http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

То туро ҷустам, замони комрониям гузашт,
То ғамат хурдам, умеди шодмониям гузашт.

Гуфта будам бо ту як дам зиндагӣ хуш бигзарад,
Дар талоши зиндагонӣ зиндагониям гузашт.

Хостам бахти ҷавон созам ҷавонии туро,
Дар таманнои ҷавоният ҷавониям гузашт.

Ҳуснат истеъдод буду шеъри ман з-он кам набуд,
Ҳамзамон бо ҳусни рӯят ҳамзамониям гузашт.

Ҷони ман як вақт нақди рӯи дастони ту буд,
Қадри ман нашнохтиву ҷонфишониям гузашт.

То баландии ғурурат хоксориям надид,
Достони ошиқии достониям гузашт.

Дар замину осмон чун ман нахоҳӣ ёфт, ҳайф,
Дар замин уммедҳои осмониям гузашт...

[1988]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
что слово "Google" - это выдуманное число: 1 и сто нулей
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|