Наврӯзро муқаддимотест, аъам аз он чи ки барои баргузории ҷашнҳо анҷом мешавад, ҳамонанди хариди либосу таҳияи ширинӣ ва хушкбор, биринҷ, равған ва назоири онҳо, ки дар ҳар хонае маъмул аст ва азҳони афроди хонаводаро аз пиру ҷавону хурду бузург ба худ машгул нигоҳ медорад, ва ё хонатакониву шустани фаршҳо ва ранг задани хона ва дуруст кардани сабза ва назоири онҳо, ки дар ҳар ҳол вақт ва ҳамму ғами мардумро ба хеш машғул нигоҳ медорад. Маъмули кор ҳам ин аст, ки мардум моҳи исфандро дар шумори рӯзҳои муқаддамотии ин ҷашн ба ҳисоб меоваранд ва аз ҳамон оғози моҳ ба наҳве дилмашгулиҳои ҷиддии айёми идро бо худ ҳамл мекунанд.

Ин ки ҳама ҷо толиби Наврӯзанд ва макдами онро пазира, сухани рӯз аст ва ин ки дорову надор ва оливу донй ва олиму ҷоҳил, ҳар касе дар ҳар мавкеияте, ки ҳаст, худро беихтиёр дар ҷарёни ҳаводиси наврӯзӣ мебинад, амрест бадеҳй ва роиҷ. Дар ҳеҷ ҷо нест, ки баҳси умдаи рӯз Наврӯз набошад ва русуме, ки дар ин айём, ба сурати суннатҳои устувор ва бетардид ва ғайри қобили гузашт ҷилва мекунанд, матраҳ нашавад. Рӯҳияе низ, ки по ба пои зуб шудани барфҳои зимистонй ва кам шудани сармо ва ҷавона задани дарахтҳо ва шукуфа кардани шохаҳои мева ва сабз шудани атрофии ҷӯйборҳо нузҷ мегирад ва ҳар рӯз нузҳату тароват ва шодобии тозае меёбад, ба ҳамин сурат дар авҷ аст ва бо вуҷуди вусъат ёфтани доираи ниёзҳо ва афзоиши хостҳо ва тиҳӣ шудани ҷайбҳо ва бисёр шудани такаллуфҳо, боз он чи ки воқеист, хушҳолии инсонҳо аз мувоҷеҳа бо падидаест, ки ҳақиқати маҳз аст ва бараъйулъаин мамлус ва маҳсусу азиз менамояд.

Созу корҳои фарҳангии ҷавомеи баргузоркунандаи Наврӯз ба ҳадде бо нерӯҳои ҳаракатӣ (динамизм)-и асосии худ интибоқ дорад, ки ҳеҷ кас дар садади мутаваккеф кардани ҳеҷ бахше аз қавоиди наврӯзӣ нест ва ба зеҳни аҳаде ҳам хутур намекунад, ки хадшае бар аркони матину ҷоуфтода ва мустаҳками он ворид оварад. Ҳаракатҳои шавқофарини умумӣ дар ростои анҷоми силсилаи икдомотест, ки на камӣ мепазирад ва на сустиро роғиб аст, балки аз даруну бурун ҳамоҳанг аст, то муҳимтарин воқеаи сол ва бузургтарин пешомади хушоянди умумиро хушомад гӯяд ва бо диле мутмайин ва равоне маҳкам ва андешае умедвор ба растохезе, ки дар пай аст, бипайвандад.

Чашмгиртарин коре, ки хонаводаҳо ва хосса занони эронӣ анҷом медиҳанд ва сазовори тафсиле бештар аст, дуруст кардани сабза аст, он ҳам аз ҳубуботи мухталиф ва шояд чунон ки дар гузаштаҳо будааст, аз ҳафт ё дувоздаҳ донаи зиқимати хӯрокӣ дар манотиқи ҷанубитари Эрон ва масалан устони куҳансоли Форс ва Шероз ҳасанати тарози он барои ин ки сардари хонаҳо сабз бошад, соқаҳои сабзи чаман ё қасилро бо sol меовезанд. Аз ду ҳафта пештар низ кӯза ва бӯшқобро бо ҷав, гандум, биринҷ, мош ва адас сабз мекунанд. Бад-ин тариқ, ки Бадван микдоре гандум ё ҷав ва ё ғайраро хис мекунанд, баъд дар зарфе, ки мехоҳанд сабз кунанд, мерезанд ва порчаи сафедеро рӯи он меандозанд ва ҳар рӯз об медиҳанд ва порчаро низ каме ҷобаҷо мекунанд, замоне, ки донаҳо шурӯъ ба ҷавона задан кард, дигар даст ба порча намезананд, ҷавонақоро аз зери порча cap бар мезанад ва баъд аз чанд рӯз сабз мешавад. Барои сабз кардани кӯза донаҳои хискардаро дар наворҳои кисамонанде мекунанд ва даври кӯза меандозанд ва пас аз чанд рӯз донаҳо шурӯъ ба сабз шудан мекунад ва барои ин ки зудтар ҷавона бизанад, баъзе вақтҳо ҳар рӯз каме дар офтоб мегузоранд. Баъзе ба дастҳо ва поҳо ва эҳёнан сари худ ҳино мебанданд ва тухми мурғро обпаз ва ранг мекунанд. Ранг кардани улоғ, асб ва гӯсфанд низ ханӯз дар бархе аз марокизи ашоирӣ ва элотӣ роиҷ аст, бад- ин тариқ, ки тавкҳои ҳилолии ранги сабз, зард ва қирмиз ба даври гардан ё сару шикаму по ва думи ҳайвон мекашанд. Дуруст кардани суманак низ, бешубҳа, аз заруриёт аст.

