пушаймонӣ намо медиҳад.
– Ният доштам ва дорам, ки дидаву шунидаҳоро мисли устод Айнӣ дар китобе фароҳам орам. Аммо инони ин кор ба дасти ваҚт аст.
ҳарфи дигаре нагуфтанд, андаке пушаймон шудам аз пурсонам, зеро аввалан, вай ба мавзӯъ дахл надошт ва баъдан, гумон бурдам, ки ба ҷои дардманди он кас даст расондаам. Бе ин ҳам ёру ағёр шоирро ба сайёҳӣ машҳур карда, яъне бо беаҳамиятӣ ба эҷод муттаҳам карданӣ мешуданду ман бошам…
Ба мавзӯи сӯҳбат баргаштем. Аз сарчашмаҳои нерӯи публисистика суол ба миён овардам.
– Намегӯям, ки ин ягона бошад, аммо ба гумонам, сарчашмаи асосӣ ҳаракати суолхоҳӣ дар мо ва хориҷа аст. БайраҚбардорони он Иля Эренбург, Александр Фадеев, Николай Тихонов, Борис Полевой буданд, Онҳо ҳам иштирокчии фронтҳо, ҳам мудохилачиёни фаъол дар мурофиаҳо буданд. Онҳоро дар симпозиуму конгрессҳо медиданд! Онҳо, чун моҳӣ дар об, бо ҳазорон лаҳҷа бо дӯсту душман ба баҳс мерафтанд. Ё гирем олими франсӯз Федерик Жалио Кюриро. ӯ яке аз асосгузорони омӯзиши синтези атомӣ, таҚсимшавии ядроҳои вазнин, роҳбари сохтмони нахустини реактори атомӣ буд, вале аз офати силоҳи атомӣ бо овози баланд огоҳӣ медод. То марти соли панҷоҳу шаш, яъне то дами вопасини ҳаёташ аз сулҳу осоиш ҳарф мезад, чун президенти Федератсиюни умумиҷаҳонии коркунони илм ва Раиси Совети умумиҷаҳонии сулҳ бо мукофотҳои байналхалҚии нобелию ленинӣ Қадр шуда буд, вале аз ҷанг гап занӣ, чун оташ дармегирифт, ҷаҳонро бозу боз гаштаю нидои сулҳро ба гӯши ҳар фарди соҳибҳӯш чун Қир рехтан мехост. Бахти бузурги ман аст, ки бо чунин ашхос дар конгрессҳо ва симпозиюмҳои бузург иштирок кардаву ҳоло дар Қайди ҳаёт ҳастам. Бубинед, гӯё ҳамин дирӯз мо бо Ванда Василевская, Александ Фадеев ва Александр Корнейчук дар конгрессҳои Вротславу Берлин баҳс мекардем. Акнун онҳо даргузаштаанд, аз иштирокчиёни конгрессҳои тоҷангию баъдиҷагӣ одамони башумор мондаанд.
Порсол 25-солагии аввалин конгрессро Қайд кардем. Аксари иштирокдорон нисбатан ҷавон буданд. Нағз, ки наслҳои нав идомабахши анъана ҳастанд, аммо ба ёд овардани созмондиҳандагон ҳузновар аст.
Соли 1946 ҳаракати тарафдорони сулҳи Осиёву АфриҚо ба амал омад. Ин сабаб дошт. Ин ду Қора на танҳо дар ин аср, балки асрҳои баъдӣ ҳам маркази ҷангу ҷидолҳо хоҳад шуд, зеро Қисми аксари неъматҳои зеризамину рӯи замин дар ҳамин ду Қора аст. Боигарӣ бошад, асоси нохушиҳост. То соли 1947 дар АфриҚо як давлати мустаҚил буд. – Миср. Ва мо дар Қоҳира нахустин Конференсияи тарафдорони сулҳи ду Қитъаи серодами дунёро созмон додем. Ибтидои сафарҳои сершумори кории банда аз ҳамин ҷост. Баъдтар конференсияи Осиёву мамолики Океания сар шуд, ҷанҷоли хитоиҳо, кореягиҳо ва вйетнамиҳо баромад. ҷудошавию талоши муттаҳидгардиҳои ин мардум аз ҳамон солҳо оғоз ёфта.
