http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Аз ман куҷо мақолаву нутқу масал расад,
Ман ошиқам, зи табъи ман танҳо ғазал расад.

Ман аз азал, ки шоири ошиқ расидаам,
Аз хомаам таровиши нақши азал расад.

Ман бебадал набудаам, аммо ба ҷои ман
Ҳар кас расад, дареғ, дурушту дағал расад.

Ман шоирам, ки бартар аз ҳар тахт будаам,
Бар ман агар амал расад, баъди аҷал расад.

Бо дасти хеш решаи худро буридаам,
Бар ман фақат зи бехудӣ аз ман халал расад.

Дорои даҳраму касон гӯянд: камбағал...
Оре, бағалкушодагӣ аз камбағал расад.

[1988]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Термин "виртуальная реальность" впервые был предложен в 1983 г. программистом Жароном Ланьером.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|