http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат!
Рафтам ман аз сари ту, дидор дар қиёмат!

Эй паршикастаи ман, мисли уқоб бигзашт
Ҳамболу ҳампари ту, дидор дар қиёмат!

Бисёр бода хурдам, имрӯз бодаи марг...
Пур бод соғари ту, дидор дар қиёмат!

Хок аст бистари ман, эй кош гарм бошад
Болину бистари ту, дидор дар қиёмат!

Баъд аз сарам чи ояд аз саъду наҳси афлок
Бар хонаю дари ту, дидор дар қиёмат!

Рӯи маро бихоҳӣ, бар рӯи дафтарам бин,
Он ҷост мазҳари ту, дидор дар қиёмат!

Фарёди бесухан кун, чун дар ғами сухан сӯхт
Ёри суханвари ту, дидор дар қиёмат!

Танҳо набошам он ҷо чун бурдаам ба дида
Ду дидаи тари ту, дидор дар қиёмат!

Дар хоки тира бошад қандили шоми уқбо
Ишқи мунаввари ту, дидор дар қиёмат!

Рӯҳи маро биҷӯяд дар боғҳои мину
Рӯҳи музаффари ту, дидор дар қиёмат!

9.03.1996 – Бемористон
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
"Фортран" – первый высокоуровневый язык программирования.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|