http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Шаборӯзон зи ҳар ҷониб садои тир меояд,
Ба ҷони одамон талвосаи шабгир меояд.

Садои тир меояд, ки тири халқ коҳидаст,
Садои тир меояд, ки фардо дер меояд.

Садои тир агар н-ояд шабе, ҳатто зи бурҷи Тир
Бо ҳар як тирхурда ҳадяи тақдир меояд.

Садои тир агар н-ояд ба гӯш аз кӯчаю бунбаст,
Зи маҳфилҳо садои шеъри оламгир меояд.

Садои тир агар н-ояд, нахушкад синаи модар,
Ба коми кӯдаки оянда ҷӯи шир меояд.

Вале аз нохалафҳо рафта бар модар ситамҳое,
Ки модар назди тифлаш пой дар занҷир меояд.

Зи тоҷике ба тоҷике намеояд паёми меҳр,
Фақат тавҳин, фақат нафрин, фақат таҳқир меояд.

Фишанги пӯка мерӯяд зи хоки ин Ватан бешак,
Агар аз тир ҳалли мушкилу тадбир меояд.

Дигар шоир забон аз шеър накшояд, ки ҳар лаҳза
Зи нон носер, лек аз ҷони ширин сер меояд.

Сухан шуд поймоли чанд бепире, худовандо,
Кӣ бар побӯсии ин миллати бепир меояд?

18.01.1994 – Бемористони Қаряи боло
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Первым "лэптопом" – "портфельным" компьютером – стал IBM 5100 (IBM Portable Computer), оснащенный дисплеем, встроенным накопителем на магнитной ленте и 16 Кb оперативной памяти, весом – 23 кг. Год создания – 1975-й.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|