http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Ку диле, то бибарам пеши дилогоҳи дигар?
Ё гузорам ба кафи дилбари дилхоҳи дигар?

Нест он сар, ки нисори қадами ёр кунам,
Нест пое, ки бароям сари шаҳроҳи дигар.

Уфтодаст заминларза ба бунёди танам,
Нест дасте, ки бипечам ба камаргоҳи дигар.

Нест он чашм, ки об аз рухи шодоб хурам,
Нест рӯе, ки равам пеши рухи моҳи дигар.

Буд базми дилу арғушти дилу бозии ҷон,
Нест акнун ба дилам ҷуз ғами ҷонкоҳи дигар.

Чоҳсорест замоне, ки дар он зистаем,
Гар зи чоҳе бираҳӣ, афтӣ ба сад чоҳи дигар.

Вопасин бишмар, аё дӯст, ҳамин суҳбати мо,
Гар муяссар нашавад суҳбати кӯтоҳи дигар...

Гуфтам ин чомаи пиронаю натвонам гуфт
Чанд гоҳи дигарам мондаю чанд оҳи дигар...

16.02.1996 – Бемористон
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
"Фортран" – первый высокоуровневый язык программирования.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|