– Хуб устод, модом ки сухан аз ибтидоҳо рафт, руҷӯи мо ҳам зарар надоштагист. Мехостам аз сарнавишти «ҳукм» ва оғози фаъолияти журналистӣ вуҚуфе дошта бошам.
– Солҳои сиюм дар назди газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва Институти педагогӣ ду маҳфили адабӣ (кружок) буд. Ба яке Бектош сардорӣ мекард. Банда котиби масъули газета будаму ба маҳфил роҳбар. (ИттифоҚи нависандагони Тоҷикистон ҳам дар заминаи ҳамин кружокҳо ташкил ёфта буд). Аммо бадбахтӣ ин ки маҳфили институт бо мо чап буд. Бектош дар ҳама маврид худро бо мо зид мегузошт. Чӣ ҷои пинҳон кардан, мо ҳам ӯро бад медидем, охир вай фитна буд. Як мисраи ҳаҷвномаи ҳамкорамон дар ёдам ҳаст: «Аз Бектоши бадафт бурида бод бинӣ…»
Надонам, бахт баргашта буд ё дуои ағёр, ки ҳамон замон ба касалии тиф гирифтор шуда, чанд муддат бистарӣ гаштам. Зиндагии якнаҳаҷи бемористон ба дил зада буд. Баъди табобат рост ба идора омадам. Аз бухгалтерия пул гирифта бо ягон дӯст шикамсерӣ хӯроки болаззат хӯрданӣ будам. Аммо пул надоданд. Сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки «туро аз комсомол ва аз вазифа рондаанд». Ба Средазбюро ариза бурдам. Маълум шуд, ки ваҚти набуданам як хабари ӯлмасов ном мухбире гум шудаву худи ӯ донишҷӯи институт будааст. Бектош маслиҳат додааст, ки «шикоят кун, ба сека рав». Рафтааст. Натиҷааш ин шуд, ки ман азоб дидам. Албатта, каме баъдтар ҳама чиз ба ҷои худ омад. Вале аз газета дилам монд. Як сол пеш дар озмуни ҷумҳуриявӣ (1933) аввалин пйесаам бо номи «ҳукм» ғолиб омада буд (ҷои дуюм), аммо театрҳои Сталинобод онро ба саҳна гузошта наметавонистанд. Миллатчиҳою нотавонбинҳо кам набуданд. Асарро бардошта ба Ленинобод рафтам. ҳаким Каримро, Раҳим ҷалилро (ғоибона) мешинохтам. Онҳо ва дӯстонашон Зариф Раҷаб, Ашӯрмат Назар, Тоҷӣ Усмон бародарони ман шуданд. ВаҚти муҳокимаю таҳияи «ҳукм» бо актрисаи театр Сабоҳат Низомиддинова ошно шудем. ӯ дар наҚши Зевар, ки аз ҷониби Хуршед ҳимоя медид, хуб ҳунарнамоӣ мекард. Баъд таҚдири мо бо ҳам пайванд шуд. Ман то умр боҚист, аз мардуми шаҳри Ленинобод миннатдор хоҳам буд. Онҳо дар рӯзҳои сахт пуштибонам шуданд, ба сифати мудири Қисми адабии театр кор кардам, бахтамро ёфтам ва муҳимтар аз ҳама, дастгирии онҳо маро ба ҳаёт дилгарм сохт. Мухтасараш ҳамин.
Гарчи ин гуфтаҳо низ ба сӯҳбат робита дошт, мо аз мавзӯи асосӣ як каме дур шуда будем. Мебоист ба публисистика бармегаштем. Саволи мувофиҚе намеёфтам. Чун тарошае аз бом пурсидам.
