http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Бадбахт одаме, ки надорад нишони худ,
Бо ақл барнамекашад суду зиёни худ.

Бебаҳра ошиқе, ки ниҳон оҳ мекашад,
Рози ҷаҳон намекунад рози ниҳони худ.

Сарсахт дилбаре, ки худорой будааст,
Н-ороста зи ишқи дилоро равони худ.

Эй ҳайфи он ҷавон, ки кашокаш шиори ӯст,
Беҳуда ҳайф мекунад умри ҷавони худ.

Эй сад дареғи қодире, к-ӯ бо заифакон,
Лофу газоф мекунад аз бозувони худ.

Афсӯси шоире, ки ҷаҳонро надидааст,
Маҳбуси хеш мондааст андар ҷаҳони худ.

Эй вои тоҷике, ки фаромӯш кардааст,
Асли худу забони худу ҳамзабони худ...

[1986]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Автор самого древнего алгоритма Евклид
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|