Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
ЁДГОРИ УМР
Шаст сол муқаддам дар мавзеи зебоманзари Ховалинг, аввали баҳор, 15 марти соли 1945 тифле ба дунё омад, ки ӯро падару модари деҳқонзодааш Ҳабибулло номгузорӣ карданд. Бо сад умеду орзу хоҳони он буданд, ки фардо ба воя расаду дастгирашон шавад ва номбардори онҳо бошад. Оре, аҳли оила баробари дигар фарзандони накӯномашон Ҳабибуллоро ҳам хуб тарбия намуданд ва хононданд. Солҳои тифливу ҷавонӣ паси сар шуданд. Ҳабибулло Файзулло ибтидо дар шаҳраки Ховалинг хонд, босавод шуду сипас барои таҳсил рӯ ҷониби Душанбе овард. Дар ин маркази сераҳолию илму фарҳанг факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории пойтахтро хатм намуд ва дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Вечерний Душанбе» ифои вазифа кард. Ҳабибулло Файзулло ҷавоне буд бо завқу салиқа ва бо иродаю нангу номус. Табъи саршори шоирию истеъдоди баланди ташкилотчигӣ дар кори журналистӣ ӯро барои таҳсил ба курсҳои олии адабиёти назди Институти адабии ба номи Горкии шаҳри Москва бурд. Соли 1973 баъди хатми он ӯ дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Шӯравии Тоҷик ва Идораи тарғибу ташвиқи адабиёти назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кард. Ҳабибулло Файзулло ҷавони хеле фаъолу чаққон буд. Ҳам дар ҷойи кораш дар рӯзнома ва ҳам дар миёни аҳли ҷомеаву илму адаб маҳбубият пайдо кард. Махсусан, шиносоӣ бо нависандаи бузург, устод Сотим Улуғзода дар ҳаёти Ҳабибулло Файзулло воқеаи фаромӯшношуданӣ гардид. Ҳабибуллои ҷавон бо устод Сотим Улуғзода, ки ба Ховалинг барои эҷоди романи «Восеъ» ба чамъ овардани мавод омада буд, ҳамсафарӣ кард. Он чи ки ӯ аз ин шахси бузург омӯхт, тамоми умр, тамоми давраи эҷодиаш роҳбаладаш буд. Ҳабибулло Файзулло солҳои донишҷӯӣ ва кор бештар меомӯхту эҷод мекард, роҳу равияи фаъолияти эҷодии худро муайян месохт. Намунаҳои эҷодиёташ пайваста дар маҷаллаву рӯзномаҳо чоп мешуданд. Соли 1966 айёми донишҷӯӣ аввалин маҷмӯаи ашъораш бо номи «қатраи борон» ба табъ расид ва Ҳабибулло Файзулло ҳамчун шоир худро муаррифӣ кард. Китоби нахустинашро хонандагон бо дилгармӣ пазируфтанд. Устод Мирзо Турсунзода соли 1966 аз минбари Анҷумани V нависандагони Тоҷикистон дар қатори чанде аз шоирони боистеъдоду умедбахш ба Ҳабибулло Файзулло баҳои баланд дода гуфт: «Мо хурсандем, ки ба сафи шоирони мо доимо ҷавонони пуристеъдоде омада истодаанд. Мо аз ҷумла, номҳои Лоиқ Шералӣ, Мавҷуда Ҳакимова ва шоири хеле ҷавон Ҳабибулло Файзуллоро бо мамнунияти тамом зикр менамоем. Албатта ба онҳо ҳанӯз бисёр чизҳоро омӯхтан лозим аст, аммо муваффақиятҳои онҳо хеле умедбахш мебошанд …». Оре. Ин баҳои шоири бузург, устод Мирзо Турсунзода беасос набуд. Зеро соле қабл қобилияти баланди Ҳабибулло Файзуллоро устод Сотим Улуғзода низ пай бурда, ба аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «қатраи борон» пешгуфтор навишта иброз дошта буд: «Кам – кам