http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

То ба кай бо ту ситезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил,
То куҷо аз ту гурезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.

То кай, эй шӯридатолеъ, то туро шодоб бинам,
Оби рӯи худ бирезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.

То фалак афрохтиву бар замин андохтиям,
Эй ҳақирам, эй азизам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.

Будӣ андар зиндагӣ ҳам буд, ҳам нобуди ман, ту
Ҳам хазина, ҳам пашизам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.

То ту осоӣ даме, бо хубу зишти зиндагонӣ,
Гаҳ саломат, гаҳ маризам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил.

Бар сарам он қадр бори нанг овардӣ, ки ҳаргиз
Дар қиёмат барнахезам, оҳ, эй дил, оҳ, эй дил!...

[1982]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
В 1981 году была основана фирма Creative Technology (Сингапур) – создатель первой звуковой карты.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|