http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Ишқи ман, ҳар ҷо равӣ, бо хеш пиндорам туро,
Бо ҳама ин дасткӯтоҳӣ ба даст орам туро.

Кокулони майдабофатро шумурдам бо нигоҳ,
Баъд аз он рӯзи сиёҳи хеш бишморам туро.

Гарчи бемеҳрӣ, туро бо меҳрубонӣ мекушам,
Гарчи ноёри манӣ, ёру нигаҳдорам туро.

Шӯхӣ-шӯхӣ дастаконатро ба рӯи дил ниҳам,
Бозӣ-бозӣ дил ба рӯи даст биспорам туро.

Гар ба гардун баршавӣ, боз орамат рӯи замин,
Гар равӣ зери замин, ором нагзорам туро.

Мефишорад то диламро андуҳи анбӯҳи ту,
Оқибат андар канори худ бияфшорам туро!

[1982]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
... что первая ЭВМ появилась в 1951 году
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|