http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Гар намедонистамат, шояд дилам осуда буд,
Хотирам ҷамъ аз ғами ҳар будаву нобуда буд.

Гар намедидам туро бо ташнагиҳои дилам,
Роҳу умрам беумеду орзу паймуда буд.

Гар намепиндоштам дарди туро дармони дард,
Нозу нӯши зиндагӣ якранг заҳролуда буд.

Гар набудам бохабар аз олами афсонаат,
Умри ширинам китоби куҳнаи фарсуда буд.

Гар намехурдам ғами ишқи туро бо ташнагӣ,
Чашмаи илҳоми ман ин гуна кай полуда буд?

Гар намедидам туро якрӯй дар рӯи замин
Зиндагониям замини мурдаи беҳуда буд.

[1986]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
что слово "Google" - это выдуманное число: 1 и сто нулей
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|