Аслӣ

Ёднома

Наворҳо

    Тарҷумаи ҳол

    Шеърҳо

    Осорхона

      Санаҳои ҳаёт

      Аксҳо

      Алоқа бо мо
       Мероси адабӣ

       Cурудаҳо

       Китоби дархостҳо





Ёдномаи Мирзо Турсунзода

Файз Аҳмади Файз


Дӯстии ман аз мардуми Иттифоқи Советӣ дерина аст ва таассуроти ман аз ин сарзамин чунон зиёд, ки ба як китоб мерасад. Шояд дар оянда дар ин мавзӯъ китобе иншо намоям. Иттифоқи Советӣ бо сиёсати сулҳҷӯёнаи худ дар тамоми дунё машҳур аст ва аз ин ҷост, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёт пешравиҳои азиме дида мешавад. Ҳар як фард соҳиби маълумот аст ва шахси бесавод дида намешавад.
Вохӯрии аввалини ман бо Мирзо Турсунзода дар соли 1949 сурат гирифта буд, он кас дар ҳайати вакилони адибони советӣ ба Ҳиндустон омада буд. Баъд аз ин ман борҳо бо ӯ дар Москва, Тошкент вохӯрдам. Мирзо Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама – хоҳ вай коргар бошад, хоҳ адиб дӯстона муносибат мекард.
Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарону дӯкондорон ба забони форсӣ сӯҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, чунки ӯ метавонист, бо одамон бо чашму дил сӯҳбат кунад. М. Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки мӯътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт. Ӯ бо забони классикии форсӣ, яъне тоҷикӣ сухан мегуфт ва менавишт, ки вай лаҳҷаи ғазал буд. Гарчанде Мирзо Турсунзода ба забони классикӣ ғазалҳои классикӣ мегуфт, лекин мавзӯъоти онҳо рӯзмарра ва муосир ва бо сиёсат марбут аст, ки ин корро Лоҳутӣ шурӯ карда буд.
Гарчанде устод Турсунзода ҳамроҳи мо нест, лекин ӯ дар дили мост. Ман ба хотири Турсунзода ба забони точикӣ як ғазал навишта будам, лекин вай пурра дар ёдам нест ва кӯшиш мекунам, ки чанд байтеро хонам. Ин ғазал дар мақтаи ғазали Бедил аст:


Биё ёрам, ки чашмам музтариб баҳри тамошоят,
Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар талоши омаданҳоят.
Зи мо рафтӣ, валекин пеши олам дар миён ҳастӣ,
Ва бо мардум, ки мерақсанд дар тарзи суханҳоят…

Дар бораи устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир, инсон, суханҳои зиёд гуфтан мумкин аст, лекин интиқоли бемаҳали вай боиси маъюсии ҳама дӯстонаш аст. Бинобар ин мо бояд васиятҳои устодро оид ба дӯстии халқҳо ҳамеша азиз дорем.

Башумо бештар кадом
шеъри Устод маҳкул аст?

Дустонро гум макун
Ошёнаи баланд
Дили мадар
Баҳория
Нонреза


Натиҷа
Дустонро гум макун- 4
Ошёнаи баланд- 5
Дили мадар- 3
Баҳория-
Нонреза- 5

Can't delete old sess