Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Ҳикмат Раҳмат


Банда аз шарафи ҳамкорӣ бо устод Мирзо Турсунзода ва шогирдии бевосита ба эшон камтар баҳраманд шудаам. Ин кор – барои ман дар зиндагӣ муяссар нагардидааст. Вале ба мулоҚоту сӯҳбатҳои устод чандин дафъа шарафёб шудаам, ки ба хонандагони мӯҳтарам дар бораи яке аз онҳо, ки ба назарам, Қимати бештар дорад, ҳикоят мекунам.

Охирҳои моҳи сентябри соли 1968 буд. Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе корҳои тайёрию тадорукот ба Конгресси ховаршиносии марбут ба тамаддун ва фарҳанги бостонии Кӯшон анҷом меёфтанд. Бандаро, ки дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи Улуми Тоҷикистон кор мекардам, ба комитети тайёрӣ ва тадорукоти конгресс даъват карданд ва рӯйхатеро ба дастам доданду гуфтанд:
– Инҳо номҳои олимон – меҳмонони эрониянд, ки ба конгресс хоҳанд омад. Пагоҳ Шумо онҳоро дар майдони ҳавоӣ пешвоз мегиред, ба меҳмонхонаи «Душанбе» бурда, ҷой гирифта медиҳед ва чанд рӯзе, ки ин ҷо мемонанд, бо онҳо ҳамроҳӣ мекунед, яъне меҳмондори онҳо мешавед. Ва боз дигар вазифаҳои маро, ҳамчун меҳмондори меҳмонони эронӣ, фаҳмонданд ва таъкид карданд, ки мутлаҚан тибҚи барнома амал бикунам. Ва як нусха барномаро низ доданд. Дар рӯйхат се ном – Алӣ Сомӣ, Абулҳасан ДеҳҚон ва Муҳаммадҷавод Машкур навишта шуда буд.
Меҳмонони азизи эронӣ – бостоншиносони маъруф, устодони донишгоҳи паҳлавии Шероз Алӣ Сомӣ, Абулҳасан ДеҳҚон ва устоди Донишгоҳи Теҳрон Муҳаммадҷавод Машкурро рӯзи дигар дар майдони ҳавоии Душанбе истиҚбол гирифтам. Дар майдони ҳавоӣ бо президенти Академияи Улуми Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ рӯ ба рӯ омадем ва банда меҳмонони эрониро ба эшон муаррифӣ кардам. Устод Осимӣ меҳмононро самимона хайрамаҚдам гуфтанд.
Сарвари ҳайати намояндагии олимони Эрон устод Алӣ Сомӣ ба устод Осимӣ ба суоле муроҷиат карданд:
– Мирзо Турсунзода дар ҳамин шаҳр зиндаги мекунад?
– Бале, – кутоҳ посух доданд устод Осимӣ.
– Пас мо метавонем, ки аз ишон дидан бикунем? –
боз суол карданд устод Алӣ Сомӣ.
– Бале, метавонед, – гуфтанд устод Осимӣ. – Вале ҳоло устод
Турсонзода бемор ҳастанду дар шифохонаанд.
Аз шунидани хабари бемории Мирзо Турсунзода
Алӣ Сомӣ маҳзун шуданду андешамандона лаҳзае хомӯшӣ ихтиёр карданд. Аммо сипас бо Қатъият гуфтанд:
– Ин тавр ки бошад, мо бояд ҳатман ба аёдати бемор биравем. Охир, он бемор шоири шаҳир Мирзо Турсунзодааст …
Он солҳо дар мамлакати Шӯроҳо ба аёдати бемор рафтани як нафар хориҷӣ, ё худ бе иҷозати органҳои дахлдор мулоҚот ва сӯҳбат кардан бо хориҷие ба гуфтан осон буд. Сониян, барномаи конгрессу симпозиумҳо чунон мураттаб сохта шуданд, ки меҳмони хориҷӣ аз субҳ то шом масруфи кор ва тадбирҳои дигари даркору нодаркор мешуд.
Аз ин рӯ, дар хусуси ба аёдати устод Турсунзода рафтан ба меҳмонон ваъдаи Қатъие надода, гуфтамашон, ки «маслиҳат мекунем».
Баъди дар меҳмонхонаи «Душанбе» ҷойгир кунонидани меҳмонон масъалаи аёдати беморро рӯзи дигар ба комитети тайёрӣ ва тадорукоти конгресс маълум кардам. Аммо аз аъзои комитети мазкур касе маслиҳате надод. Бинобар ин тасмим гирифтам, ки аввал худам бе меҳмонҳо ба аёдати Мирзо Турсунзода биравам ва масъаларо бо худи устод маслихат бикунам.
