http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Одам агар биҷустаед, одаматон одамак аст,
Ғами шумо куҷо ғаме, ғами шумо ғамкаҳак аст.

Дар дилатон, ки сӯз не, сохта нест коратон,
Дар саратон, ки шӯр не, бахти шумо бенамак аст.

Пар накушода навбате, парри шумо шикастааст,
Бар даре мушт нозада, ақли шумо бедарак аст. –

То ба фалак дакка зада дуди тамокуи шумо,
Даври кулаҳ дар саратон нусхаи даври фалак аст.

Беҳунаранд дигарон пеши даҳонатон, вале
Нохунатон шикаставу дуторатон бехарак аст.

Сари ҳисоби хешро наҷустаед соате,
Ҳисобатон аз падару китобатон аз амак аст.

Чист накӯиву бадӣ? Чист худию бехудӣ?
Ишкаматон, ки сер шуд, баҳри шумо ҳама як аст...

[1982]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Первым серийным домашним компьютером стал Apple II, выпускавшийся небезызвестной компанией. Произошло это в 1977 г.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|