– Баъзеҳо мегӯянд, ки идеяро дар асарҳои бадеӣ тавассути образҳо дарку эҳсос кардан мумкин, аммо дар публисистика онро хондан метавон…
– Ин фикр билкулл ғалат аст. Магар ман «Садои Осиё»-ро «манифести бадеии Қитъа» гуфтаам, ё дар аввалу охири «ҳасани аробакаш» хондаед, ки вай «достони табаддулоти бузург» бошад? Дуруст аст, ки чеҳраи асосӣ баёнгари мӯҳтаво буда метавонад, вале на ҳамеша. Масалан, Абдураҳим Мустафозода аз он сӯи дарё гурехта дар ин сӯ бахт мебинад. Агар гӯем, ки ғояи сулҳдӯстӣ ва омӯзиши муҚоисавии ду ҷаҳон дар эҷодҳои Турсунзода аз ҳикояи «Кулфатзадагон» сар задааст, чандон сара намебурд. ғояи урён дар публисистика ҳаст, на дар адабиёт. Публисистика, ман аз назария огоҳии амиҚ надорам, шояд ғалат кунам, ба андешаронии образнок сару кор дорад, ба публисистика рӯҳи ҷанговарона хос аст, вай жанри майдонист. Масалан, публисистикаи Иля Эренбург солҳои ҷанги бузурги Ватанӣ ҳисоби махсус дошт. Сарбозон дар ҷанг душманонро ба ҳисоби худ ва дигарашро ба ҳисоби Эренбург мекуштанд, ё ҳамин навиштаҳои устод Айниро бинед. Ягон маҚолаи он кас бе дипломатия, бе маҚсад нест, аммо ҷое хондаед, ки устод «ман фалон чӣ мехоҳам» гуфта бошанд? Аз ин мебарояд, ки публисистика чун категорӣ ба мантиҚ пайваст асту афкори фалсафиро низ ифода мекунад. Аммо дониста бошед, на ҳар навишта ин хосиятро дорад. Бисёр маҚолаҳои банда ҳам (аз ҷумла бо тахаллуси ғаюрӣ ва мухбири даҳанакӣ) ба супорише навишта шудаанд ва шарҳи ин ё он накази партия ҳастанд. Аз онҳо фалсафаи хос ҷустан соддагӣ мебуд…
Устод ангушт аз холи абрӯ бардошта, лаҳзае чашм ба саҚф дӯхтанд. СаҚфи фанерини утоҚ чун кӯраи арз пора-пораю чун давлатҳо марзбандшуда менамуд.
– Чӣ дар хориҷу чӣ дар кишвари Шӯроҳо дӯстони зиёде дорам, ки аз онҳо зиндагӣ, сабаҚи ҳаёт, маҳорати диду мушоҳидаю тавсифу тасвир омӯхтаам. Аммо бигӯям, ки Қаринтаринашон Тихонов аст, муҳобот намешавад. Николай Семенович ҳайкали дӯстист, агар ба касе меҳр бандад, садоҚаташ дилу ҷонист. Бо ӯ даҳҳо маротиба ҳамсафар будем. Аммо сафари аввал (бо Сафронову Ойбек) ба ҳиндустон фаромӯш намешавад. Николай Семенович таърихи ШарҚро аз ҳар шарҚии мутахассис кам намедонист. Бо тайёраи «Ил – 14» аз болои ҳиндустон ба ҳинд рафта, дар бозгашт даҳ рӯз муҚими иҷбории Кобул шудем. Самолёт набуд. Ба Тошканд телегром фиристодем, ки чӣ кор кунем? Маслиҳат доданд, ки таксӣ киро намоем ва худро ба Тирмиз расонем. Ба Дуоб расидем. Нисфи шаб роҳгум задем. Хаста ва гурусна ҳам будем. Ман ки акнун вазифаи тарҷумонро ҳам ба дӯш доштам, дари хонаи похсагинеро кӯфтам. Соҳиби хона як ба мо нигаристу ҳамаро ба дохил хонд. Танӯр пур аз оташ, ҳезуми нимсӯхта ва хона пурдуд буд. Чашмҳо месӯхтанд. Чойҷӯше пуроб болои оташ гузоштем. ЗиҚӣ даҚиҚа ба даҚиҚа тазйиҚамон медод. Нохост Тихонов берун баромаду даҚиҚае пас бозгашт.
– Ин дарун торикистон, аммо атрофи хона пур аз чароғ.
Берун шуда «ура» гуфтем. Чароғҳо гурехтанд. Селаи гургон аз мо рамида буданд. Сӯҳбатамон даври танӯр метасфид. Николай Семенович хитоб кард.
Эҳ, каллая бинанд. О, мирӯз рӯзи мавлуди ман-ку. Нимта ёфтан даркор.
ҳама китф дар ҳам кашидем: дар он шаби тираву сард ва пур аз гург нимта дар куҷо. Аммо ваҷоҳати Тихонов ким-чӣ хел пурасрор буд. ҳолаташро дар Қарочӣ ба ёд овардам. ҳар рӯз ҳашт – нӯҳ сӯҳбат меоростем, саволу ҷавоб охир надошт. Рӯзе аз чунин вохӯриҳо меомадем, ки дар айвон Николай Семенович шикоят сар кард.
– Гулӯям месӯзад, сад грамм даркор, - исрор мекард ӯ. Вале араҚ он тараф истад, шароб ё мусалласи оддиро ҳам бе иҷозати полис намедоданд. Ба ресторан даромадем. Пешхизмат гуфт, ки ба полис мактуб нависед, агар иҷозат фармояд, медиҳам. Анкет гирифта хонапурӣ карда, дар полис мӯҳр пахш кунонда овардем. Ходим як бутал «ҷин»-и ҳаждаҳдараҷагӣ овард. Чор кас онро то Қарибиҳои бомдод мазза кардем.
Баъди он ки аз касе садо набаромад, Тихонов ҷомадонашро кушод ва бутали конякро берун кашид.
– Моли арман, - гуфт ӯ. – Мехостам дар Карочӣ кушоям, аммо он ҷо ба ҳар ҳол ободӣ буд. Ин ҷо бошад, - ӯ лаҳзае ба чеҳраҳои мо нигоҳ карду ба афғон хитоб кард: - кола дорӣ, гелос дорӣ, ҳарчӣ дорӣ, барор!
Солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ ин марди сарсафеди таҚдирсахт чӣ балоҳоеро сипарӣ кард. Блокадаи Ленинградро аз сар гузаронд, ними оилаашро талаф дод, азоби бемисл кашид. Ингуна одам эҳтиёткор мешавад. Занаш аз худаш хеле калон, аммо дили бузурге дорад, рӯҳаш ҷавон. Зери таркиши гулӯлаҳо шоиронро мехӯронд, аз гуруснагӣ наҷот медод. Хонаи ӯ ҳоло ҳам чун хонаи адибон. Рӯзи бемеҳмонаш нест.
Худаш бисёр доно, таърихи ШарҚро аз ҳамаи мо хуб медонад, ба халҚҳои ШарҚ чунон муҳаббате дорад, ки аз тасвираш оҷизам. Меҳраш меросист, аз классикони рус мондааст. Тамоми осори ӯро панду андарзи ШарҚӣ ва хирадмандии русӣ ҳусни маънавӣ бахшидааст. Агар ба публисистикаи ӯ дахл кардани бошӣ, ин ҷиҳатро фаромӯш набояд кард.
Сӯҳбати мо аз адабиёти рус ба адибони худамон гузашт. Гуфтам, ки аз нависандагонамон ғайр аз Мирсаид Миршакару Муҳаммадиев дигарон ба публисистикаи бадеӣ эътибор намедиҳанд. Гапам магар ба шикоят монанд шуд, ки устод табассуми малеҳе карда гуфтанд:
– Амри дил аст публисистика, яке ба замону муаммоҳо шарик шудан мехоҳад, яке намехоҳад. ҳар киро ихтиёраш. Ана мисол, аз идораатон як маҚола овардед, гумонатон ки хонаму имзо кунам (ин хел корҳо кам не). Лекин ҳар каса услуби худаш, лаҳни гуфтораш ҳаст. Дила васеъ гиред, писар.
Ба «шумо-шумо» гузаштагонашон оҳанге дошт, ё хаста шуда буданд, ё ким-чӣ маъҚул нашуда буд. Хайрбод гуфта ба редаксия баргаштам.
Сарсухани китоби «Умре дар роҳ»-ро ман навишта будам ва он мебоист аз номи муҳаррир мерафт. Чун ҷашнномаи «Тоҷикистони советӣ» таҳия мешуд, як номаи табрикие аз номи устод низ навиштам. Сенздаҳуми феврал маро устод даъват карданд.
– Пешгуфтор маъҚул нашуд. Ба ман се рӯз мӯҳлат диҳед, худам чизе менависам.
Чун шумора баста мешуд, ноилоҷ табрикномаро наздашон гузоштам ва гуфтам, ки дар ҷашннома чун табрик меравад. Гирифта болои сарсухан гузоштанд.
Рӯзи ҳабдаҳуми феврал боз назди устод даромадам. ҳамроҳашон Валӣ Самад ва ду мӯйсафеди ношинос менишастанд. Устод маро бо табассуми фаррох истиҚбол карданд.
– Супоришҳо иҷро, - гуфтанд он кас. – Табрикнома маъҚул. Сарсуханро пурра аз дигар навиштам.
Ба дастам шаш саҳифа дастнависеро доданд, ки бо ҳарфҳои калон-калони хоно навишта шуда, сарлавҳааш се-чаҳор маротиба ислоҳ шудааст. ҳамаи онҳое, ки саводашон бо ҳуруфоти арабиасос баромадааст, (аз ҷумла устодон Икромӣ, Улуғзода, Деҳотӣ) чунин ҳусни хат доштанд. (Сарсухан бо унвони «Табрик ба сорбони матбуоти тоҷик» дар маҷмӯаи «Умре дар роҳ» ба нашр расида).
Бо вуҷуди он ки табрикномаро маъҚул дониста буданд, онро ба дастам надоданд ва ман ҳам ҷуръати пурсидан накардам. Расо баъди нӯҳ рӯз, бисту шашуми феврал дар хоначаи сеюм бо Шоҳмузаффару ҳалимшо дуд медодем, ки акои Нуриддин ПримҚулов ҳалҚа бар дар задаву гуфтанд!
– Саъди аллоҳ ин ҷост? Зуд бароед!
Баромадам. Устод пушти дар буданд. Баъди пурсупос гуфтанд:
– Мегӯянд маро хуб кофтед. Ана ман. Лекин дер нашуда бошад?
ғоиб Назарович баъди дӯғу пӯписаи зиёд амр карда буд, ки то табрикномаи устод набошад, ҷашннома чоп нахоҳад шуд. ҳаминро гуфтам. Устод ба кисаҳои чуҚури шимашон даст андохта, коғазеро бароварда, ишора карданд, ки ҳамроҳашон биравам. ҳарду аз бинои редаксия ба бинои якҚабатаи ИттифоҚи нависандагон роҳӣ шудем. Масофаи панҷоҳметраро тахмин ним соат тай кардем. Баъди ҳар ду-се Қадам устод истода, раҳораҳ ягон лаҳзаи зиндагии асрии халҚамонро Қисса мекарданд.
Соли 1925 устод Айнӣ барои мо материал пур кардани 25 ҷузи чопӣ ба даҳҳо идора занг задаву аз ташвишҳояшон ба ҳаяҷон гап мезаданд, ки оё ҷумҳурии Тоҷикистон аз ӯҳдаи чунин як коре мебаромада бошад ё на. Акнун бубинед, ки ҳоло фаҚат «Ирфон» (Нашриёт – С. А.) соле 381 номгӯй китобро дар ҳаҷми се ҳазор ҷузъи чопӣ бо адади 6 миллёну 778 ҳазор нусха чоп мекунад. – Ва бо сатри Хоҷа ҳофиз хулоса карданд: бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо.
Бисту ҳафтуми феврал котибаи устод маро ҷеғ зад. Рафтам. Кунҷи паҳлӯи тиреза камин забона мезад. Чашми устод ба забонаи оташ буд, табъашон чоҚ манзур мегардид. МаҚолачаи дирӯз додаашонро чоп карда оварда будам. Фармуданд, ки ба нусхаи дуюм ман нигоҳ кунам. Бо овози баланд хонданд. Инҷониб абзатсе ба табрикнома илова карда будам, ки чунин буд: «Акнун аъзоёни коллективи як газета дар арафаи ҷашнашон як китоби мукаммалро ба чоп ҳозир кардаанд ва Қайду лавҳа, очерку ҳикояҳоро интихобан ба он ҷой додаанд. ҳамин як далел исботи он аст, ки дар Тоҷикистони азиз мо, дар боғи шукуфони журналистикаю адабиёти мо чӣ Қадар Қувваҳои ҷавону пурумед тарбия ёфтаанду ба камол расида истодаанд».
ҷумларо умуман маъҚул ёфта ҳамзамон гуфтанд, ки далелу исбот як чиз аст. Ва илова карданд: «Модом ки боғ гуфтем, дар боғ ниҳол шуданаш шарт». ҳиссаи охири абзатсро ба тариҚи зайл таҳрир карданд: «Худи ҳамин далели он аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо, дар боғи шукуфони журналистикаю адабиёти мо чӣ Қадар ғунчаҳои наврас тарбия ёфта, боиси сарсабзиҳои ин боғ гардидаанд».
ВаҚте аз ҷой бархоста рафтанӣ будам, устод дасти чап боло карда, чизе гуфтанӣ шуданд. ТаваҚҚуф кардам. Гуфтанд:
– Агар зеҳн монда бошед, публисистикаи ман хусусияти аҷиб дорад. Ин барои худтаърифкунӣ не, як навъ огоҳӣ. Ман ҷумлаҳо ва фикрҳои худро дорам, онҳо ба ҳар тарз ки саф кашанд, як Қолаби муайяни фикрию маънавӣ доранд. Онҳоро шикастан мумкин нест. Аз ин рӯ, агар чизе ба навиштаҳои ман илова кардан хоҳед, ҳатман огоҳ намоед.
Сиюми март ба муносибати панҷоҳумин соли нашри «Тоҷикистони советӣ» дар тарабхонаи «Ором» (сари роҳи Қаратоғ) зиёфат оростем. Устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва БоҚӣ Раҳимзода дар мошини ГАЗ-24 бо муҳаррир мерафтанд. Мирзомаҳмуд Мирбобоев, ки ба ҳамон Қарибиҳо аз Афғонистон баргашта буд, «Волга»-и саб-сабзи наву ялаҚҚосӣ дошт ва мо чанд тан аз газетачиҳо дар он нишастем. Мошини муҳаррир базӯр метофт. Мо мошини Мирзомаҳмудро сахт таъриф мекардем. Як ваҚт дидем, ки ӯ бо мошини муҳаррир баробар шудааст. Баъди лаҳзае чанги маҳини мошини мо ба рӯи мошини муҳаррир менишаст. Чун аз мошин поин шудем, ғоиб Назарович аввал Мирзомаҳмуд, баъд маро ҷеғ зад дашном дод.
– Бефаросат, - гуфт ӯ, - магар аз ин гуна одамон пеш гузаштан мумкин аст?
Устод БоҚӣ Раимзода, ки бо ҳамроҳонаш меистоду аз рамузи гап пай бурда буд, Қадам сӯи Мирзомаҳмуд пеш гузошта гуфт:
– Мо ҳеҷ гап не, йигит, аз ҳамин муҳарриратон пеш нагузаред, шуд.
ҷанҷол гӯё пасанда шуду базм оғоз гардид. Дар он сухангӯйҳо бисёр буданд ва аксар ба саломатии устодон пайк мебардоштанд, аз ҷумла ман ҳам. Устод Турсунзода ду бор ба сухан баромада, аввал дар васфи Қаратоғу водии ҳисор, баъд роҷеъ ба матбуот сухан оростанд. Акнун бо ҳар яки мо сӯҳбат мекарданд. Мисли як ҳамкор, рафиҚ, устод. Кайфияте дошт ин лаҳзаҳо ногуфтанию нотакрор…
Чунон ки арз доштам, вохӯрию сӯҳбатҳо бо устод хеле зиёданд. Вале ба иллати ба дарозо нарафтани сухан боз аз ду сӯҳбат ёдовар мешавам, ки 16-ум ва 21-уми сентябри соли 1976 барпо шуда буданд.
Рӯзи понздаҳум ғоиб Назарович (он ваҚт котиби масъули «Тоҷикистони советӣ» будам) маро ба наздаш хонд. Рӯйхати навтарин хабарҳоро гирифта (ҳар гоҳ ҷеғ зада «дар дунё чӣ гап?» гуфта мепурсид) ба ҳузурашон рафтам.
– Пагоҳ куртаи сафеду галастуки сиёҳ баста биё, - гуфтанд он кас.
– Тинҷӣ ҳаст муаллим?
– Устод меоянд, назди Муҳаммад Сайфиддинович меравем.
Диссертатсияамро ба забони тоҷикӣ навишта будам, аммо ВАК-и назди Совети Вазирони СССР нусхаи русӣ Қабул мекард. Аз ғоиб Назарович илоҷи воҚеа хоста будам. Гуфта буд, ки устод гапзанон мекунад.
Устод дар курсии мурассаъ, наздики мизи муҳаррир менишаст ва аз пиёлаи осмонранги пурнаҚш чой менӯшид. Ба Қавли он кас, ман аз вазъи кори илмиам дакалод кардам. Гуфтам, ки ҳини тарҷума салосати ифодаю ибораҳои образнок, рехтагии баёни оригинал заиф мешавад.
Бисту якуми сентябр устод ба идора омаданд. Сӯҳбат аз он хусус сар шуд, ки он кас аллакай ба Муҳаммад Сайфиддинович гапзанон карданду як он касро дидан лозим будааст. Муҳаррир бо супоришҳои таъҷилӣ машғул шуданд, мо ба кабинети котиби масъул гузаштем. Аз имзои «Арслонбек» пурсон шудам, ки дар навиштаҳои солҳои сиюм дучор меомад. «Мухбири даҳанакиамон аз Бауманобод буд, - гуфтанд устод. – ҳар гоҳ аз он ҷо чизе нависам, номашонро ҳамроҳ мекардам».
Чанде пеш рӯзҳои маданияти тоҷик дар Қирғизистон анҷом ёфта буд. Баёнияи аслии устод аз хулосаҳои матбуот фарҚ мекард. Сабаб пурсидам.
– Ман аслан дар бораи Манас ва хонуми тоҷики ӯ, муносибатҳои хешу табории халҚи Қирғизу тоҷик ҳарф задам. Ба матбуот бошад, суханҳои расмии ҳамду сано лозим шудааст.
Ин ваҚт ғоиб Назарович даромаданд.
– Набошад, чаро зуд баргаштед? – пурсиданд он кас боз ҳам сафари Қирғизистонро ёдрас шуда.
Устод лабханде зада гуфтанд:
– Янгетона ёд кардам…
Хуб хандидем ва ба роҳ баромадем. Мошин аз пушти бинои собиҚ Шӯрои Вазирон ба майдони Ленин баромада, аз чорроҳаи истгоҳи Хонаи матбуот гузашта буд, ки устодон онро манъ карданд.
– Ман, охир, академик, як бор пиёда равем, боке набудагист, - гуфтанд ва аз гӯшаи бинои ТоҷикТа (ҳоло сафорати Покистон) аз мошин фаромаданд. Сӯҳбаткунон то бинои Президиуми Академияи илмҳо расидем. Устод Осимӣ меҳмононро хеле хуш пазируфтанд. Чой фармуданд. Саридастӣ масъалаи ман ҳал шуд. «Ба раиси ВАК Кариллов – Угрюмов аз номи ман мактубе нависед, писар. Сабабҳои ба тоҷикӣ ҳимоя шуданро гӯед. Мефиристем, ҳал мешавад. Боз устод як занг мезананд».
Ба сӯҳбаташон халал нарасонам гуфта, бо баҳонае берун баромадам. Расо баъди ним соат устодро то ИттифоҚ овардем.
Дар фуровард гуфтаниам, ки мактуб ба кадом сабабе имзо нашуд. Расо баъди як сол устод бо ин ҷаҳон падруд гуфта Тоҷикистонро ба мотамхона табдил доданд. ҳар кӣ дар дафни устод иштирок дошта бошад, меҳру муҳаббати воҚеии халҚро дидааст – он рӯз тамоми Тоҷикистон гӯё ба Душанбе омада буд…..
Баъди чанд рӯзи дафн назди муаллим Осимӣ рафтам.
– Мактуби ман ҳам бо ҳимояи устод Қурб дошт. Акнун корро ба русӣ бояд гардонед, - гуфтанд ва баъди хомӯшии тӯлонӣ илова карданд, - агар пулатон набошад, ман кӯмак мерасонам.
Солҳо мегузаранд. Қофилаҳо дигар мешаванд, сипаҳсолорони нави адаб ба майдон меоянд. Вале касе аз инҳо ҷои якдигарро гирифта наметавонад. Ба хусус устод Турсунзода, ки барои ман як одамият, самимият, садоҚат ва дардошноӣ яктои ҷаҳон буданду ҳастанд.
Имрӯз ман устодро дигаргуна мешиносам. Вай ба Қавли Николай Тихонов «Одами оҳанрабо» аст. ӯ дар дили миллионҳо ҷо дорад ва агар гоҳе ин ҷою он ҷо бадгӯе аз ӯ маддоҳ ё хитобагӯ сохтанист, чунин шахс бадкор аст, умри кӯтоҳ дорад, амалаш ҳуҷуми кӯчук ба филро мемонад. Миллати тоҷик, (агар ӯ миллат аст!) бояд номи чунин ашхосро тоҷи ифтихори хеш донад.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess