http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Аз дасти як бенохуне дар даштҳо хирман намонд,
Аз нафси наҳси раҳзане норуфта як махзан намонд.

Чун шуд бизангаҳ шаҳри мо, шуд баста раҳҳо баҳри мо
Як пӯстак дар хонае, як пӯстин дар тан намонд.

Аз шумии бепирҳо, нодидаву носерҳо
Як ҷомае бедарбеҳе дар қомати меҳан намонд.

Омӯхтам (ҳам сӯхтам!) худбудагии мо буда
Миллаткушӣ бо дасти худ! Дигар бар инам зан(н) намонд!

Гулҳо ҳама пар-пар шуданд аз дуди борут, эй дареғ,
Як наргиси чашмобдеҳ аз баҳри чашми ман намонд.

Ку ҳамраҳе, ку ҳамдиле, дамсоз ку, ҳамсоз ку?
Чун бингарам бар чор сӯ, як ёри ҳамшеван намонд.

Пулҳои моро хурдаву пулҳои моро сӯхтанд,
Аз дасти ин сангиндилон занге ҳам аз оҳан намонд.

Додам намепурсад касе, бо ман намесӯзад хасе,
Марги муаллақро бигӯ, ёре чу ту бар ман намонд...

28.11.1996
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Червь – программа, созданная для того, чтобы работать на нескольких компьютерах, копировать себя из машины в машину и там запускать. Впервые термин "червь" был использован в 1975 г. в научной фантастике.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|