7-шин



Шакар - Маводи ғизои хуштамъ аст. Ба инсон кувват медиҳад. Дар таркиби нон, картошка, меваву сабзавот мавҷуд аст. Номҳои гуногун дорад: дар шир -лактоза, дар ангур – глюкоза, дар дигар меваҷот-фруктоза ва дар лаблабуву найшакар-сахароза. Ба ривояте шакар бори аввал дар аҳди шоҳ Ҷамшед аз найшакар ҳосил карда шудааст.



Шир - Нахустин ғизо барои одамӣ ва ҳайвонот. Аз об ва сафеда иборат аст. Дар таркибаш витаминҳои А, В, С, Д, К дорад. Зуд ҳазм мешавад. Таъми тамоми ғизоҳоро ба шир нисбат медиҳанд, яъне ширин. Беҳтарин шир шири гавазн ба ҳисоб меравад, ки аз 63,3% об, 22,5% равған, 10,3% сафеда ва36,7% маводи дигар иборат аст. Шири гов дар таркиби худ 87,3% об, 3,8% равған, 3,2% қанд дорад.



Шона



Шамъ - Ёдгоре аз оташи зардуштӣ. Рамзи шодиву хуррамӣ, шикасти зулмот ва равшаниву зиё. Нур медиҳад. Месӯзад, ба дигарон фурӯғ мебахшад. Нишонаи офтоб, меҳру муҳаббат, бахт ва дилгармӣ.



Ширинӣ - Шакари моеъ. Аз тут, ангур, харбуза ва тарбуз бо роҳи ҷӯшонидан тайёр карда мешавад. Нисбати шарбат ғафстар буда, барои рафъи хунукии роҳҳои нафас истифода мешавад.



Шарбат - Ширинии равон, афшураи мева: анор, себ, зардолу, олболу ва ғ. Кувватдиҳандаи дил ва акл, фараҳбахшандаи рӯҳ, шиканандаи ташнагӣ. Дорои витаминҳои А, В, С, Д, Е мебошад.



Ширбиринҷ - Таъоми миллӣ. Аз шир, биринx, об, намак ва равuан тайёр карда мешавад. Бисёртар ҳамчун хӯроки субкона истеъмол карда мешавад. Ниёгони мо ширбиринxро ҳамчун хӯроки пайғамбарон дониста, онро дар маъракаҳо пешкаши мардум мегардониданд. Ин таъом аз витаминҳои А В С бой буда, истеъмоли он барои организми инсон фоидаовар аст.