дар ман нисбат ба шеърҳои ӯ мароқ ва таваҷҷӯҳе пайдо гардид: аз байни мисраҳои саҳлу нимхому носуфта, гоҳ – гоҳ мушоҳидаҳои борики шоирона ё ташбеҳи тозаву обдоре, ё лавҳаи дилчаспе баромада мемонд. Инҳо ҷавҳари истеъдодро ошкор месохтанд Ў бо кӯшиши тамом дар адабиёт пайроҳаи хоси худро меҷӯяд ва ҷустуҷӯяш бемуваффақият нест. Вай рӯ ба камолот рафта истодааст …» Ҳабибулло Фазулло то нафаси охирин дар матбуоту идораҳои адабӣ фаъолона кор кард. Ашъори ӯ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ чоп мешуданд. Нашри маҷмӯаи «Дунёи ҷавонӣ»-и Ҳабибулло Файзулло ному мавқеи ӯро боз ҳам дар ҷодаи адабиёт мустаҳкамтар гардонд. Акнун ӯ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ дар доираҳои адабӣ маъруфият пайдо кард. Ўро мешинохтанд ва бо ӯ ҳамкорӣ мекарданд. Ҳангоми дар Маскав таҳсил карданаш бо адибони бузурги ватанию хориҷӣ шинос гардид. Ҳаёту фаъолияти эҷодии А. Вознесенский, Р. Рождественский, О. Сулаймонов, Д. Кугултинов, В. Солоухин, М. Синелников ва дигаронро омӯхт, асарҳояшонро ба тоҷикӣ тарҷума кард. Нашриёти «Молодая гвардия», соли 1972 китоби шеърҳои Ҳабибулло Файзуллоро таҳти унвони «Яблонька» бо забони русӣ мунташир намуд. Ҳабибулло Файзулло ҳамагӣ 35 сол умр дида, соли 1980 ҳангоми аз зодгоҳаш Ховалинг ба Душанбе баргаштан, ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуда, ҳалок гардид. Ҳабибулло Файзулло умри кутоҳ, вале бобаракате дид. Дар тӯли 15 соли фаъолияти эҷодӣ аз ӯ маҷмӯаҳои ашъораш бо номҳои «қатраи борон» (с.1966), «Дунёи ҷавонӣ» (с.1971), «Афсонаи дарё» (с.1974), «Достони роҳ» (с.1977), «Дидори орзуҳо» (с.1979), «Обшори офтоб» (с.1981), баъд аз фавташ «Чил чинор» (с.1982), «Зи нав зинда шавем» (с.1995), «Армуғон» (с.1987), осори пуррааш «Куллиёт» (с.1995) ва ба забони русӣ «Яблонька» (с.1972) ва «Боль» (с.1990) дастраси хонандагон гардидааст. Ҳабибулло Файзулло шоири хеле фаъол ва сермаҳсулу ширинбаён буд. Доираи мавзуи ашъори ӯ васеъ ва доманадор аст. Дар ашъораш Ватан, Модар, сарзамини зебою мардуми олиҳиммат, ишқу ошиқӣ ва ғайра хеле шоирона тараннум шудаанд. Дар шаклу жанрҳои гуногуни назм бо қофияву вазнҳои дилкаш шеър офаридааст. Ҳабибулло Файзулло дар адабиёти муосири тоҷик бо ашъори рангинаш мавқеъ дорад. Ў ҳамчун тарҷумони асарҳои адибони барҷаста ба хубӣ шинохта ва ном бурда мешавад. Бори нахуст ба забони тоҷикӣ шоҳасарҳои адибони бузург Еврипид – «Медея», А.П. Чехов – «Се хоҳарон» ва чанде аз ашъори шоирони машҳури ҷаҳон А.С. Пушкин, Н.А. Некрасов, М.Ю. Лермонтов, В.В. Маяковский, Е. Евтушенко, А. Ахматова, И. Гёте, П. Шелли, И. Вазов ва даҳҳо дигаронро тарҷума ва нашр кард. Инак, маҷмӯаи ашъори Ҳабибулло Файзулло ки дар айни ҳол пешкаши хонандагон гардидааст, гулчинест аз эҷодиёти ин шоири накуном ба муносибати шастумин соли мавлудаш. Ҳарчанд Ҳабибулло Файзулло ҷисман дар қайди ҳаёт нест, вале ӯ бо эҷодиёташ бо мост ва зиндаю накуном хоҳад монд.

идома >>