Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ТАРОНАИ ТИФЛӢ


Барфе, ки нахуст бар замин рехт,
Оғози фасонаҳои тифлист.
Дар сафҳаи дафтари зимистон
Бинвишта таронаҳои тифлист.

Аз хона ба хона мужда оранд,
К-ин барф сафедии мурод аст.
Рахшон чу нигоҳи тифли навзод,
Покиза чу ҳусни бомдод аст.

Аз шом ба гирди сандалиҳо,
Ороста давра пиру барно.
Лабрези тарона то дами рӯз,
Шабҳои дароз кулбаи мо.

Бас пайкараҳо, ки ҳар кас он гаҳ,
Аз мармари барф метарошид.
Бо лахча кашида абрувонаш,
Дандон-ш зи пунбадона мечид.

Чун боди саҳар вазид аз Шарқ,
Бардошта пардаи шаби тор.
Худро ҳама дар фасона дидем,
Андар сафи ҳайкалони бисёр.

Эй барфи нахуст, ту маро бар,
Аз нав ба фасонаҳои тифлӣ,
То гӯш кунам садои худро,
Дар авҷи таронаҳои тифлӣ.

<< аввала    дигар >>