Рӯзи дигар ваҚте, ки меҳмонон дар маҷлиси конгресс менишастанд, ҳамроҳи яке аз дӯстонам, ки низ меҳмондори ҳайати вакилони дигар давлати хориҷӣ буд, ба беморхонаи ҳукуматӣ, ба аёдати устод Турсунзода рафтем. УтоҚи устод дар ошёнаи дуюм буда, пешайвони барҳавое низ доштааст. Аз утоҚ ба пешайвон гузашта, устодро ҳангоми шатранҷбозӣ бо яке аз беморон дарёфтем. ҳарду бозӣ мекарданду тамошобин надоштанд.
Ман ва дӯстам баъди саломуалейк ва пурсиши маъзарат аз аҳволи устод пурсидан кардем. Устод, ки моро аз наздик намешинохтанд, ба ҷониби мо ҳайратомез назар карданду гуфтанд:
– Чеҳраҳоятон шинос менамоянду аммо…
Ман худам ва дӯстамро ба устод шинос кардам, дар бораи Конгресси байналмилалии ховаршиносон ва меҳмонони эронӣ сухан гуфтам ва маҚсади омаданамонро изҳор кардам.
Устод суханони маро бодиҚҚат гӯш карданду пас аз муддате андешаю тамкин гуфтанд:
– Бисёр хуб. Вале ман дар Эрон бо номи Алӣ Сомӣ шиноси наздике надорам.
Он кас Шуморо ҳангоми бо Расул ғамзатов ба Эрон сафар карданатон дида ва сӯҳбатҳоятонро шунида. Аз ҳамон лаҳза ин ҷониб дар орзуи дидор ва мулоҚоти Шумо буданд.
– Аммо меҳмонони хориҷиро дар касалхона дар ҳолати нимсиҳату нимбемор чӣ тавр Қабул карда мешавад? – саволомез изҳор карданд устод ва интизори ҷавобе нашуда, афзуданд: – Аслан ин кори духтурҳо, дар гумон аст, ки онҳо ба Қабули меҳмони хориҷӣ дар касалхона розӣ шаванд. Дар ҳар ҳол, бо сардухтури беморхона як маслиҳат кунед.
Банда аз тарзи гуфтори бетафовутонаи устод пай бурдам, ки худашон ҳам ба Қабули меҳмонон чандон хоҳиш надоранд. Шояд дилашон аз вазъи саломатиашон пур набуд ва Қабули меҳмонони ношиноси хориҷиро барои худ, ки бемор буданд, заҳмати барзиёд ҳисоб мекарданд. Бино бар ин мувофиҚи маслиҳати шайх Саъдӣ «дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез» амал карда, бегоҳии онрӯз, ҳангоми сарфи таъоми шом бо меҳмонон ба Алӣ Сомӣ гуфтам:
– Устоди мӯҳтарам, ман имрӯз барои дидани Мирзо Турсунзода ба шифохонае, ки эшон он ҷо хобидаанд, рафта будам, аммо дидорашон муяссар нагардид. Пизишкҳо иҷозати ворид шудан ба наздашон надоданд. Гуфтанд, ки аҳволи устод хеле вазнин, ҳарораташон баланд. ҳатто барои фарзандҳояшон ҳам иҷозати даромадан набудааст…
Устод Алӣ Сомӣ аз шунидани ин суханон маҳзуну мутаассир шуданд ва оҳе сард аз дили пурдард кашиданд. Ман барои тасаллии дили ишон «шояд то пагоҳ аҳволашон беҳтар шавад» гуфтам.
– Кошкӣ, - боҳасрат гуфтанд Алӣ Сомӣ.
Рӯзи дигар устод Алӣ Сомӣ як саҳифа навиштаеро, ки бо ҳуруфи арабӣ буд, ба дастам дода, гуфтанд:
– Ин нома ба Мирзо Турсунзода аст. Хоҳишмандам, ки номаро ба устод бирасонед.
Нома саркушода буд. ВараҚро аз дасти устод Алӣ Сомӣ гирифта, бо иҷозати худи устод ба хондан шурӯъ кардам. Аммо дар хондани як калимае, ки аз болояш хат кашида аз нав навишта шуда буд, душворӣ кашидаму онро ба устод нишон дода, чӣ калимае буданашро пурсидам. Аммо устод баъди ҷавоби пурсиши банда он номаро бозхостанд ва пас гирифтанд ва гуфтанд, ки покнавис карда медиҳанд.
Ман хоҳиш кардам, ки агар покнавис кунанд, нусхаи сиёҳнависро ба банда барои хотира бидиҳанд.
– Барои Шумо ҳам як нусха аз ин номаро покнавис карда медиҳам, - гуфтанд Алӣ Сомӣ ва рӯзи дигар аз он нома ду нусхаи дастнависро ба банда доданд ва бори дигар илтимос карданд, ки як нусхааш ба Мирзо Турсунзода бирасад.
Инак, матни он номаи Алӣ Сомӣ ба устод Мирзо Турсунзода, ки як нусхаи онро то имрӯз дар даст дорам:
«Суханвари бузургвор Турсунзодаи азиз!

