http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Омадам дар ин ҷаҳон, то хешро пайдо кунам,
Чанд рӯзе хешро бо зиндагӣ ҳампо кунам.

Гар натонам мурдаеро зинда созам баъди марг,
Қарз бошад ёдгори мурдаро эҳё кунам.

Бар даре гар по ниҳодам, қасди ман он дар набуд,
Қасди ман он буд, то шояд дари дил во кунам.

Ҳар киро бино бубинам, аз паяш роҳӣ шавам,
Ҳар кӣ кӯри нотавонбин аст агар, бино кунам.

Рӯзҳое, ки наёварданд дар дил дарди ишқ,
Аз ҳисоби рӯзҳои умр истисно кунам.

Бигзарам бедарду ҳасрат, чун бигирам дасти дӯст,
Чун сари душман ба даст афтод, зери по кунам.

Омадам, то ҳеҷ бепарво набошам дар ҷаҳон,
Ҳар дам аз суду зиёни зиндагӣ парво кунам.

[1973]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
В 1981 году была основана фирма Creative Technology (Сингапур) – создатель первой звуковой карты.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|