http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Сӯхтам, бирён шудам, гирён шудам,
Ҷонфишони гесуи афшон шудам.

Қаҳр кардам, рашк кардам назди ӯ,
Як қадам то дур шуд, пазмон шудам.

Рӯ ба рӯ қадраш надонистам, дареғ,
Чун бирафт ӯ, пайкари беҷон шудам.

Дигарон сарсони дунёянду ман
Дар ҷаҳони хештан сарсон шудам.

Аҳд бо паймона бастам баъд аз он,
Пеши ӯ беаҳду бепаймон шудам.

Ин нагӯям беҳ, ки дар бозори ишқ
Бебаҳое будаму арзон шудам.

Нек будам, нек будам, эй худо,
Гар шудам бад, аз паи хубон шудам!..

[1982]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Термин "виртуальная реальность" впервые был предложен в 1983 г. программистом Жароном Ланьером.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|