Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Анатолий Сафронов


Номи Мирзо Турсунзода аз аввалин сатрҳои шеъраш, ки ба воситаи нашрияҳои адабӣ шинос шудаам, ба дили ман ҷой гирифт. Ҳанӯз дар ҳамон солҳо шоири ҷавони тоҷик ба тарзу сабки хос дар бораи сарзамини азизаш, дар бораи муҳиту мардум, ки худ дар он ба воя расидааст, образу суханҳои тозаю самимӣ пайдо мекард. Ман пеш аз шиносоӣ бо Точикистон дар бораи ин диёр, кӯҳу рӯдҳои он, Боми Ҷаҳон ва ҳар он чизе, ки бо ин республикаи начандон калон, вале номдор алоқаманд аст, маҳз ба шарофати ашъори Турсунзода тасаввур ҳосил карда будам.
Ҳамин симои хоси республика, мардуми меҳнатқарину табиати зебои он дар тамоми назми Мирзо Турсунзода тасвир ёфтааст. Қисмати мо будааст, ки на танҳо дар кори эҷодӣ, балки дар фаъолияти ҷамъиятӣ ба ҳам вобаста ва дӯст бошем. Соли 1955 ба ман низ муяссар гашта буд, ки ҳамчун намояндаи советӣ дар кори Комитети тайёрӣ ба конфренсия дар Деҳлӣ иштирок намуда, аввалин Конфренсияи якдилии халқҳои Осиёро омода созем. Раиси Комитети советии якдилӣ бо халқҳои Осиё Мирзо Турсунзода интихоб шуда ва дар Конфренсияи якум дар Деҳлӣ ҳайати вакилони советӣ бо сарварии Николай Семёнович Тихонов иштирок намуд.
Вале шиносии ман бо Турсунзода қабл аз ин дар мулоқоти кӯтоҳмуддате, дар Тошкент, яъне пеш аз сафар ба Лаҳор, ки яке аз калонтарин шаҳрҳои Покистон ба шумор меравад, ба вуқӯъ омада буд. Дар ин шаҳр бояд Конгресси якуми нависандагони пешқадаму озодфикри ин мамлакат баргузор мегардид. Ҳайати вакилони мо аз Николай Тихонов, Ойбек, Мирзо Турсунзода ва ман иборат буд.
Барои ман ин аввалин шиносоӣ на танҳо бо Покистон, балки умуман бо Осиё буд. Ҳамин тариқ, Афғонистон, ки роҳи мо ба воситаи он буд, бароям на танҳо аввалин мамлакати Осиё, балки аввалин мамлакати хориҷие ба ҳисоб меёфт, ки ман сафар мекардам. Мо бо самолёт ба Кобул омадем, ки он вақт танҳо якчанд биноҳои аврупоисохт дошт. Чизе ки пеш аз ҳама мушоҳида шуд,қашшоқию бенавоии мардуми ин диёр буд. Мо дар кӯчаҳо мардуми лоғару беҳол, чиркину ҷулҳундипӯшро дидем.
Баъди он ки мо мошинсавор аз Кобул баромада ба Лоҳур раҳсипор шудем, дар назди пункти бензингирӣ аввалин сӯҳбати Мирзо Турсунзода бо пирамарде, ки дар сар дастори чиркини хокистарранг дошт, ба хотирам омад. Дар паҳлуи пирамард ҷавони зебое истода буд. Мирзо Турсунзода аз ҷавон пурсид, ки вай ба чанд даромадааст. Ҷавон ҷавобе дода натавонист. Баъд Мирзо аз пирамард пурсон шуд:
– Куҷо меравед?
– Ба Ҷалолобод.
– Пиёда меравед?
– Пиёда.
Аз Кобул то Ҷалолобод яксаду ҳаштод километр роҳ аст.
Пирамард барои ба аввтобус рафтан пул надошт. Нохост ӯ ба Турсунзода савол дод:
– Шумо то баҳор ғалла доред?
– Албатта, дорем, – ҷавоб дод Турсунзода.
Пирамард оҳи бадарде кашид. Вай ҳатто барои зимистон ғалла надошт.
Соли 1919 дар сарҳади Покистон, дар наздикиҳои гузаргоҳи Хайбар афғонҳои ниммусалаҳ кӯшишу ҳуҷумҳои ба Афғонистон зада даромадани англисҳо ва забт кардани онро қаҳрамонона баргардонида буданд. Он вақт ба англисҳо муяссар нашуд, ки ин мамалакатро забт кунанд. Ба Афғонистон америкоиҳо омаданд. Онҳо иқтисодиёти мамлакатро ба дасти худ гирифта, ба ивази мошинҳои моторҳояш сусту беэътимоди «Шевроле», сигарету ҷуробҳои фарсуда қароқулҳои беандоза зиёдро харида ба Америка мефиристоданд.
