http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Дилам мондаст аз ғавғои дунё,
Зи ҷанҷолу кашокашҳои дунё.

Дурӯиҳои дунё бесабаб нест,
Худ илқо мекунад савдои дунё.

Ба ҷону дил ба ҷуз нақши ғаме нест,
Зи нақши атласу дебои дунё.

Фиреби чашму шуғли кӯдакон аст
Ҳама ашё, ҳама колои дунё.

Таку боло задам, афсӯс, афсӯс,
Надонистам таку болои дунё.

Ба ҳаққи ҷон фақат кулфат харидам,
Зи меҳнатҳои ҷонфарсои дунё.

Зи кулли ваъдаҳо як мушти афсӯс,
Ҳамин нақдам расид, эй вои дунё!

Чу дунёро сари парвои ман нест,
Надорам банда ҳам парвои дунё.

Валекин, гарчӣ рӯзе мекушад, боз
Бихоҳам дидани фардои дунё...

[1990]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Автор самого древнего алгоритма Евклид
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|