Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ЁДИ НАВРӮЗ


Боз дар гӯшаи порисаи боми падарӣ
Лола мерӯяду қумрӣ ба наво меояд.
Лона монанд зи нав достакони сафарӣ
Иди наврӯз ҳама хонаи мо меояд.


Амаки ҷуфтгарам ҷуфт кунад ҳотаи хеш,
Бачагон гашта савори чапари молаи ӯ.
Абри боранда бирез оби бақо бар сари кишт,
То ки афзун бишавад ҳосили имсолаи ӯ.


Рӯди кӯҳӣ биҷаҳад, мавҷзанон, шиҳакашон,
Гӯӣ чун аспи самандест ба тоб омадааст.
Санг ғелон шуда аз кӯҳ дами сели дамон,
Чу саворест, ки як по ба рикоб омадааст.


Бӯи сабза, бӯи гул, бӯи замини падарӣ,
Сӯи худ мекашад ин лаҳза маро аз раҳи дур.
Ҷӯям аз кӯчаи деҳ ҳамсабақонро ба умед,
ҳамчу набзе, ки биҷӯяд ба тане одами кӯр.


Ошён деҳаву мо ҳар сӯ ба парвоз шудем,
Ман ба дидори шумо гашта хумор омадаам.
Боз чун сели кабӯтар зи сафарҳои дароз,
Пешвози ҳаматон фасли баҳор омадаам.


Боз дар гӯшаи порисаи боми падарӣ
Лола мерӯяду қумрӣ ба наво меояд.
Лона монанд зи нав достакони сафарӣ,
Иди наврӯз ҳама хонаи мо меояд.

<< аввала    дигар >>