http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

То ба кай аз ғами дунё дили худ об кунам?
Чанд парвои ҳама қолаби одоб кунам?

Вақти он аст, ки чун мавҷ ба варзиш оям,
Вақти он аст, ки азми раҳи Варзоб кунам.

Рӯди Варзоб беҳин шеъри равони дунёст,
Дил зи ангези чунин шеър шарафёб кунам.

Моҳрӯе бинишинад сари санге бари ман,
Ханда бар манзалату мансаби аҳбоб кунам.

Моҳ чун қоши тилоист ба пешонаи кӯҳ,
Ман назар бар рухи моҳу гули маҳтоб кунам.

То саҳаргаҳ буни кӯҳу лаби рӯду лаби ӯ,
Рӯҳи худ чун гули соҳил ҳама шодоб кунам.

Чист андешаи неку баду каҷдорумарез?
Бигзарад ин ҳама чун зери замин хоб кунам...

[1982]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Всем известная "собачка" – символ @ – стала использоваться в адресах электронной почты с легкой руки Рэя Томлинсона (Ray Tomlinson), который, собственно, электронную почту и придумал. Дата появления "собачки" в компьютерном мире – 1972 г.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|