Азми дидори ту дорад ҷони барлаб омада,
Бозгардад ё барояд, чист фармони Шумо?

Акнун ҳашт рӯз аст, ки ман дар шаҳри Қашанг ва дилангези Душанбе мебошам ва аз бахти бад натавонистам он суханвари арҷмандро бубинам. Шаҳди Душанбе бо ҳама таннозиҳо ва дилрабоиҳо ба гул ва райҳони рӯҳафзояш бидуни булбули хушгӯйи худ берӯҳ ва афсурдаю хомӯш аст. Дар дили ман ки ин сон мебошад.
Умедворам, ки ин тӯтийи шакаршикан ва булбули хушгӯ ҳар чӣ зудтар тандурустии худро бозёбад ва ҳамчунон бар гирди гулҳои зебо ва ҷонпарвар ва бӯстони таннози ин шаҳр нағмасаро ва навохон бошад. Дӯстдор ва дастбӯси Шумо Алӣ Сомӣ. Сеюми октябри 1968».
Он рӯз, пеш аз он, ки ба дидани Мирзо Турсунзода бираваму ин номаи пур аз меҳру муҳаббати Алӣ Сомиро ба устод бирасонам, аз дӯконе чанд нусха рӯзномаи нав гирифтам.
Рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло ҳафтаномаи «Омӯзгор»), таассуроти Алӣ Сомиро аз дидани шаҳри Душанбе бо ҳуруфоти арабӣ ба кириллӣ ва акси ӯро дар саҳифаи аввали хеш чоп карда буд. Дар ин саҳифа инчунин аксе аз мулоҚоти донишмандони эронӣ иштирокдорони Конгреси ховаршиносони ҷаҳон Абдулҳасан ДеҳҚон ва Муҳаммадҷавод Машкур бо кормандони ин рӯзнома ба табъ расида буд. «Маориф ва маданият» дар саҳифаи аввали хеш шеъри «Ба Расул ғамзатов»-и Мирзо Турсунзода ва аз истиҚболи шоири шаҳири Доғистон Расул ғамзатов дар майдони ҳавоии Душанбе аксе низ чоп карда буд.
Дарёфтам, ки ин нусхаи рӯзномаи «Маориф ва маданият» барои Мирзо Турсунзода беҳтарин дастовез хоҳад буд.
Ба утоҚи устод бо як даста рӯзномаи нав ворид шудам, ки дар байни онҳо ду нусха аз ҳамон шумораи «Маориф ва маданият» (3 октябри соли 1968) низ мавҷуд буд.
Ба истиҚболи банда ду нафар шоири бузург (инчунин БоҚӣ Раҳимзода, ки ба аёдат омада будаанд) аз ҷой бархостанд, ки аз ин рости гап, хиҷолат кашидам. Дастаи рӯзномаро ба болои миз гузошта, бо устодон самимона вохӯрӣ кардам ва бо ишораи устод Турсунзода ба яке аз курсиҳои холӣ нишастам.
Шояд аз ҳузури дӯсти шоир БоҚӣ Раҳимзода буд, ва ё вазъи саломатиашон беҳтар шуда буд, ки Мирзо Турсунзода ин дафъа ба назар шодмону болидахотир менамуданд.
– Дар рӯзномаҳо чӣ гапҳои нав? – пас аз пурсупоси муҚаррарӣ суол карданд устод Турсунзода.
– Гапи нав бисёр, - гуфтам ман ва аз байни рӯзномаҳо «Маориф ва маданият»-ро гирифтаму ба устод дароз кардам. – Шеъри Шуморо ҳам чоп кардаанд.
Устод аз саҳифаи аввали рӯзнома аввал шеъри худро, ки бо сарлавҳаи «Ба Расул ғамзатов» чоп шуда буд, аз назар гузарониданду сонӣ ба сурати поёни он, ки он ҷо акси Расул ғамзатов ҳам буд, мутаваҷҷеҳ шуданд.
Устод нигоҳи хешро ба навиштаи арабии он саҳифа равона карда буданд, ки ман гуфтам:
– Ин навиштаи ҳамон донишманди эронӣ, ҳамон меҳмонест, ки дар орзуи дидори шумост. Ва ишон барои Шумо номае ҳам навиштаанд, - гӯён он номаро аз ҷайбам бароварда ба устод дароз кардам.
Устод сатри аввали номаро паст хонданд, вале сатри минбаъдаи он мисраъҳои ҳофиз:

