Пайкараи Лоиқ Шералӣ 1941 - 2000
Ғазалҳои Лоиқ Шералӣ (овози аслӣ дар шакли mp3)
Даруни синаи сардам, дили садпора мегирям.mp3
ҳаҷмаш: ~ 1197 kb - 1.1 mb
Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд,
Миёни хонаи бекӯдакам гаҳвора мегиряд.
Зи базми гарми шоҳон хандаи мастона меояд,
Ба чашми ман вале ҳар хишти бурҷу бора мегиряд.
Замин – бечора, медонам, фалак бечоратар аз ӯ
Ду бечора ба аҳволи мани бечора мегиряд.
Замину осмон танҳо, ба гардун ахтарон танҳо,
Хаёлам, бо мани танҳо ҳама сайёра мегиряд.
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
В 1986-м приключилась первая вирусная атака – "дикий" вирус Brian, созданный пакистанскими программистами, братьями Basit и Amjad Alvi, распространился по миру.