http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Рӯҳи мо бар қадри даврон мерасад,
Ҷони мо бар қадри ҷонон мерасад.

Нест танҳо чанд кас кайҳоннавард,
Шеъри дилрас ҳам ба кайҳон мерасад.

Ҳар чӣ дорад ин замину осмон,
Ҷумла баҳри ризқи инсон мерасад.

Аз дарахтоне, ки биншонидаанд,
Як асо аз баҳри пирон мерасад.

Нест ҳусни бехирадро қимате,
Шишаи холӣ ба тифлон мерасад.

Гар ба сарвақтам наояд ёри ман,
Рӯзи маргам синакӯбон мерасад.

Лоиқ аз сӯзи дарун бегона нест,
Шеъраш аз мағзи дилу ҷон мерасад.

[1982]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
что байт - это 8 бит
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|