Азми дидори ту дорад, ҷони барлабомада,
Бозгардад ё барояд, чист фармони Шумо?» -

ро бо овози баланд хонданду хушҳолона гуфтанд:
– Суханони ҳофизро дар ҷояш овардааст. Ва, бе он ки давоми номаро бихонанд, рӯй ба банда оварданд:
– Майлаш, биёред. Кай мебиёред?
– Ихтиёр ба Шумо, устод. Кадом ваҚте, ки худатон бигӯед.
– Пагоҳ, соати 4-и бегоҳӣ метавонед?
– Метавонам, устод. Аммо, ногуфта намонад, меҳмонон се нафаранд. Агар ду нафари дигарашон низ хоҳиши омадан бикунанд, чӣ гӯям?
– ҳеҷ чиз нагӯед. ҳамаашонро биёред. Вале аз омаданатон сардухтури беморхонаро огоҳ намоед, бохабар бошанд, беҳтар…
Аз утоҚи устод Мирзо Турсунзода бо табъи хуш берун шудам.
Бегоҳӣ, ҳангоми сарфи таъоми шом, Қазияро ба Алӣ Сомӣ ва дигар донишмандони эронӣ ҳикоят кардам ва гуфтам, ки фардо дар соати чаҳори баъди аз зуҳр ба аёдати Мирзо Турсунзода хоҳем рафт.
Алӣ Сомӣ хеле хушҳол шуданд ва чанд дафъа «ташаккур» гуфтанд. ДеҳҚон ва Машкур ҳам изҳор карданд, ки онҳо низ хоҳанд рафт. Аммо тибҚи барнома пагоҳ соати чаҳори бегоҳ бояд ба масҷиди ҷомеаи ҳоҷӣ ЯъҚуб мерафтем. Масъала мавриди муҳокима Қарор гирифт. Меҳмонон якдилона изҳор карданд, ки дидани масҷидро ба ваҚти дигар гузарондан мумкин.
Дар даромадгоҳи шифохона як нафар мард ва як нафар зани хилъати сафедпӯш моро истиҚбол гирифтанд. Мард сардухтури шифохона буд.
Онҳо моро то утоҚи Мирзо Турсунзода ҳамроҳӣ карданду сипас ба Қафо баргаштанд.
Моро устод Турсунзода ҳамроҳи БоҚӣ Раҳимзода ва Сотим Улуғзода дар пешайвони барҳаво дар сари мизу дастархони пур аз нозу неъмат интизор будаанд. Пас аз вохӯрӣ ҳар кадоме аз курсиҳои паси миз ҷой гирифта нишастем. Дар сари дастурхони пурнозу неъмат сӯҳбати аҷоибе шурӯъ шуд ва бештар аз панҷ соат давом кард.
Чароғи он маҳфил Мирзо Турсунзода буданд. Устод канда-канда ва ботамкин сухан мегуфтанд, ба саволҳои меҳмонон посух мегардонданд, аз сафарҳояшон ба мамолики дунё ёдовар мешуданд. Дар гуфторашон зарбулмасалу маҚол, байт, рубоӣ ва дигар пораҳои шеърро фаровон истифода менамуданд. Метавон гуфт, ки дар он маҳфил Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Камоли