Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ЯХРӮД


Аз дили тармаю аз синаи кӯҳ
Оби Яхрӯд бурун меояд.
Ҷӯи Фарҳод бувад гӯӣ чу шир,
Ки зи кӯҳи Бесутун меояд.

Доманаш шаршараҳо мерезанд,
Аз фарози дараҳо мерезанд.
Шараҳо пора шуда бар сари санг,
Гавҳаросо зараҳо мерезанд.

Гирдбодест паси шаршараҳо,
Гарди дарё ба ҳаво печида,
Мавҷ монандаи дастори сафед,
Ба сари санги сиёҳ печида.

Дар дили кӯҳ шунав, чанд садо,
Рехта чун ғул-ғули як дарёянд.
Мутрибонанд, ки дар базми ҳаёт,
Сангро таблзанон меоянд.

Аз дили тармаю аз синаи кӯҳ
Рӯди Яхрӯд чунон меояд.
Фош бинмуда ниҳонхонаи кӯҳ,
Қулла гӯё ба забон меояд.

<< аввала    дигар >>