Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
ШЕЪРИ НОБ - УМРИ ҶОВИДОН
Чеҳраи гарми Ҳабибулло пеши рӯ, бори дигар, Куллиёт-ашро, ки соли 1995 бо кӯшиш ва эҳтимоми Шоҳҳайдар Ёдгорй аз тариқи нашриёти Ирфон ба чоп расидааст, мутолиа мекунам. Ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, ҷустуҷӯ, кушодагӯӣ, мушохидакорӣ, талош ва олами розу ниёзҳои шоирона дар ҳар як шеър саршор аст. Ва байни ҳар сатру банд тапиши дили поку орзупарвар, сӯзу гудози ошиқонаи фарди эҷодкор, ки бо ҷаҳони умедҳо ва матлабҳо ба майдони шеъру сухан мустаҳкам қадам мондааст, эҳсос мешавад. Ман Ҳабибуллоро мебинам дар сурати каҳрамони лирикии ошиқ ва меҳрпарвар, ҷӯянда ва созандаву боҳунар. Шоир бебокона дари дил ба рӯи хонанда мекушояд - бо нияти аз ниҳоли умр ба хони сухану маънавият меваҳои хушранг, тару тоза ва лазиз афшондан, Вай, як ҷавони орзупарвар, дар ин майдони пургирудори ҳунар ба бадхоҳону ҳасудон, ки чун дев ҳамеша дар паҳлӯи фаришта ҷой доранд, аз нубуғ ва ҳадафи шоиронаи хеш фошофош башорат медиҳад.
Ту мапиндор, ки ман қагпраи боронаму бас,
Ки ба як чашмзадан ояму афпшм сари роҳ.
Луқмаи хок шавам, ё ки чу шабнам дами субҳ,
Офтобам бикунад нӯш бо як ними нигаҳ.

Қатри боронаму аз абри умед афтида,
Дар худам акс кунонам рухи хуршеди баҳор.
Бишанам ташнагии гунчаи нав сабзида,
Ё бишӯям зи рухи сабзаву гул чангу губор.


Ва ё
Ба ҳукми як ниҳоли навбарам,
Пазмони хуршедам.
Парастори баҳорам, ки механдад гули мақсуд.

Бирав, эй боди саҳроп, макун якбора навмедам,
Марезон барги гулҳоям
Ки гардад зери по нобуд.
Бимон файзи баҳорон бинаму нашъунамо ёбам,
Бимон то богбон дар шохсори ман самар бинад.


Бубинед, дар ин пораҳо, ки таровиши ҳунари бист-бистуяксолагии Ҳабибуллоанд, чи хел ӯ бе пархош, талху пичинг, бо дили оинавор соф, лаҳни нарму пуробуранг, ҷасорату ҷавонмардии шоирона арзи иддао мекунад. Ин шеърҳоро шояд онҳое, ки ибтидои солҳои шастум дар Донишкадаи омӯзгории пойтахт муҳассил буданд, нагз дар ёддоранд.
Ҳабибулло он вақт рохбарии маҳфили адибони ҷавони донишкадаро зери назари устод Тилло Пӯлодӣ ба ӯҳяд дошт. Даврони шукӯҳи донишкада, бедории донишҷӯён. Чанд сол пеш аз ин донишкада ва маҳфил адибони номвар Ғаффор Мирзо, Файзулло Ансорй, Акобир Шарифй, Бобо Ҳоҷӣ, Убайд Раҷаб, баъдтар Ғоиб Сафарзода, Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтй ба арсаи адабиёт боли парвоз кушода буданд ва албатта мо аз ному осори эшон ифтихор ҳам мекардем. Он айём анъанаи хубе вучуд дошт. Ҳар сол ду маротиба: баҳор ва тирамоҳ дар толори тобистонаи Донишкада бо ширкати устодон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ва дигарон базми шеър баргузор мешуд. Дар ин маҳфилҳо беҳтарин адибони ҷавони Донишгоҳи давлатӣ низ ширкат варзида, сабқати аҷиби ҳунару маҳорат меоростанд. Ва Ҳабибулло ташаббускори ба ин базмҳои шеър гирд овардани устодони калом ва навқаламон буд. Шоирони ҷавон шеърҳои нави худро мехонданд ва баъди кафкӯбй устодон ба ҳунару бозёфти онҳо баҳо дода, аз ҳамон саҳна, ба кавле, умедбахшҳоро зери чашм мекарданд. Чи хотирмону дилнишин буданд он маҳфилу сӯҳбатҳо. Ва имрӯз Куллиёт-ашро варақзанон ман ба ёд меорам, ки Ҳабибулло кадом шеърро, ки саршори орзуву омоли ҷавонй, ишку ҳиҷрон буд, аз дафтарчаи киссагӣ бо ҳаяҷон дар он маҳфилҳо мехонду сазовори аҳсану офарин мешуд.

дигар >>