Хуҷандӣ, ҳофиз, Саъдӣ, Муҳаммад ИҚбол ва дигар гузаштагони бузурги форсу тоҷик бо шеърҳои худ иштирок доштанд. Бисёр суханони Турсунзода боиси таҳсину офарини донишмандони эронӣ мешуданд ва банда шоҳиди он аст, ки донишманди номии Эрон, муаллифи китобҳои таърихии «Тамаддуни Сосонӣ» ва «Тамаддуни ҳахоманишӣ» устод Алӣ Сомӣ ва ёрони ӯ аз гуфтаҳои шоири мо ба ваҷд омада, борҳо майли бӯсидани дасти Мирзо Турсунзода карданд. Вале устод Турсунзода ҳар дафъа дасти худро мекашиданд ва мегуфтанд: «Бандаро ба гуноҳ ғарҚ накунед».
Дар он маҳфил устодон Сотим Улуғзода ва БоҚӣ Раҳимзода низ суханони аҷибу дилрас гуфтанд. ҳикоёти устод Улуғзода дар бораи сафарашон ба маҳалҳои тоҷикнишини Чин, аз ҷумла ҚошҚару Еркент ва шӯҳрати ҳофизу шеъри вай дар он маҳалҳо хеле таъсирбахш буд. Девони ҳофизи Шерозӣ барои тоҷикони Чин низ китоби муҚаддас буда, онҳо онро дар Қатори Қуръони маҷид бо як ҷаҳон эътиҚод дар гаҳвора, таги сари тифл мегузоштанд. Бешак, он шаб мо аз сӯҳбати донишмандони эронӣ баҳраи фаровон бардоштем. Онҳо бо сӯҳбатҳои шевои хеш таъбамонро шод гардониданд.
Рӯзи дигар, ваҚте бо меҳмонони эронӣ боз вохӯрдам, доктор Муҳаммадҷавод Машкур таассуроташро аз мулоҚот бо Мирзо Турсунзода ва маҳфили дирӯза бо чунин байте баён намуд:

Намедонам, чӣ манзил буд, шаб ҷое, ки ман будам,
Саросар лаҳни бисмил буд, шаб ҷое, ки ман будам .



ОШЁНИ МЕҳР

Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.

Мирзо Турсунзода

Ошён бигзоштем андар баландиҳо кунун,
Дар баландиҳои болотар зи кӯҳи мо кунун.

Ошён бигзоштем мо дар бари истораҳо,
ҳамсафар гаштем дар афлок бо сайёраҳо.

ҳар сафина дар само худ ошёни мо бувад,
Ошёни меҳри мо андар баландиҳо бувад.

Мепарем имрӯз мо оварда рӯ бар Офтоб,
Ошён гирем фардо дар канори Моҳтоб.

АҚли оламгири мо бар фарҚи гардун по ниҳод,
Роҳи кайҳонро барои наслҳои мо кушод.


ҳар Қадар боло равем, ин Қалби мо побанди туст,
Бар баландиҳои шеъри ту расидан орзуст.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза
Шумо баҳо додед!!!


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess