Оташафрӯзӣ

Дар Озарбойҷон ҳамаи харидҳои шаби чаҳоршанбесуриро аз чаҳоршанбебозор таҳия мекунанд ва бозорҳоро дар шаби чаҳоршанбесурй чароғонӣ менамоянд ва ба зеварҳо меороянд.

Эрониёни бостон нурро мазҳаре аз фурӯғи эзадй медонистанд. Андешаи парастиши хуршед низ аз он ҷост, ки хуршед манбеъ ва мабдаи нуру рӯшноӣ аст. Аз замоне, ки оташ шонохта шуд, ба кори равшангарии шабҳои тор омадааст, изофа бар он шӯълаҳои оташе, ки аз уҷоқи хонаҳо бармехезад, хонаҳоро равшан мекунад. Ҳаргоҳ ба иллате мардум дар шабҳо даври ҳам гирд меомаданд, оташафрӯзй ҷанбаи ҳамагонӣ ба худ мегирифт, чунонки акнун низ ёдгори аз он ба сурати ойини «озаргоҳ» бар ҷой мондааст. Дар Хур диду боздидҳои шабонаро «оярӯн» меноманд, ки «ояр» дар гӯиши хурӣ ба маънои «оташ» аст ва ҳамрешаи «озар». Дар Язд низ ҳамин диду боздидҳои шабонаро «оташун» меноманд.

Инҳо ҳама таъйидест бар ин, ки оташафрӯзӣ вежаи ҳеҷ ҷашн ва маросиме нест, балки бузургтарин шиори суннатӣ дар ҳар маросимест. Дар ҷашнҳои миллӣ оташбозӣ дорем ва дар арӯсиҳо ҳам. Ба ҳангоми «фарвардагон» оташафрӯзӣ мекарданд. Равшан кардани машъалҳои бузург дар такияҳо ва ҳусинияҳо низ ёдгоре аз ҳамин амр аст. Ҳанӯз ҳам пойгоҳи бисёре аз суннатҳои асили эронӣ дар қалби кавир (биёбон) аст, ки ҳар вақт касе дармегузарад, то се шаб ба ҳангоми ғуруби офтоб дар кӯчаҳое, ки ба хонаи мурда васл мешавад, ба фосилаи ҳар чанд метр оташ меафрӯзанд ва мардҳо дар ду сӯйи оташ дар канори девор меистанд. Як нафар асомии аҷдоду ниёкони дар гузаштаро бармешуморад ва аз даргоҳи эзадӣ барои онон омӯрзиш мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мебинем, оташафрӯзӣ дар кӯчактарин иҷтимооти хонаводагй ҷанбаи суннатӣ дорад, чӣ гуна метавон тасаввур кард, ки дар шаби Наврӯз оташ афрӯхта нашавад? Ханӯз ҳам дар баъзе аз нуқоти Курдистон, ки дар шаби чаҳоршанбесурӣ оташ намеафрӯзанд, дар шаби Наврӯз бар даргоҳи хонаҳо ҳезумҳоро оташ мезананд ва шӯълавар месозанд. Хамин оташафрӯзӣ дар шаби Наврӯз аст, ки ривояти зеро пардохтааст. Гуфтаанд, ки ойини оташафрӯзӣ дар шаби чаҳоршанбесурӣ аз ҳангоме ба ғуруби охирини сешанбеи ҳар сол мавкул (вогузор) шудааст, ки Зардушт бо муҳосиботи гоҳшуморӣ ба танзиму тадвини дақиқи тақвим тавфиқ ёфт ва он соле буд, ки таҳвили сол ба сешанбее мусодиф шуд, ки нимаи он сешанбе то зӯҳр, ҷузъе аз сол кӯҳна ва нимаи баъд аз зӯҳр ҷузъи соли нав маҳсуб меомад ва чун оғози ҳар рӯзро нимашаби ҳамон рӯз медонистанд, бинобар ин фардои он сешанберо Наврӯз шинохта ва шабашро мутобиқ маъҳуд ҷашн мегирифтанд ва оташ меафрӯхтанд ва аз он пас он шабро чаҳоршанбесурӣ номиданд.

Ба ҳар рӯй, оташафрӯзӣ бузургтарин суннат дар чашни чаҳоршанбесурӣ аст ва инак, назаре ба чигунагии ин раем афканда мешавад.

Дар ғуруби офтоб, он гоҳ, ки хуршед аз дидаҳо пинҳон мешавад, куппаҳои (гарамҳои) ҳезумро рӯйи ҳам мегузоранд ва даври ҳам ҷамъ мешаванд, хуршед, ки фурӯ рафт, тӯдаҳои ҳимаро (ҳезумро) ба оташ мекашанд, гӯйӣ, ки мехоҳанд оташи афрӯзандаро ҷонишини хуршеди тобанда созанд. Дар Исфаҳон ҳар ҷо ки оташи чаҳоршанбесурӣ афрӯхта шавад, ҳезумҳоро се даста мекунанд, ки баъзе онро бо се шиор - андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек муртабит медонанд. Дар рустоҳои атрофии Бандари Аббос аз соате ба ғурубмонда дар гӯшаву канори рустоҳо созу дуҳул мезананд ва мерақсанду шодӣ мекунанд. Куппаҳои оташро дар кӯча ё саҳни хона мегузоранд ва аз рӯйи оташ мепаранд ва мегӯянд: «зардии ма би ту - сурхии ту би ма». Вақте дуҳулу соз мезананд, занҳое, ки ба тамошо истодаанд, ҳилҳила мекунанд. Хуросониҳо ҳафт бутта ё ҳафт тӯдаи ҳезумро дар васати кӯча ё саҳни ҳаёт мегузоранд ва муқорин бо ғуруби офтоб онро меафрӯзанд ва аз рӯи оташ мепаранд, ҳатто занҳое низ, ки баччаи ширхора доранд, бачаҳоро бағал мекунанд ва шодикунон аз рӯи оташ мепаранд.

Баъзе аз муҳаққиқонро ақида бар ин аст, ки оташафрӯзӣ бар боми хонаҳоро асолати бештарест, гӯё ин кор барои роҳнамоии фраваҳрҳо ба сӯи дудмони хеш аст, то бо дидани дуд оташ ҷойгоҳи худро бозшиносанд. Дар Ҳамадону атрофи он расм доранд пас аз оташафрӯзӣ ва паридан аз рӯи он, оташро ба ҳаво партоб кунанд, дигар ин ки ҷорӯберо оташ мезананд ва ба ҳаво меандозанд.