Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

МАНЗАРАҲОИ ГУРҶИСТОН
Васияти шоҳ Давид


Шоҳ Давид гуфто:
Чунин қасри баланд эҷоди ман.
Бар фалак ноқуси гунбад
Мебарад фарёди ман.
Бурҷ андар кӯҳсори гурҷ
Барпо кардаам,
ҳар манорашро сутун
Бар арши аъло кардаам.
Фаршу девораш
Зи санги мармар оро ёфта,
Бо ҳалимӣ чашма қалби хораро бишкофта.
Тиркашҳо дар ҳисораш
Дидаи бедори ман.
Чашми душман дар ҳарос,
Аз қаҳри оташбори ман,
Мори афъӣ хуфта гӯё,
Дар гиреҳи мушти ман,
Чашми ӯ рахшад чу гавҳар
Дар нигин ангушти ман.
Дар диёре, ки бувад
Зеботар аз боғи биҳишт,
Гурҷиёнро кӯҳ маъво буд
Сангин сарнавишт
Ифтихори гурҷиён
Ман қаср барпо кардаам.
Рӯҳи аҷдодони худро
Аз нав эҳё кардаам.
Чун биёяд марг рӯзе
Бар сари болини ман,
Чашм бар чашмаш бидӯзам,
Ростӣ- оини ман
Дар таги дарвозаи ин қаср,
Дар хокам ниҳед.
Чун насоро тӯшаи раҳ,
Бодаи токам диҳед.
Чанд хиште
Ҷои болишти пари зери сарам.
Бистарам аз санг бинмоед,
Монед пайкарам.
Тахтасанги гӯри ман
ҳамвор фарши раҳ кунед.
Раҳгузарҳо пиру барноро
ҳама огаҳ кунед.
То чун аз раҳ беибо
Аз манзили ман бигзаранд
По ниҳода рӯи қабрам,
Аз дили ман бигзаранд.
Шохи ангуре ба гӯри ман,
Шинонед он замон,
Дар дилам то реша монад
ҳамчу набзи ҷовидон,
То ки хунам дар раги токаш
Давад,
ҷорӣ шавад,
Хӯшаи афзун бибандад,
ҳосилаш орӣ шавад
Он замон бинам
Рухи аз бода гулгуни шумо.
Зинда гардад хуни ман,
Ҷовид дар хуни шумо.

<< аввала    дигар >>