Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
Эҷодиёт

Фаъолияти эҷодии Ҳабибулло Файзулло ҳамагӣ 15 сол давом кардааст. Он асосан аз соле, ки аввалин чакидаҳои хомаш таҳти унвони «қатраи борон» ба таъб расидааст, дар назар дошта шудааст. Солҳои аз ин пеш солҳои машқи шеър, санҷиши қалам ва донишандӯзи буданд. Нашри китобчаи аввалин ба ӯ панд дод, Ки минбаъд ба эҷод, ба таълифи шеър сарсарӣ назар накунад ва аз паси мавзӯъҳои забонзаду умумӣ наравад. қадам боҷуратона ниҳад ва шеъре, асаре офарад, ки хонандаро қонеъ гардонда тавонад. ҳамин тавр ҳам амал кард. Маҷмӯаи дуввуми ӯ баъди чаҳор сол. Яъне соли 1971 бо номи « Дунёи ҷавонӣ» ба таъб расид. Шеъоҳои ин маҷмӯа шеърҳои нисбатан пурмазмун, дар саноеи шеърӣ комилтар, дар арӯзу қофия мукаммалтар ва пуробуранг будунд. Аз ин пас китобҳои Хабибуло бо номи «Афсонаи дарё» (с. 1974) , «Достони роҳ» (с. 1977) ва «Дидори орзуҳо» (с. 1979) Чоп шуда, чун гулҳои дастабастаи зодгоҳаш пншкаши ҳаводорони шеър гардидаанд. ҳанӯз вақте Ки ӯ дар курси олии адабиёт таҳсил мекард, китобчааш ба забони русӣ бо номи «Яблонька» (с. 1972) ба таъб расид. Баъд аз фавт боз маҷмӯаҳом ашъори ӯ таҳти унвони «Обшори офтоб» (с. 1981), «Чил чинор» (с. 1982), «Боль» (с. 1990) нашр гардидаанд. Пас аз ин ба хотири шеъру шоирӣ ва адабиёт муаллифи ин сатрхо сарфи назар аз заҳмати зиёди тайёр кардану ба Чоп омода сохтан мунтахаби шеърҳои Ҳабибулло Файзуллоро соли 1985 бо номи «Зи нав зинда шавем…» ва осори тарҷумавишро соли 1987 таҳти унвони «Армуғон» гирд оварда дастрас гардонд. ҳар кадоми ин ду китоб бо пешгуфтор ва бо сифати баланд ба таъб расидаанд, Ки шоир баин зайл нашр гардидани китобҳояшонро орзу мекард.
Инак, боз камина нияти ҷамъугиру ба таъб расонидани куллиёти ҳабибууллоро кард. Мақсад ба пуррагӣ пешкаш кардани осори шоири ҷавон дар адабиёт, дар ҷодаи шеъру шоирии солҳои охири шасту ҳафтодуми қарни бист аз нишон додани фаъолияти эҷодӣ ва то кадом андоза ҳиссагузор шудани шоири ҳассосу ҷӯянда мебошад. Асарҳои шоир, чунон ки мебинем, мисоли дили гарму ҳассоси ӯ рӯҳбахш, шавқовар ва саршори меҳру муҳаббаьанд.Азҷусьуҷую мавзуъёбӣ ва маҳораьи шеърияш огоҳ шуданмумкин аст , ки ӯ то чи андоза ҷӯянда будааст Ба пурмазмунию ғояноки ва муайянии асарҳояш диққат медодааст. Пурмазмунии эҷодиёьи ҳабибулло асосан аз маҷмӯи дуввуми ӯ-«Дунёи ҷавонӣ» маълум шуда меистод. Агар дар «қатраи борон» доираи нисбатан танги хаёлот, бо таъбири устод Улуғзода « …ҳоло лирикаи ӯ аз доираи «рози дил» - и шахси , аз чаҳорчӯбаи ишқу сӯзи ҷавонӣ он қадар берун намебарояд ва баъзе ғазалҳояш анъанавӣ, тақлиди…» мушоҳида шаванд, дар маҷмӯаи «Дунёи ҷавони» ин нуқсонҳо нисбатан ислоҳ гардидаанд.
Аз эҷодиёти Ҳабибулло ҳис карда мешавад, ки муаллиф кӯшидааст аз байт то байт , аз шеър то шеър сухани нав гӯяд, образи тозаю бообранги бадеидошта офарад. Шоир ҳамчунин шеърҳое дорад,ки онҳо аз созу рози ҷавонӣ, ҷаҳони бои маънавию ботини офаридгораш шаҳодат медиҳанд. қаҳрамони лирики ҳассосу мушоҳидакори ӯ Моро ба бурдборӣ, ба сӯи фарди фирӯз двъват мекунад. «Ба сӯи қуллаҳо», «Дилам дарёст», «Бачагии ҷовидон», «Таронаи тифли», «БАҳори бачаги» ва ғайра аз ҳамин қабил шеърҳоянд. ҳабибулло ьо лаҳзаи охирини умр башеър, тарҷума, тарғибу ташвиқи адабиёт машғул буд. ҳар куҷое буд бо шеър буд ва ғояҳои олии даврро ташвиқу тарғиб мекард.
Мутаасифона, умри ҷавонӣ ба ҳабибулло бевафои кард. ӯ ҳамагӣ 35 сол зиндагӣ карда ва рӯзи 8 июни соли1980 дар роҳи сафари аз Ховалинг ба Душанбе баргаштан ,наздики қиишлоқи Гулистони ноҳияи Восеъ дар мошини худаш , аз тасодуми автомобил ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид. ӯро дар зодгоҳаш шаҳраки Ховалинг Дафн карданд. ҳабибулло дар як шеъраш «аз гардиши фалак» шикоят карда, ба орзую омол нарасиданашро чунин пешгӯ кардааст:

Аз гардиши ин фалак чунон ҳайронам,
Пайдо ба дилам, зи дидаҳо пинҳонам.
Бар қуллаи мақсуд расидам лекин,
Дар ағбаи умр зор монд армонам.