http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Бинам зи савдои ҷаҳон савдои дил, савдои дил,
Ақсои олам бошадам ақсои дил, ақсои дил.

Ин ҷою он ҷои ҷаҳон чунки даме осуда нест,
Ҳар дам ба дард ояд маро ин ҷои дил, он ҷои дил.

Маъвои дил пиндошта он кас, ки рӯи хокро,
Осудаҷон нобуда дар маъвои дил, маъвои дил.

Он кас, ки дунёхор буд, дар рӯи дунё хор буд,
Зеро ба дунёяш набуд дунёи дил, дунёи дил.

Он кас, ки бо дилташнагӣ лаб бар лаби ёре набурд,
Лабташна рафт аз соҳили дарёи дил, дарёи дил.

Он кас, ки ҳар дам мекунад даъвои дил, даъвои дил,
Боре агар ошиқ набуд, эй вои дил, эй вои дил.

Эй ёри сар то пой дил, сар мениҳам дар пои ту,
То сарфишон бинам туро дар пои дил, дар пои дил.

[1988]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Червь – программа, созданная для того, чтобы работать на нескольких компьютерах, копировать себя из машины в машину и там запускать. Впервые термин "червь" был использован в 1975 г. в научной фантастике.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|