http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

То бо ҷаҳони куҳнаву нав ошно шудам,
Бо доғҳои куҳнаву нав ҳамнаво шудам.

Гуфтам замину осмонро васл медиҳам,
Худ кӯфта чу донае дар осиё шудам.

Рафтам ба сад диёру надидам вафои ёр,
Пас дар ҷаҳони бевафо худ бевафо шудам.

Дар роҳи умри хеш зи гаҳвора то ба гӯр,
Дар ҷустуҷӯи хештан аз худ ҷудо шудам.

То қарзи худ адо кунам бо шеъри хушадо
Бо хушадоӣ дар ғами мардум адо шудам.

Аз ахтарони дур чу ёрони сардмеҳр
Дил кандаму зи сардии дунё саво шудам.

Дар назъи ҷон, ки рафтанам амри мусаллам аст,
Ҳайрон шудам, ки аз куҷо будам, куҷо шудам...

[1988]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
... что первая ЭВМ появилась в 1951 году
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|