http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Ман ба ҳар ҳолу ба ҳар боб туро меёбам,
Рӯз меҷӯяму дар хоб туро меёбам.

Гар гули рӯи туро бахт насибам накунад,
Ман зи ҳар як гули шодоб туро меёбам.

Ҳар ғурубе, ки паси кӯҳ билағжад хуршед,
Аз суханҳои лаби об туро меёбам.

Гар аламҳои ҷудоит маро пир кунад,
Аз ҷавонии маи ноб туро меёбам.

Гар зи маҳрумии рӯят ҷигарам об шавад,
Аз ғазалҳои ҷигартоб туро меёбам.

Охир, эй душмани ширин, ба ту ҷон мебахшам,
Охир, эй гавҳари ноёб, туро меёбам!

[1982]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Автор самого древнего алгоритма Евклид
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|