http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000



* * *

Зиндагӣ! Ман бо ту рӯзе ҳарбае сар мекунам,
Ман туро чун сарнавишти хеш дигар мекунам.

Ин ҳама золигариҳои ту бар ман чира нест,
Гар ту ин дарро бибандӣ, во дигар дар мекунам.

Менависам шеъри дил дар сафҳаи ҳар суффасанг
Дар масофат орзуямро тавонгар мекунам.

Ҳар сари кӯҳе, ки он ҷо ошёни каргасест,
Ман барои ифтихори халқ минбар мекунам.

Аз миёни кӯҳсорон, то ҷаҳон бишносадам,
Рӯдҳоро сӯи уқёнус чопар мекунам.

Ҳар қадар хоҳӣ сарамро зери хоки тар барӣ,
Аз миёни қуллаҳо як рӯз сар бар мекунам.

Каҷҳисобиҳои ту бо ростон беҳуда аст,
Бо ту рӯзе ман ҳисобамро баробар мекунам!

[1986]
  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Впервые технология отправки факсов была запатентована в 1843 г. Александром Бейном, но факсимильный аппарат был использован лишь в 1964 г.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|