Боре, он чиро ки аз рӯзгорони куҳан то имрӯз ба сурати муқаддимоти баргузории ҷашни наврӯзӣ зикр мекунанд, метавон чунин рақам зад: ин фақарот албатта куллият надорад ва бадеҳист, ки дар ҳар хона ҳасби заруратҳо бархе аз нукот бад-онҳо афзуда шаванд ва ё коҳиш ёбанд:

        1. Рангомезии утоқҳо ва таъмиру маримати харобиҳои ҷузъии сохтмон.
        2. Назофати дару девор ва муҳавватаи хона ва поку омода кардани зуруфи гизохӯрӣ.
        3. Гардгирӣ аз фаршҳо ва пардаҳо ва утоқҳо.
        4. Хариди қолӣ ё қолича барои такмили фарши хона ё таъвизу табдили фаршҳои кӯҳна ба нав.
        5. Таҳияи либосу кафши нав барои афроди хонавода, ки фақарае бисёр муҳиму чашмгир аз ҳазинаҳои наврӯзиро ба худ ихтисос медиҳад.
        6. Таҳияи биринҷ ва равғану гӯшт барои пухтани палави шаби ид.
        7. Пахш ва таҳияи нони лавош барои ид. Дар рустоҳо ин раем ҳанӯз низ бо қуввату қударат эъмол мешавад, ба изофа, ки бархе аз хонаводаҳои босалиқа, ҳатто дар шаҳрҳои суннатӣ низ шириниҳои мавриди ниёзро худ таҳия мекунанд ва суфраи идро бо ҳулвиёте, ки тадорук дидаанд, зинат мебахшанд.
        8. Таҳияи маводу лавозими суфраи «ҳафтсин».

Сарпарасти хонавода бар асоси суннатӣ миллӣ ва ҳайсияти хонаводагӣ ва ё чашму ҳамчашмию ҳам ҳифз зоҳир, қаблан ҳазинаи ин навнавориҳо ва таҳияи васоилу эҳтиёҷоти иди Наврӯзро ба ҳар навъи мумкин фароҳам мекунад, масалан, дар рустоҳо бо фурӯши гандум ва ё ҷави мозод бар эҳтиёҷу масраф ва ё равгану кишмиш, ки эҳтиётан барои шаби ид захира карда, пуле рӯ ба роҳ мекунад ва ба анҷоми барномаи иди Наврӯз мепардозад. Агар хонаводае, фаразан тиҳидаст буд ва қодир набуд барои зану фарзандон либоси нав ё биринҷу равған ва гӯшт таҳия кунад, ногузир барои ҷавобгӯӣ ба хостаҳои аҳли хона даст ба сӯйи мутамаккинин дароз мекунад ва бо гирифтани маблағе қарз то сари хирман, ҳадди ақали эҳтиёҷи афроди хонаводаи худро фароҳам меоварад.

Аз авоили исфанд дар бозорҳо, махсусан дар дуконҳои порчафурӯшӣ ва кафшу кулоҳдӯзӣ издиҳом аст. Ҳар кас ба қадри тавоноии худ ба фикри либоси ид барои афроди хонавода меуфтад ва кӯшиш мекунад, ки шаъну эътибор ва манзалати шахсии ва хонаводагии хешро ба наҳве ҳифз кунад.

Аз бистуми Исфанд ба баъд бархе аз мағозадорон, ки сару кор мустақим бо ид доранд, дуконҳои худро тазйин мекунанд, оҷилфурӯшҳо бо табақҳои муаллақи бузургу кӯчак аз фандуқу бодому писта ва тухмаи ҳиндувонаву тухмаи каду, пешёра ва ё махрутиҳое, ки аз анвои оҷили баҳамчаспида месозанд ва ҷилави дуконро зинат медиҳанд. Мевафурӯшҳо гузашта аз ороиши дукон, бо меваҳои алвон, пиёзи наргису сунбул дар гулдонҳои шишаӣ сабз мекунанд ва чунон ба тартиби онҳо мепадозанд, ки дар ҳудуди шаби ид гулҳои аввалияи онҳо ба бор ояд. Муфассалтар аз ҳама, озинбанди қаннодиҳост, зеро сару кори инон бо иди Наврӯз бештар аз соирин аст. Гоҳ дар чилави дукон, ду асла тири сарутаҳякӣ, ки рӯйи онро бо қоғази алвон накшу нигор андохтаанд, ба ду ҷарзи тарафайни дукон такя медиҳанд, сари онҳоро ба ҳам наздик мегардонанд ва ҷаноқе дар ҷабҳаи дукон эҳдос мекунанд. Баъд аз каллақанд, ки дар таҳи он норинҷ ва баъд аз он шишаи майманадии оби лимӯ ва дар охир шишаи гулоб, ки ба онҳо зарварақ мезананд, риштаҳое тартиб медиҳанд ва онҳоро танги дарз ба ин ҷаноқӣ меовезанд. Иддае ҳам сипару шамшере аз набот мерезанд ва ду тарафи ҷаноқӣ ба ҷабҳаи дукон насб мекунанд, дар чилави дукон аз гаҷ махрутиҳои сарзадае месозанд ва ақсоми ширинй дар онҳо мечинанд ва рӯи сарзадаи махрут, ҷорҳои чандшоха мениҳанд. Дар гузашта пардаҳои нақошии ҷанги Рустам ва Исфандиёр ё Рустам ва Деви сафед дар болои ҷабҳа насб буд. Болои ин пардаҳои нақошӣ ба чӯббандии наздики сақф, чилчароғҳое ҳам овехта мешуд ва тазийнотро комил мекард, Аммо дар рӯзгори кунунӣ камтар фурсат ва ҳавсалае барои ин гуна тадорукот ҳаст ва ба ҳамон ороишҳои содатар қаноат мекунанд. Вақте ки мардум ҳанӯз ба ҳаммомҳои умумӣ одат доштанд, онҳоро ҳам зинат мекарданд. Рахткани ҳаммом маъмулан чаҳор суфа ва аксаран чаҳор сутун дошт. Байни сутунҳо барои истеҳкоми бино тирҳое кашида буданд, ки ин тирҳоро бо коғази алвон, ки буришҳое ҳам ба онҳо медоданд, мепӯшонданд. Дар ҳамон гузаштаҳо дар ҳафтаи охир сол дастаҳое дар шаҳр роҳ меафтоданд, ки яке аз онҳо Оташафрӯз буд. Чаҳор-панҷ нафар дасту сурат ва гардани худро сиёҳ мекарданд; миқдоре хамир ба cap гирифта, рӯйи он пунба ва кӯҳнаи оғушта ба нафт мегузоштанд ва оташ мезаданд ва ҳар як машъале ҳам ба даст доштанд ва бо зарби тунбак ва таснифхонӣ иддаи дигаре давр уфтода, аз ҳар дукон шоҳии саддинорӣ мегирифтанд ва вирди забонашон ин шеър буд:

Оташафрӯзи ҳақирам,
Соле як рӯз фақирам.

Ин маросим, албатта, ҷузи онест, ки Ҳоҷй Фирӯз ва ё Мири наврӯзӣ хонда мешавад. Дар мавриди онҳо ба таври тафсилитаре сухан хоҳем гуфт. Дастаи дигаре ҳам ба исми Ғӯли биёбонӣ буд, ки як мард қадбаландро интихоб мекарданд, ки қаворае аз пӯсти гӯсфанди сиёҳ бо либоси часпоне аз cap то ба пойи ӯро мепӯшонид, иддае тунбакзан ва таснифхон даври ӯро мегирифтанд ва аз дуконҳо андак пуле дарёфт медоштанд, зикрашон ин буд:

Ман гули биёбонам,
Саргаштаву ҳайронам.

Аммо бадеҳист, ки аз пайкҳои хушқадаму хушхабари наврӯзӣ тасвире нодуруст набояд дар зеҳн дошт. Инон дар гузаштаҳо корашон ҳамоҳанг бо ҳадафашон пуршукӯҳ ва бузургу ҷалилу инсонӣ буд. Асилтарин суратҳои пайкҳоро бояд дар «Оташафрӯзон» ҷустуҷӯ кард ва шояд қадимитарин номи онҳо ҳам ҳамин «Оташафрӯз» бошад, чи дар гузашта оташ афрӯхтан дар Наврӯз аз маросими боаҳамият шумурда мешуд, чунонки дар Курдистон ҳам акнун низ чунин аст. Мӯҳтамилан инон оташро аз оташкадаҳо бармедоштанд ва ба маҳаллаҳо ва хонаҳои мухталиф мебурданд. Инак, оташафрузон ҳам тан ба хорӣ дар додаанд ва худ бо оҳанги ҳазин мехонанд:

Оташафрӯз омада,
Соле як рӯз омада.
Оташафрӯзи ҳақирам,
Соле як рӯз фақирам.
Рӯда-пӯда омада,
Ҳарчи набуда, омада.

Бад-ин наҳв яке аз онон низ мерақсаду бозӣ дармеоварад ва мардуми давру барро саргарм нигоҳ медорад.