Мо аз сарҳади Афғонистону Покистон зуд нагузаштем. Мирзо хеле хуб ҳарф мезад ва бо мардуми таҳҷоӣ тез забон меёфт. Сарҳадбон, хизматчии боҷхона фаҳмид, ки Турсунзода ба форсӣ сухан мегӯяд пурсид, ки вай ин забонро аз куҷо медонад.
– Ман на танҳо забон, балки назми онро медонам, шоири номвари Покистон Иқболро медонам, – гуфт Мирзо ва аз ёд чанд шеъри дар ҳақиқат олиҷаноби ин классики адабиёти Покистонро хонда дод.
Ин саёҳати кӯтоҳмуддат ба Афғонистон буд, ки бароямон характери дарккунӣ, шиносшавӣ дошт. Мо дар ҳақиқат ҳаёти бағоят душвору тоқатфарсои мардумро мушоҳида кардем, чӯлу биёбонҳои тафсонеро дидем, ки занон дар сар бори вазнин, пойлуч қадам мезаданд. Ҳамаи ин як умр дар хотираҳои мо монд, дар дилу дидаҳоямон нақш баст.
Мо се ҳафта дар Покистон шудем. Ҳар рӯзи мо дар ин се ҳафта дар он замони душвору мураккаб, ки байни Иттифоқи Советӣ ва Покистон ҳатто муносибати дипломатӣ барқарор нагардида буд, пур аз сӯҳбату мулоқотҳои расмӣ буд. Дар ҳар қадам ҳанӯз осори ҷангу сӯхтору хунрезиҳо мушоҳида мешуд. Зеро аз ҳайати Ҳиндустон ҷудо шудани Покистон ба осонӣ ба амал наомадааст. Бар ин роҳ одамони бисёре қурбон шудаанд. Фаъолияти Партияи Коммунистӣ манъ карда шуда буд ва пинҳонкорӣ мекард. Аҳли ҷамъият ва ходимони равшанфикру пешқадам шинохтани фаъолияти Котиби генералии партияи коммунистӣ, нависанда Зоҳирро талаб менамуданд. Маҳз дар Покистон мо бо Файз Аҳмади Файз шинос шудем ва ба меҳмоннавозии ин адиби боистеъдодтарини замон мушарраф гардидем. Файз Аҳмади Файз роҳи душвору пурташвишеро тай намудааст, чандин бор ҳабс шудааст, имрӯзҳо дар Бейрут зиндагӣ мекунад ва сармуҳаррири маҷаллаи «Лотос», нашрияи Ассотсиатсияи нависандагони Осиёву Африқо мебошад.
Ҳангоми бозгашт фаро расид ва ба мо лозим омад, ки боз ба воситаи Афғонистон ба Ватани маҳбубамон Иттифоқи Советӣ баргардем. Дар сарҳад, дар гузаргоҳи Хайбар мо даҳҳо лавҳаи ёдгориро дидем, ки дар сангҳои сари роҳ канда шудаанд. Мо дар ин лавҳаҳо номи қисмҳои ҳарбӣ ва аскарҳои англисро хондем, ки дар муҳориба бо афғонҳо ҳалок шудаанд. Лавҳаҳо хеле бисёр буданд.
Дар тӯли сафар ҳис мекардем, ки дар ягон ҷо моро андаке бештар таваққуф кардан намемонданд, намегузоштанд, ки нависандагони пешқадами Покистон бо мо вохӯранд, чунин муносибатро мо ҳатто дар Пешовар низ ҳис кардем, ки шаби охирринро дар он ҷо гузаронида будем. Ҳамин тарз мо аз Пешовар, аз шаҳри таърихие рафтем, ки дар он чанд муддат Киплинг зиндагӣ карда, асари машҳури худ «Маугли»-ро эҷод кардааст.
Дар тӯли се ҳафта мо бо Мирзо Турсунзода бағоят дӯстони наздик шудем. Дар меҳмонхонаҳо ҳар ду дар як ҳуҷра зиндагӣ мекардем. Ману Мирзоро Азиз ном як афғони тундмиҷоз бо мошин мекашонд. Мирзо дар паҳлуи ронанда нишаста бо ӯ ба забони форсӣ ҳарф мезад ва ин ронандаро хуш меомад. Роҳ нишеби пур печутобу хафнок буд. Пинҳон намедорам, баъзан мо бо тарсу ҳарос гоҳ ба синдометр, гоҳ ба нишебиҳои махуфи бетаг менигаристем. Ва боре ман ба Мирзо Турсунзода гуфтам:
– Мирзо ба ронанда гӯй, ки мошинро оҳистатар ронад, охир, мо ба хона рафта истодаем ва бояд сиҳату саломат расем.
