http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Шумо, шикастабаҳоён, маро чӣ медонед?
Шумо, бузургифурӯшон, маро чӣ медонед?

Надидаед чу як бор ҷанги рӯёрӯй,
Шумо, гурезаи майдон, маро чӣ медонед?

Ба оби мурда фақат акси хеш мебинед,
Шумо, каноранишинон, маро чӣ медонед?

Агар ба авҷ парам ман, пари шумо шиканад,
Аз ин муомала ҳайрон, маро чӣ медонед?

Зи гулшукуфти баҳоре шумо хазон гардед,
Шумо, хазони парешон, маро чӣ медонед?

Ба пеши чашми ҳақиқат чу зарра ночизед,
Ба ҷаҳлу кина бузургон, маро чӣ медонед?

[1988]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Первый массовый жесткий диск был от Seagate ёмкостью 5 Мb
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|