http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Соқиё, соғар бикаш, то ин дам осон бигзарад,
Оби ҳайвон деҳ, ки фарёдам зи кайвон бигзарад.

Дар ҷаҳони гирдгардон кори мо саргаштагист,
Ҷом гардон кун, ғами гардуни гардон бигзарад.

Бар сари мо ҳам гулафшон рехт, ҳам борону барф,
Гулфишон бигзашт, инак барфу борон бигзарад.

Ҳар чӣ бар мо бигзарад ҳамчун насиби зиндагӣ,
Ҷумла аз кӯи дилу аз кӯчаи ҷон бигзарад.

Косаи ҳаққи маро лабрез кун, эй косагул,
Ҳар кӣ гул бар сар занад, хоре ба домон бигзарад.

Соқиё, паймона деҳ, паймонаи умрам чӣ фарқ
Сахтпаймон бигзарад ё сустпаймон бигзарад.

Соқиё, паймона деҳ, паймона деҳ, паймона деҳ,
“Ҳар чӣ ояд бар сари фарзанди инсон, бигзарад”.

[1982]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Червь – программа, созданная для того, чтобы работать на нескольких компьютерах, копировать себя из машины в машину и там запускать. Впервые термин "червь" был использован в 1975 г. в научной фантастике.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|