Мирзо ин мақсадро ба ронанда гуфт ва мошин акнун бо суръати даҳ километр дар як соат ҳаракат мекард. Азиз маслиҳат доданро намеписандид.
Ман бо ин ёддоштҳои солҳои пешин, ки имрӯз қариб ба касе маълум нест, таъкид кардан мехоҳам, ки на танҳо назми ин шоири номвари даврон оламгир буд, ки онро мо дар соҳилҳои уқёнусҳои Ором, Атлантик ва Ҳинд хондаем, балки барои мо ва барои наслҳои минбаъда вай классики адабиёти тоҷик буд, ҳаст ва ҳамин тавр хоҳад монд. Вай баробари баландию нозукҳои назм ҳаёти халқи оддиро низ хеле хуб медонист.
Дар ҳамон сафар боре Мирзо аз Азиз хоҳиш кард, ки мошинро дар наздикии пахтазор, ки ниҳолҳояш чандон баланд набуд, нигоҳ дорад. Мо аз мошин баромадем. Ба наздамон Тихонову Ойбек низ омаданд. Ойбек аз деҳқонон пурсид, ки оё онҳо Навоиро медонанд. Онҳо Навоиро медонистанд. Онҳо ӯзбекони Афғонистон буданд. М. Турсунзода ба ҳосилнокии пахта мароқ зоҳир кард. Маълум шуд, ки ҳосили пахта дар он ҷо нисбат ба Ӯзбекистону Тоҷикистон чор панҷ маротиба камтар будааст. Инро ба чашми оддӣ ҳам дидан мумкин буд. Зеро аз ғузаҳои қаҳварангу сурхранг пағаҳои бебору сабук ба назар мерасид.
Вақте ки ба роҳ даромадем. Азиз гуфт:
– Ман мамалакати шуморо медонам ин мамлакати моторҳост – дар ҳама ҷо ҳам дар саҳроҳо ва ҳам дар фабрику заводҳо мошинҳо кор мекунанд. Дар кӯчаҳо мошинҳои азимҷусса равонанд
– Ту инро аз куҷо медонӣ? – пурсид Турсунзода.
Азиз ҷавоб дод.
– Амаки ман китоби таърих дорад, дар он аз ин хусус навиштаанд. Баъди чанде мо ба соҳили дарёи Ому расидем, ки дар соҳили дигар чароғҳои барқӣ фурӯзон буд. Ин шаҳри советии мо Термез буд.
Рӯзи дигар мо аз дарёи Ому гузаштем ва ба замини худ қадам гузоштем.
Вақте ки имрӯз кас сӯҳбату мулоқотҳои худро бо Мирзо Турсунзода, шабҳои тӯлонии ба ҳам гузаронидаро ва мутолиаи шеърҳои нави ӯро, ки маҳкам дар дил ҷой гирифтаанд, ёдовар мешавад, беихтиёр фикр мекунад, ки ин шахс инсони асилу бузург буд ва истеъдоди модарзодии шоирӣ дошт, ватани худро беандоза дӯст медошт, қимату моҳияти ҳақиқии дӯстии халқҳоро амиқ медонист.
Тасодуф нест, ки маҳз ба қалами ӯ эҷоди достонҳои олиҷанобе мансубанд, ки ҳам ба халқи советии мо ва ҳам ба халқҳои дигар кишварҳо, ки нисбат ба мамлакати советӣ муносибати дӯстона доранд, азиз аст. Зиёда аз он онҳо амиқ дарк карданд, ки ин ҳама ба одами советӣ чӣ қисмате, чи аҳамияте доранд, баҳои сазовор медиҳад.

Рӯди хурди деҳаи ман рӯди пуршӯр аст, шӯр,
Бо садои рӯдҳои Осиё ҷӯр аст, ҷӯр,
Ман ба ин рӯди азизам меҳри дилро додаам,
Ҳамраҳаш дар кӯҳсорон роҳи нав бикшодаам.
Аз лаби ин рӯд, аз қишлоқи ҷоноҷони ман
Сар шуд овози дили ман, – мурғи хушилҳони ман
Бо садои Осиё ҳамроҳ шуд, ҳампой шуд,
Дар сафи эҷодкорони саодат ҷой шуд.
Метавонад ҳар касе, ки зӯр шуд, ғолиб шавад,
Молу мулки дигаронро ояду соҳиб шавад.
Моҳиёнро метавонад, ки наҳанг орад ба ком,
Баҳри бетак рӯдҳоро дам кашад чун май зи ҷом.
Нест аммо қуввае, ки азмро орад завол,
Рӯҳи озодӣ парастонро намояд поймол.
Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гӯш,
Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш, Омад ба ҷӯш!

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess