http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Пеш аз марг видоъ гӯямат, эй ҷону танам,
Боварам нест, ки ман дар ватани хештанам.

Боварам нест, ки сад даст бувад ҳамдастам,
Боварам ҳаст, ки сад қасд бувад гӯрканам.

Ман зи диҳ омада будам, ки тамаддун ёбам,
Боз ронданд маро сӯи диҳи хештанам.

Ман ки аз соддахаёлони куҳистон будам,
Боварам буд, ки хоротану хорошиканам.

Аз диҳ озод ба шаҳр омадаму дарпечид
Шаҳр дар гардани озод танобу расанам.

Мардум, эй мардуми сода, ту надонистӣ, ҳайф,
К-аз табу тоби ту бошад табу тоби суханам.

Эй Зарафшон, ту маёсой даме, мавҷ бизан,
То зи амвоҷи ту бофанд матои кафанам.

Сорбон оҳи ҷаҳонсӯзи маро менолад,
“Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам”.

13.01.1999
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Первым серийным домашним компьютером стал Apple II, выпускавшийся небезызвестной компанией. Произошло это в 1977 г.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|